ФАСЛИ САРМО ҲАМ ФАРО РАСИД

Дар «Латоиф-ул-маориф» оварда шудааст: «Умар ибни Хаттоб, вақте зимистон медаромад, ба ҷойҳои сарди хилофат мактуб мефиристод, ки: «Зимистон даромад ва он душман аст.

Пас бар зидди ӯ аз пашму чарм ва пойпӯшҳо худро мусаллаҳ кунед. Пашмро пӯшокии дохилӣ ва хориҷӣ гиред, ки сардӣ душманест, зуд медарояд ва баромадани он дуру дароз ва душвор аст». 
Баҳри беталаф гузарондани мавсими сармои зимистон дар ҷойҳо як қатор корҳои самаранок бурда мешавад. Дар ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканд низ корҳо дар авҷ. Бахусус, иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, муассисаҳои таълиму тиббӣ тайёрии пухта мебинанд. Таҳти роҳбарии ҳокими ноҳия Ҳаёт Иноғомов гурӯҳи корӣ ташкил гардида, на танҳо объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, балки ҳолати шабакаҳои электр ва трансформатор, қубурҳои  об, газ ва бо сӯзишвории газу ангишт таъмин намудани ҳар як маҳалларо зери назорат мегиранд. 
– Дар ҳар як минтақаи ноҳияамон чашмамон ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ, шинондани арчаву ниҳол, тоза кардани ҷӯйбор ва майдончаҳои бачаҳо меафтад. Албатта, зиндагии фаровон  аввало ба худамон вобаста аст. Аъзои гурӯҳи корӣ ба ҳар як хонадони маҳалла, биноҳои серошёна даромада, мушкилоти газ, электр, об ва дигар самтҳоро муайян намуда, баҳри бартараф намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аммо, гуфтан бамаврид аст, ки баъзе шаҳрвандони биноҳои серошёна ба чунин шароити мусоиди зиндагӣ «хиёнат» мекунанд. Ба кӯчаву роҳрав, майдончаҳои бачагон партовҳои худро мегузоранд, ҳатто таги дари худро намерӯбанд. Кӯдаконашонро бе назорат мемонанд, дар натиҷа онҳо дарахту гулу буттаҳо, арғунчаку дигар бозичаҳои майдончаро мешикананд. Дар биноҳои бисёрошёна иҷоранишинҳо хеле зиёд. Иҷоранишин ҳам бояд хонаи ба иҷора гирифтаашро чун хонаи худ нигоҳ дорад. Масъулони ҳар як бино сокинони ҳар як хонадонро бояд донанд ва таҳти назорат гиранд, – мегӯяд муовини раиси маҳаллаи «Янгичоштепа»-и ноҳия Маҳмуда Яъқубова.
Маҳмуда дуруст мегӯяд, иҷоранишин низ бояд ба қоидаҳои ҳамон бино риоя намояд. Рӯзе барои рӯбучин кардани роҳрав ва майдончаи бачаҳо бошандагони бинои истиқоматиамонро як-як ҷеғ задем. Иҷоранишине, ки чор кӯдак дораду даробарояш бисёртар аст, «ин хонаи ман нест, ман иҷорашин ҳастам» гуфта таклифи моро рад кард.     
Инсон  сарчашмаи ҳамаи ободӣ, озодӣ ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст.Тамоми мавҷудоти олам маҳз ба тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунад, ба туфайли ақли бузургаш гулу гиёҳро месабзонад, ҳайвонотро парвариш мекунад, муҳити хешро тозаву озода нигоҳ медорад, ифлосию нопокиро бартараф менамояд ва билохира ба фарзандони худ низ инро меомӯзонад. 
Худованд барои мо муҳити хуби зист ва сарватҳоро муҳайё намудааст, бояд ин ҳадяҳоро поку беолоиш нигоҳ дошта, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти бофароғати хеш бошем. 

С. БЕКНАЗАРОВА, хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: