ПИЛЗӮРИ НАВИ МАЙДОН

Муъмин гӯштингири овозадор буд.

Ба қавле тахтапушти сандаливор паҳни ӯ то ба ҳол ба замин нарасидааст. Дар ин музофот кам ҳолатҳое мешуд, ки дар мусобиқаҳои гӯштӣ вай иштирок накарда бошад. Ҳамеша ғолиб меомаду ба аҳсанту офаринҳои ҳамдиёронаш сазовор мегардид.
Ҳар як кор ҳам вақту соат доштааст. Бо мурури замон синну соли Муъмин ба ҷое расиду гӯштиро бас кард. Акнун мусобиқаҳои варзишӣ бе иштироки вай сарду ҳузнангез метофт. Мардум муштоқи муҳорибаҳои калон мешуданд, вале Муъмин ҳамчун тамошобин иштирок мекарду худ гуштӣ намегирифт. «Акнун ҷавонҳо сабзанд, ман пир шудам», мегуфт хоксорона.
Соли гузашта аз тарафи маҳалла дар арафаи иди Наврӯз боз мусобиқаи гӯштӣ ташкил шуд. Ҳатто овозае паҳн гардид, ки Муъмин аз нав ба майдон мебаромадааст. Баъзеҳо бовар карданд, гурӯҳе шубҳа намуданд, ҳангоматалабон тезтар ба вуқӯъ омадани ин соату ин рӯзро интизорӣ мекашиданд, мазмун: «То шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад».
Ниҳоят, ин мусобиқаи овозадор барпо гашт. «Овозаи Рустам, беҳ аз худи Рустам» – мардум баробари шунидани номи Муъмин дар Тали Сафед, ки он ҷо мусобиқагоҳ аст, ҷамъ меомаданд. Ҳатто аз ноҳияҳои гирду атроф ҳам ҳойбаракаллогӯён гурӯҳ-гурӯҳ меомаданд.
Он рӯзи растохез қариб панҷ ҳазор одам ҷамъ омада буд. Ҳакамон чун анъана даставвал бачаҳои хурдсолро ба майдон даъват карданд, сонӣ миёнсолон, дар охир навбат ба калонсолон дода шуд.
Қисса кӯтоҳ, навбат ба Муъмин паҳлавон дода шуд. Вай давраро солорона се маротиба давр зада баромад. Довталабе ёфт нашуд. Паҳлавон чашм ба тамошобинон медӯхт, гӯё касеро аз байни издиҳом меҷуст. Ва шахси дилхоҳашро ёфт магар, ки як чашмак зада монд. Ин рафтори ӯро касе пай набурд.
Пас аз фосилае анбӯҳи мардумро ба ту тараф тела дода, ба давра як бачаи 18-20-солае пайдо шуд. Вай аз ҳакамон хоҳиш намуд, ки ба ӯ кимано ва миёнбанд диҳанд.
Ҳамин вақт издиҳом ба ҷунбиш омад:
– Ин сағира кӣ бошад?
– Маълум, ки аз ин ҷойҳо не.
– Агар медонист, бо Муъминбек ба майдон намебаромад...
– Ӯро аз раъяш гардонед, ки Муъмин қабурғаашро нашиканад!
– Эҳ, Худо, худат раҳми ин сағираро хӯр!  Чӣ мекунад, ҷонаша ба азоб мононда...
– То ба худаш боварӣ надошта бошад, ба майдон намебарояд.
– Муъмин ҳам пир шуд, мумкин худаш афтад...
Аз ҳар калла як садо мебаромад. Ниҳоят, ҳакам номи меҳмонро эълон кард:
– Паҳлавон аз деҳаи Сунбула – Суннат паҳлавон! Писари Тӯрашоҳ! Дар рӯй ба рӯйи вай, паҳлавони собиқи худамон – Муъмин!
Ғалоғулаи мардум синаи осмонро харошид. Баъди он, ки онҳо дастони ҳамдигарро фишурданд, ҳакам аз рӯйи таомул баъзе қонуну қоидаҳои гӯштиро боз як маротиба гӯшрас кард.
Мусобиқа сар шуд. Рақибон бо ҷаҳд ба ҳамдигар дарафтоданд. Баъд аз як-ду даст гирифтан Муъмин ҳис кард, ки рақибаш бачаи аноӣ нест ва дилу нияти бохтан надорад. Ҳаракатҳояш чаққон, устод дидагӣ барин. Дасту панҷаҳояш ҳам анбӯр барин бадани ӯро сахт мегазиданд.
Муъмин аз миёни рақиб дошта, давраро гирд мегашту ду чашмаш ба издиҳоми мардум буд. Ниҳоят вай падари рақибашро аз байни ҳазорҳо ҷуфт чашмҳои интизор дарёфт кард. Вай изтиробомез ба писараш менигарист. Муъмин аҳволи падарро ба хубӣ дарк намуд. Ӯро дар ҳамин лаҳзаҳои ҳаяҷономез фаҳмидан мумкин...
«Муъминака, аз шумо илтимос, номи писарамро бардоред. Афтад ҳам, ман розӣ, фақат бо шумо гӯштӣ гирифтанаш лозим. Мехоҳам, ки номи писарам дар таърих монад», изҳор карда буд падари рақиб.
Рақибон ҳар қадар ба ҳамдигар мечаспиданд, ба он андоза зери обу арақ монда, ҳарсос мезаданд. Муъмин ҳам мондашавии худро ҳис менамуд. Ниҳоят, вай ба як қарори қатъӣ омад.
Тахтапушташ ба замин расиду садои мардум тамошогоҳро ба ларза овард. Овозҳои дағалу чирросӣ аз чор тараф баланд мегаштанд:
–Ҳалол, ҳалол!
– Не, ғирромӣ шуд!
– Ин ҷо ягон сир ҳаст...
– Муъмин пир шуд, пирию хартозӣ гуфтаанд...
– Чӣ набошад, гӯштии хотирмон шуд, мардум!
– Э, ҳайфи ду соат шиштагем. Бозиии ҳалол нашуд...
– Пароканда шавед, халоиқ, мусобиқа тамом!
Дар хамгашти кӯча падари Суннат ӯро вохӯрда, узромез гуфт:
– Муъминака, раҳмат ба шумо, ки илтимосамро рад накардед.
– Ҳеч гап не, ука, – паҳлавон табассум кард. – Ин ҳам як гашт-дия...
– Лекин, барои чӣ қасдан ғалтидед, ака?
– Писаратон дар ҳақиқат бачаи бақувват будааст. Талошаш ганда не, тарбия кунед мешавад. Маро монда кард.
– Афтиданатонро мардум дурӯғ гуфта истодаанд.
– Гапи мардум ҳам ҷон дорад, ука. Лекин бачаро дар гӯштии якум маъюб кардан нағз не. Дилаш аз гӯштӣ мемонад. Барои ҳамин ман ба вай имконият додам. Будагӣ гап ҳамин, – гуфт Муъмин ва аз издиҳоми мардум ҷудо гашта, роҳи хонаашро пеш гирифт.
Муъмин ҳамон рӯз аз он, ки дар майдони гӯштӣ пилзӯри наве дасту панҷа боз мекунад, хушҳол гардид...

Солеҳ САИД МУРОД.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: