5.ЛАВҲИ ДИЛИ ХУД ЗИ РАНГИ НОДОНӢ БИШӮ...

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ ба майдони адабиёти маорифпарварӣ як гурӯҳ ҷавонони илму донишпарвар ворид шуданд, ки дар байни онҳо Абдуқодир Азизов (Ҷомеъ) буд ва бо шеърҳои баландғояи худ мавқеи хуб дошт.

 Ӯ зодаи Самарқанд буда, соли 1890 дар гузари Ҳавзи баланди шаҳр дар оилаи Азиз ном косиби камбағал таваллуд шудааст. Ҷомеъ дар овони ҷавонӣ аз меҳру муҳаббати падар ва модари ғамхораш бенасиб монд. Ин аст, ки тарбияи ӯро ягона холаи босаводаш ба зиммаи худ мегирад. Холааш ба мушкилиҳои ҳаёту зиндагӣ нигоҳ накарда, ба саводнокшавии Абдуқодир ҳаракат мекунад. Зеро ҷиянаш зеҳни баланд ва ҳофизаи мустаҳкам дошт. Аз тариқи худомӯзӣ навиштани хат ва баъзе калимаҳоро ёд гирифта буд. Холааш ӯро барои илмомӯзӣ ба мактаби дар гузари Шарбатдор воқеъ будаи муаллим Абдуқодир Шакурӣ бурда мемонад. 
Талабагон дар ин мактаб баробари фанҳои динӣ, илмҳои дунёвӣ, аз ҷумла география, табиатшиносӣ, забони модарӣ, илми ҳисобу саводро низ меомӯхтанд. Муҳити таълимгоҳи мазкур ба васеъ шудани ҷаҳонбинии Абдуқодир таконе шуд. Акнун ӯ ҳодисаҳои табиӣ ва воқеаҳои ҷамъиятии ҳамон давраро ба таври худ мушоҳида менамуд ва барои ба зиндагии фаровон ноил гаштан ҳаракат мекард. Ӯ мебоист ба рӯзгори камбағалонаи холааш кумак расонад. Бо ҳамин мақсад ба усто Юсуфи саҳҳоф, ки дуконаш дар назди майдони Регистон воқеъ буд, шогирд шуд, ду сол кор карда, асрори ин касбро ба хубӣ омӯхт. Баъд дар 15-солагӣ дар гузари Кӯкмасҷиди шаҳр худаш дукони саҳҳофӣ кушод. Дере нагузашта номи Абдуқодир ҳамчун саҳифабанд дар шаҳр ва берун аз он маълуму машҳур гардид. Дукони ӯ ба макони маърифат табдил ёфт. Шоир ва маърифатпарварони замон, аз ҷумла Васлӣ, Сиддиқӣ, Беҳбудӣ, Ализода ва ғайра зуд-зуд инҷо омада, дар мавзӯъҳои шеъру шоирӣ суҳбатҳо меоростанд. Абдуқодир, ки шеърҳои навмашқона эҷод мекард, дар ин гуна суҳбатҳо навиштаҳои худро ба аҳли суҳбат нишон медод. Байту мисраъҳои шоири ҷавон, махсусан Васлии Самарқандиро, ки аз шуарои тавоно маҳсуб меёфт, дар ҳайрат мегузоштанд. Ҳамон солҳо бо ташаббуси маърифатпарвари замона Исматулло Раҳматуллозода курси махсуси такмили ихтисоси муаллимон ташкил карда шуд ва шоири ҷавон, ки бо тахаллуси Ҷомеъ шеър менавишт, бо маслиҳати Шакурии мактабдор дар ин курси махсус соҳиби маълумоти муаллимӣ гардид. 
Аз ҳамон солҳо, Абдуқодир баробари касби саҳҳофӣ якҷо бо Абдуқодир Шакурӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Муаллими ҷавон дар ин таълимгоҳ бо шоирони ҳамон давр ҳамкорӣ карда, дар ҷодаи эҷод маҳорати худро сайқал медиҳад ва навиштаҳояш оҳиста-оҳиста рӯйи чопро мебинанд. Шоирони номдори  давр Сиддиқию Васлӣ Ҷомеъро ҷонибдорӣ карда, ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд медиҳанд. Зеро ӯ ба навиштаҳои шоирони забардасти классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Туғрали Аҳрорӣ ва дигарон далеронаву огоҳона пайравӣ мекард. Аммо шоир баъдтар сарфаҳм меравад, ки дар замони нав бояд шеъри нав эҷод кунад. Ин аст, ки Ҷомеъ дар шеърҳои баъдинаи худ дар мавзӯи маърифатнокии мардум, ташкили мактабҳои усули нав, саводнокии насли наврас, омӯхтани илмҳои ҷаҳонӣ қалам мезанад. Аз ҷумла: 
Гар аз кайфияти сарчашмаи ирфон 
хабар дорӣ, 
Ба ғайр аз бодаи ирфон аз ин соғар 
наменӯшӣ. 
Ҳамеша бодаи гулгун нагардад аз 
кафат берун, 
Зи дасти соқии гардун шароби 
маърифат нӯшӣ. 
Намонад, Ҷомео, ҷомат тиҳӣ аз бодаи 
даврон, 
Дар ин овони беармон барои илму 
фан кӯшӣ. 
Ҷомеъ акнун ба шоири мубориз табдил ёфта буд. Ӯ ба замона бо назари танқидӣ менигарист. Мустабидони дурӯяро чашми дидан надошт. Баъзе корҳои ношоистаи истилогарони русро мефаҳмиду ба онҳо бо чашми нафрат менигарист, мардумро ба корҳои сазовори манфиати халқ, аз тариқи илм ба кушодани дарҳои баста, пешравӣ тарғибу ташвиқ мекард: 
Лавҳи дили худ зи ранги нодонӣ бишӯ, 
Ҷуз манфиати халқ накӯномӣ маҷӯ. 
Дар хидмати халқ доимо қоим бош, 
Монад зи ту дар ҷаҳон ҳамин 
номи накӯ. 
Шоир хеле мехост, ки мардуми маҳаллӣ, камбағалу бечора барои зиндагии фаровон саъй кунанд, худогоҳ, ҳимоятгару мададгори якдигар бошанд, ҳаққу ҳуқуқи худро донанд. Роҳҳои гуногуни ҳаёти фаровонро ҷустуҷӯ кунанд. Ба ноадолатиҳои давру замон одилона чораҷӯйи намоянд. 
Акнун илҳоми Ҷомеъ ҷӯш мезад. Ӯ бисёртар вақти худро дар китобхонаи воқеъ дар шафати майдони Регистони шоири мубориз Сиддиқии Аҷзӣ мегузаронд. Бо маърифатпарварони гуногун ҳамсуҳбат мешуд. Баробари ин, бо касби дӯстдоштааш – саҳҳофӣ низ машғул мегашт. Ба саҳифабандии китобҳои ҳамзамононаш аз наздик ёрдам медод. Ғайр аз ин, Шакурӣ ва фаъолияти мактаби ӯ барои ҳаматарафа омӯхтани донишҳои дунёвӣ ва бо таълиму тарбияи наврасон мукаммал машғул шудани Ҷомеъ ҳамчун мактаби ҳаёт хидмат мекард. Зеро дар ин таълимгоҳ баробари маорифпарварони маҳаллӣ аз Бухоро Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ низ зуд-зуд омада, доир ба пешрафти маориф ва тараққиёти ҷамъияти нав суҳбатҳо ташкил менамуданд. Дар ин гуна шабнишиниҳо Ҷомеъ низ фаъолона иштирок мекард. 
Солҳои 30-юми асри гузашта якбора ба таври оммавӣ таъқибкунӣ оғоз гардид ва  шоир, нависандагону муаллимони мубориз пасу пеш ба маҳбасхонаҳои гуногуни Русия фиристода шуданд. Дар қатори онҳо Абдуқодир Азизов (Ҷомеъ) ҳам ба туҳматҳои гӯшношунид аввал чанд муддат ба колонияи меҳнатии вилоятии Саратов ва солҳои 1943-45 ба кони Урали шимолӣ ҳамчун боркашон фиристода  мешавад. Ӯ ба меҳнати вазнин ва хунукиҳои фасли зимистон мардонавор тоб оварда, охирҳои соли 1945 ба Самарқанд бармегардад. Аммо сад афсус, ки оилааш ва ду духтараки норасидааш бо сабаби бемориҳои гуногун нобуд шуда буданд. Ҳамин рӯзҳои сахт ва пурсӯзро Ҷомеъ дар байтҳои зеринаш ифода кардааст: 
Синаи фарохи ман аз ҷафо чу 
чашми мӯр, 
Зери пойи ҳар нокас поймолу 
танг омад. 
Аз ҷафои номардон, Ҷомеъ гашта 
саргардон 
Бар сарам гарониҳо бо ҳазор 
ранг омад. 
Чӣ илоҷ? Ҳаёт идома дошт. Бояд аз пайи коре шуд. Шоир маҷбур мешавад ба таври пинҳонӣ боз бо касби пешинаи худ – саҳҳофӣ машғул гардад. 
Қобили қайд аст, ки Ҷомеъ сарфи назар аз сахтиҳои зиндагӣ аз пайи эҷод мешавад. Дар шеъру ғазалҳояш ватандӯстӣ ва ишқу муҳаббати инсониро тараннум мекунад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, саҳифабандию китобат кардани асарҳояшро ихтиёр намекунад. Оҳиста-оҳиста чанд дӯстони деринааш дар хонаи Ҷомеъ ҷамъ шуда, аз пайи нашри китоб ва дигар корҳои маърифатӣ мешаванд. Дар ин гуна шабҳои адабӣ бисёртар шеърхонӣ то поси шаб давом мекард. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин гуна тадбирҳо дар хонаи Ҷомеъ аксар пинҳонӣ мегузаштанд. Зеро алҳол Абдуқодир Шакурӣ, Ҳоҷӣ Муин барин даҳҳо шоиру маорифпарварони пешқадам ба доми репрессия гирифтор шуда буданд. Вале боз кори шоири бечора омад накард. Воқеа ин тавр шуда буд. 
Шаби 26-уми ноябри соли 1950. Дар хонаи Ҷомеъ дӯстонаш, хатмкунандагони мактаби Шакурӣ, равшанфикрон Шариф Ҷӯраев ва Набӣ Воҳидов ҷамъ шуда, чун анъана дар атрофи як пиёла чой ғарқи суҳбат буданд. Якбора дари ҳуҷра тараққосзанон кушода шуда, 3-4 нафар шахсони либоси низомипӯш ҳар сеи онҳоро гирифта мебаранд. Дар вақти кофтукови хона чанд китоби динӣ ва асарҳои Шакурӣ, Беҳбудӣ, Сиддиқӣ, Исматулло Раҳматуллозодаро пайдо мекунанд. Ҳайати суди вилоят дар айбномаи худ чунин навиштааст. 
«Абдуқодир Азизов (Ҷомеъ) дар фаъолияти муаллимиаш чун Шакурӣ хонандагонро дар рӯҳи зиддисоветӣ тарбия кардааст. Дар шеърҳояш низ ҳамин ҳолатро такрор мекунад. Дар солҳои револютсия ҳамчун ҷадиди миллатчӣ ба корҳои зиддисоветӣ машғул шудааст, ӯ душмани халқи советист». 
Ин хулоса аз ҷониби сардори садорати Вазорати бехатарии давлатии (ВБД) вилояти Самарқанд, майор Расулов тасдиқ гардида, Ҷомеъ ба муддати 25 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Тақдири ду нафар дӯсти шоир низ бо ҳамин ҳолат хотима меёбад. 
Ҷомеъ чанд муддат дар ҳабсхонаҳои Ӯзбекистон нигоҳ дошта шуд, сипас азобу машаққати ҳабсхонаҳои Русияро чашид. Мо ин фикрро аз худ набофтаем. Дар зери шеърҳои ҳабсхонавии шоир баробари зикри номи шаҳри Бекобод, шаҳрҳои Ленинграду Саратов сабт шудаанд. 
Соли 1953 Сталин вафот карду ба зиндониён шамоли озодӣ расид. Маҳкумшудагон бо навбат ба оилаҳояшон бармегаштанд. Ҷомеъ ин рӯзро бо умед интизор буд. Ниҳоят, 24-уми июни соли 1956 бо ҳукми ҳайати ҳарбии суди олии Шӯравӣ номи ӯ аз нав сафед карда шуд. 
Баъди бозгашт ба ҳавлии падарӣ шоир танҳоиро эҳсос мекунад. Хешу табору дигар наздикон кайҳо вафот карда буданд. Ӯ ба Самарқанди азизаш, халқи маърифатнокаш ва дӯстони аҳли фарҳангаш нигариста, маҳзунона мегӯяд: 
Бар даргаҳат аз баҳри паноҳ омадаам, 
Бо мӯйи сафед, рӯсиёҳ омадаам. 
Афтодаам аз пой, зи дастам баргир, 
Бо ҳоли табоҳу узрхоҳ омадаам. 
Шоир он вақт 66-сола буд. Дӯстонаш ӯро бо хурсандӣ қабул карда, аз пайи таъмири шикасту рехти ҳавлӣ ва дарёфти зани меҳрубон шуданд. Шоир тӯйи никоҳии хоксорона карда, бо Моҳтура ном зан издивоҷ мекунад. Соҳиби чанд нафар духтару писар мешавад. Чанд муддат бо омӯзгорӣ ва китобдорӣ машғул шуда, дар тартиб додани китоби дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҳиссаи муносиб мегузорад. То дами вопасинаш, ки 96 сол умр дид, шеъру ғазалҳо иншо мекунад. 
Ба қарибӣ ман  ба хавлии писари Ҷомеъ – Нодирҷон Азизов рафтам. Ӯ «аз падарам ба мо ҳамин дастхатҳои шеърӣ ва баъзе ҳуҷҷатҳои расмӣ мерос мондааст» гуфта, папкаи калонеро дароз кард. Дар он тақрибан 500-600 шеъри дар давраҳои гуногун бо ҳарфи форсӣ навиштаи Ҷомеъ ҷой дошт, ки китобат нашудаанд. Танҳо устоди Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд Зебуннисо Хуррамова соли гузашта як ҷузъи шеърҳои Ҷомеъро ҷамъ карда, аз нашр баровард, ки аз ин кори хайр бешубҳа, рӯҳи шоири ҷафодида шод хоҳад шуд.

Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: