АРҶГУЗОРӢ БА СОБИҚАДОРОН

Ба муносибати 31-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамон садорати маҳалла, дастгирии собиқадорони вилоят ва шуъбаи вилоятии хазинаи хайрияи «Нуронӣ»-и вилояти Намангон ба кори хайр даст заданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба оилаҳои намунавие, ки дар онҳо сарварони оила  60-70 сол аҳлу тифоқ зиндагӣ карда, баробари ба воя расонидани фарзандони солиму ба кори халқу Ватан муносиб дар корҳои гуногун адои вазифа намудаанд, эҳтиром гузошта шуд.
Мактаби ҳаёт будани роҳи тайкардаи онҳо ба наврасон гӯшрас гардид. Ба онҳо дасторхони идона густурда бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.
Дар чорабинии маънавӣ ва маърифатие, ки таҳти шиори «Табаррук нуронийлар – эл ардоғида» дар саросари вилоят баргузор гардид,– аз ноҳияи Уйчӣ оилаи Турғунпӯлод ва Майрамхон Абдуғаппоровҳо, Ҳалимҷон ва Мукаррамхон Мирҳакимовҳо (аз ноҳияи Чуст), оилаи Зуннунхон ва Мукаррамхон Мунавваровҳо (ноҳияи Тӯрақӯрғон), оилаи Тӯлқинбой ва Орзихон Фармоновҳо  (ноҳияи Учқӯрғон) ба сухан баромада, ба ин эътибор ва эҳтиром изҳори миннатдорӣ карданд ва қавл доданд, ки минбаъд ҳам ба  тарбияи насли наврас ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Бигузор, чунин эътибор ба собиқадорон  ифодагари ғояи «Дар Ӯзбекистони Нав, халқ азиз, инсон азиз!» бошад.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: