САҲНАҲОИ ЗИНДАГӢ
Зиндагии ҳаррӯзаи мо пур аз таровату накҳат ва зебоиҳои беҳамтост.
Зебоие дар ботини ҳар фарди соҳибдил, худшиносу бедордил.
Оре, ҳар шахс дар зиндагӣ мавқеи хешро дорад.
Адҳам Сафаров. Ин номро хурду калони на танҳо ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ, балки берун аз он, ҳатто дар кишвари ҳамсояи ба мо дӯсту қарин Тоҷикистон ҳам ба хубӣ мешиносанд ва эҳтиромашро то ҳанӯз ба ҷой меоранд. Барои сухандонию адабиётдӯстӣ ва забондониаш.
Тирамоҳи соли 1952. Дар кӯҳпораи дурдасти Ҳурватан тифлаке ба олами ҳастӣ чашм мекушояд. Аз рӯзҳои нахуст хату ҳаракати ин тифли навзод диққати волидайнро ба худ мекашид. Оҳиста-оҳиста тифл ба воя мерасиду солҳои кӯдакӣ паси сар.
Солҳои кӯдакии ин ҷавонмард дар кӯҳистони дурдаст сипарӣ гаштааст ва маҳз табиати сабзгунаи он мавзеъ, арчазори сабзу хуррам, соҳилҳои пуртаровати дарёи шӯхи Тӯпаланг сарчашмаи илҳом ба эҷоду зиндагӣ баҳри ӯ гардиданд ва зиндадилу бедорфикр ба камол расиданро ба ӯ илқо менамуданд.
Солҳо сипарӣ гаштанд. Ин ҷавони соҳибистеъдод дар арафаи хатми мактаби миёна буд. Ҳарчанд дар дил орзуи касби омӯзгори физика-механика шуданро мепарварид, лек ба забону адабиёти тоҷик шавқу завқи беандоза дошту таҳти сарпарастии устодаш Ҳикмат Мирзоев аз осори классикону муосир пораҳои зиёди шеъриро аз бар намуда буд. Соли 1970 Адҳами ҷавон донишҷӯйи факултаи физикаю риёзиёти ДДТ гардид. Баробари таҳсили ғоибона ҳамон солҳо дар мактаби рақами 37-уми деҳаи Хондиза ба шогирдон сабақ гуфтааст.
Солҳои донишҷӯйӣ барои Адҳамака солҳои фаромӯшнопазиру нотакроранд.
Инак, яке аз он хотираҳо. Соли 1969 достони «Суруши Сталинград» -и устод Муъмин Қаноат аз чоп баромад. Адҳамака ин достонро дар як муддати кӯтоҳ азхуд намуд. Фавқулодда, ҳамон шабу рӯз дар театри ба номи Лоҳутӣ «Маҳфили зарифон» ном озмуни донишҷӯёни адабиётдӯст баргузор гардид.
...Толори пур аз донишҷӯёни театри Лоҳутӣ. Он ҷо Муъмин Қаноат раиси ҳакамон интихоб шуда буд.
Вақте Адҳамака достони «Суруши Сталинград»-ро қироат кард, толор аз овози ширадору худододи ӯ ба ваҷд омада, беист кафкӯбӣ намуд. Ҳайати ҳакамон низ ба санъати баландаш баҳои беҳтаринро муносиб донистанд.
Баъд аз ин Адҳам дар худ роҳе ба гулзори санъату адаб кашф намуд.
ҲАМНИШИНӢ БО МАРДОНИ ХУДО
Бо рӯзгори адибону ҳунармандон ва санъаткорон аз наздик ошно гардидан худ бахтест беқиёс.
Шодравон Маҳмудҷон Воҳидов... Шиносоӣ бо ин ҳунарманди воломақом ҳанӯз аз рӯзҳое, ки Адҳам ба театри Лоҳутӣ омада мерафт, оғоз гардид. Аз рӯзҳои нахуст сухангӯии тоҷикона ва ҳозирҷавобиҳои Адҳам диққати Маҳмудҷонро ба худ кашида буд. Ва ӯ якмаром таъкид менамуд, ки ба театр ба кор ояд.
– Вақте ман бо шодравон М.Воҳидов шиносоӣ пайдо намудам, он вақт 21 сол доштам. Ӯро устоди худ мешуморам. Ду гуфтаи он касро то ҳол фаромӯш намесозам ва дар зиндагии ҳаррӯза ба он амал менамоям: «Вақте ҳунарманд ба саҳна мебарояд, аз тамоми дунё бояд канда шавад» ва дувуминаш чунин шиоре доштанд: «Агар улфате набошад, беулфатӣ хуб» – ба хотир меорад Адҳамака.
«ДУНЁ ҲАМЕША ДАР ТАЛАБИ МАРДИ ҚОБИЛ АСТ...»
Рӯзгори ӯ саросар бо хотироти фаромӯшнопазир пайванд мебошад. Аз суҳбат бо ӯ пай мебаред, ки мардест ҷаҳондидаву дар суҳбати бузургону маърифатпарварон бисёр шинухез намуда, саропо бо дарди миллату мардум омехта. Вақте ба саҳна мебарояд, дил ба каф мегузорад. Дар назари мардум чун оинае намудор мегардад.
Бояд гуфт, ки ин марди соҳибмаърифат ғайр аз касби омӯзгориву сухангустарӣ, ҳунари шеъргӯӣ низ дорад, бо каломи бадеъ аз наздик ошно буда, қариб 4-5 ҳазор байт аз гузаштагону муосирон аз ёд медонад. Ин ҷо дар васфи Шафиқа ном афғонистоние, ки чанд сол қабл аз ин дар ҳаққи ӯ мисраъҳои пурмазмуне дар жанри ширу шакар гуфтааст, ҳоло чун намуна меорем:
Магар шавқи рӯйинг
кӯриб, расид оташ ба
ҷони ман,
Келур ноком ашким ҳам
зи чашми хунфишони
ман,
Фақат номингни
такрорлаш малол омад
забони ман,
Иҷозат бер сени номинг
шавад пас дилситони
ман,
Қабулу марҳамат қилгин,
ту ин назми равони ман,
Агар манзур эмас Адҳам,
ба олам сад фиғони ман.
Адҳам Сафаров солҳои тӯлонӣ дар соҳаи маориф аз омӯзгори одӣ то мудири маориф хидмат намуд. То синни нафақа директори мактаби махсуси рақами 66-уми ноҳия буд. Имрӯзҳо дар мактаби рақами 2 ҳамчун тарғибгар оид ба масъалаҳои маънавиву маърифатӣ ба шогирдон сабақ медиҳад.
Мо бо як самимияти хос пири кор, ҳоҷӣ А.Сафаровро бо зодрӯзашон самимона муборакбод менамоем.
С.МУҲАММАДҶОН,
О.ПАНҶИЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.