Сохторҳои дахлдори Ӯзбекистон бо Федератсияи умумичинии занон ҳамкорӣ хоҳанд кард

Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева дар Ню-Йорк дар доираи иҷлосияи 68-уми Комиссияи СММ оид ба вазъи занон бо муовини раиси Кумитаи кор бо кӯдакон ва занони назди Шӯрои давлатӣ, чонишини раиси Федерацияи умумичинии занони Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуан Сяовэй мулоқот анҷом дод.

Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, равобити байнипарлумонии кишварҳои мо, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиши камбизоатӣ баррасӣ шуданд.

Махсусан қайд карда шуд, ки муносибатҳои ошкоро ва эътимодбахши Президент Шавкат Мирзиёев ва Раис Си Сзинпин барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаи баробарии гендерӣ табодули афкор намуданд.

Пешниҳод шуд, ки байни Кумитаи оила ва занони Ҷумҳурии Ўзбекистон, кумитаҳои дахлдори Сенат ва Федератсиям умумичинии занон мулоқоти мунтазам ба роҳ монда, аз ҷумла Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонда шавад.

Инчунин, дар бораи мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва суғурта, кумаки мақсаднок ба аҳолӣ, ҳамкорӣ ҳангоми омӯзиши фаъолияти қонунгузорӣ дар ин самт мувофиқа ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: