Ба мақсади таъмини иҷрои қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои дастгирии молиявӣ ва институтсионалии рушди тиҷорати хурд» дар вилояти Сурхондарё яке аз аввалинҳо «Маркази ёрирасон ба тиҷорати хурд» ба фаъолият оғоз намуд.
Марказ дар доираи барномаи дастгирии доимии соҳибкорон хидматҳоро аз қабили интихоби лоиҳаҳои тиҷорати хурд, омӯзиши соҳибкорон, маблағгузорӣ, таъмин кардан бо иттилоот, таҳияи нақшаҳои тиҷорат ва асосҳои иқтисодии техникӣ, маҷмӯи хизматҳои марбут ба дарёфти бозор амалӣ менамояд.
Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов бо мутасаддиёну фаъолон бо шароити дар марказ фароҳам овардашуда шинос шуда, ба масъулон оиди босамар ба роҳ мондани фаъолияти марказ, кумакрасони наздики соҳибкорон табдил додани он супоришҳо дод.
Марказ соли 2024 тавассути дастгирии тиҷорати хурд корҳоро оиди ба тиҷорати миёна гузаронидани 1200 субъекти хурд, ривоҷ додани қобилияти корчаллонии 1300 нафар соҳибкор ва ташаккул додани малакаву дониши 45 нафар тадбиркор амалӣ мегардонад.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Сурхондарё.