2. «ОВОЗИ ТОҶИК»– 100 СОЛИ ПУРШАРАФ

ё худ ёди рӯзҳои гузашта дар партави «Бухорои Шариф» ва «Овози тоҷик»

(Давомаш. Аввалаш 
дар шумораи гузашта).


Таассуфи устод Айнӣ беасос набуд. Инро Абдурауфи Фитрат дар як шеъраш дар «Бухорои Шариф» чунин пешгӯӣ кардааст, ки киноя аз беэътиноию бетарафии худи тоҷикон нисбат ба дастгирӣ накардани мактабу маорифи нав ва матбуот аст, ки аз сабаби ба обунашавӣ сусткашӣ кардани тоҷикон аввалин газетаи бо азоби алим таъсисёфтаи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» баста шуд. Инак, намунае аз як шеъри Абдурауфи Фитрат, ки бо унвони «Фиғон» чоп шудааст:
Фарёд, ки зору нотавонем, 
Берӯтарини мардумонем.
Нашкуфта ба гулшани тамаддун, 
Афсурдаи меҳнати хазонем.
Сармояи мардумӣ надорем, 
Лекин ба қатори мардумонем…
Чархи таърих дар гардиш аст. Солҳо паси якдигар гузашта мераванд. Одамон дигар мешаванд, манзараҳо тағйир меёбанд. Вале хотираи одамоне, ки баҳри хидмати халқу ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ҳаргиз аз ёди авлод зудуда намешавад. 
«Овози тоҷик» ба ҳама шефтагони забону адабиёти тоҷик чун тимсоли чароғи барафрӯхтаи Аҳмади Донишу Айнӣ, имрӯз ҳам нурпошӣ карда, ин қадамҷои бузургонро ҳамон табаррук менамояд. 

«Овози тоҷик» – даргоҳи табаррук

Камина ба ин қадамҷои аҳли сухан бори аввал тобистони соли 1969, баъди хатми Дорулфунуни Самарқанд омада будам. Он вақтҳо номи ин газета «Ҳақиқати  Ӯзбекистон» буд, идорааш дар чанд ҳуҷраи ошёнаи дуюми иморати умумии рӯзномаҳо ҷойгир мешуд, ки баъдтар Нашриёти Кумитаи Марказии ҳизби  Коммунистии Ӯзбекистон ном гирифт, даромадгоҳаш аз тарафи муқобили бинои театри академии опера ва балети Тошканд ба номи Навоӣ буд. Азбаски замона осоишта буд, даробаро ба ҳама  идораҳои рӯзномаю маҷаллаҳо, аз он ҷумла, ба идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» бемалол буд. Вазифаи «посбон» ё дарбон ба зиммаи як тан аз фаррошон буд, ки бо «салом» ва «хуш омадед» истиқболамон менамуд.
Таърихи  пуршарафи «Овози тоҷик» аз санаи 25 августи соли 1924 дар Самарқанд, дар муҳити мураккаби иҷтимоию сиёсӣ, дар замони тақдирсозе, ки  масъалаҳои тақсимбандии ҳудуди ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ ҳанӯз ҷараён дошт, сар шуда, чун минбар ба халқи тоҷик хидматҳои шоён ба ҷо овардааст. Ин рӯзнома аз шумораҳои аввалинаш ба аҳли зиё ғурур ва сурур бахшидааст. Ба қавли донишманди соҳа Пайванди Гулмуроди форишӣ: «Рӯзномаи «Овози тоҷик» майдони қуввасанҷӣ, худшиносиву худогоҳӣ гардид ва дарди мардумро бо ҷасорату ғайрати беандоза ифшо мекард».  
Ба ин ифодаи собиқ декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҷрибаомӯзи деринаи «Овози тоҷик», номзади илм, шодравон Пайванди Гулмурод метавон илова намуд, ки то нашри «Овози тоҷик» аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо кӯшиши Мирзо Сироҷи Ҳаким бо номи «Бухорои Шариф» нашр шуда, баъди нашри шумораи 153 баста шудааст. Ҳафтаномаи «Шӯълаи инқилоб»-и Саидризо Ализода (1919), аз «Бухорои Шариф» ҳам камтар, ба интишори ҳамагӣ 22 шумора муваффақ шуда, аз нашр бозмонд. 
Бешак, чунонки дар боло мисол овардем, сабаби асосии ба зудӣ баста шудани матбуоти тоҷикӣ, пеш аз ҳама ҳаросидани дастгоҳи Генерал-губернатории Туркистон аз бедории мафкураи аҳолии маҳаллӣ бошад, сабаби дигараш, ғафлатзадагии худи тоҷикон будааст, ки аз тариқи обуна ҳам чандон дастгирӣ накардаанд.  
Аз ин ваҷҳ, равшанфикрони эҳтиёҷманд  ба минбари тоҷикии розу ниёзҳо чопи «Овози тоҷик»-ро чун падидаи умедбахш гарм истиқбол гирифтаанд. Ҳамон эҳтиёҷ, нигарониҳои тоҷиконро  устод  Айнӣ дар шумораи аввалини «Овози тоҷик» ин зайл  равшан намудаанд:
Бо парда то ба чандин рози тоҷик,
Биё, биншин, шунав овози тоҷик.
Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунудан,
Баромад оқибат «Овози тоҷик»
Барҳақ, рӯзномаи тоҷикон, ки «пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунудан» барои муттаҳид кардани равшанфикрони тоҷик, ҷиҳати ташаккули худшиносии миллӣ камари ҳиммат маҳкам баста буд. Номи рӯзнома, ки 25 шумораи аввали он ба унвони «Овози тоҷики камбағал», сипас бо номи «Овози тоҷик», аз 5 январи соли 1931 «Ҳақиқати Ӯзбекистон», аз моҳи марти соли 1950 «Ӯзбекистони сурх» ва сар аз 5 июли соли 1964  дубора «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном гирифтани он худ гувоҳи ҳол аст. 
Баргаштани газета  ба номи аслиаш –   «Овози тоҷик» низ таърихчае дорад, ки ба соли пошхӯрии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) ва қарор ёфтани Истиқлоли Ӯзбекистон рост меояд, ки саршавии онро «бозсозӣ» ном дода буданд. Ҳамон вақтҳо рӯшодгӯйӣ дар авҷ буд. Дар яке аз маҷлисҳои идора пешниҳод кардем, ки газетаамонро бояд «Овози тоҷик» номем. Сармуҳаррир Шавкат Ниёзов таклифро напазируфтанд. Вақте ки сабаб пурсидем, гуфтанд, ки ҳарфҳои «Овози тоҷик» назар ба қолаби «Ҳақиқати Ӯзбекистон» камӣ мекунад. Аммо баъди маҷлис ба сармуҳаррир исрор кардем, ки агар гап сари шумораи ҳарфҳо равад, ҳарфҳои ҳар ду ном як хел мебарояд. Сармуҳаррир аз ин муқоиса мутаҳаййир гашта, бо табассум гуфта буданд, ки ҳанӯз аз «боло» амр нест. Аз афт, баъдтар амр шуд магар, рӯзнома ба номи ҳозирааш гузашт.
...Ҳамзамон ба ин, «Овози тоҷик» аз ибтидои фаъолияташ  масъалаи даст ба дасти ҳамдигар додани зиёиёни тоҷику ӯзбекро  аз эътибор дур накардааст, зеро ин ду халқ аз замонҳои қадим бори таърих якҷоя  ба дӯш гирифта, дар ҳамсоягӣ ва ҳамхонагӣ умр ба сар бурдаанд. Беҳтарин намунаи  ҳамкории маънавию мадании тоинқилобиро аввал дар таърихи «Бухорои Шариф» мебинем, ки чун илова рӯзномаи «Тӯрон»-ро баровардааст. 
 «Шӯълаи инқилоб»-и Саидризо Ализода бошад, ба се забон (русӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ) нашр мешуд.  
 «Овози тоҷик» аз рӯзҳои аввали таъсисаш ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ шудааст. Душвории аввалинаш эҳтиёҷ ба кадр, норасоии қаламкашони тоҷик буд, ки инро аз ходимони пешин бисёр шунида будем. Ин хел ниёзмандӣ, бо сабабҳои маълум, ҳатто дар солҳои 50 ва 60-уми асри гузашта низ давом кардааст. 
Чунончи, Муҳсин Умарзода мегуфтанд, ки бо таклифи сармуҳаррири ҳамонвақта Мирбарот Фозилов соли 1954 ба кори рӯзномаи тоҷикӣ ҷалб шудаанд. Тоҳир Олимбоеви зиндаёд борҳо ба ёд меоварданд, ки солҳои панҷоҳум дар ҳамин идора курсҳои кӯтоҳмуддат кушода, тоҷикони забонгумкардаро забон меомӯхтанд. Аз нақли Олимбоев дар хотир мондааст, ки падарашон (Олимбобо) солҳои пеш аз ҷанг бо як гурӯҳ ҳамдеҳагони худ аз Мастчоҳ ба Янгийӯл омада, он ҷоро обод кардаанд, дар он ноҳия ӯзбекӣ хонда, ба факултаи шарқшиносии университет, албатта ба забони ӯзбекӣ, ба таҳсил давом бахшида буданд. Лекин ба сабаби нарасидани кадр ба «Ӯзбекистони сурх» даъват шуда, забони тоҷикиро дар ҳамин даргоҳ омӯхтаанд. Турсунбой Раҳимҷонови зиндаёд низ хатмкардаи мактаб ва шӯъбаи ӯзбекии  факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна буданд.
Руҷӯъ. Барои таҳияи рисолаи дипломии худ, дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Ноил Шерзода» бо чанд тан аз ходимони собиқи рӯзнома, ки Ноил Шерзодаро мешинохтанд, солҳои 1968-69 вохӯрда будам, ки дар байни эшон Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ ҳам буданд. Аммо филҳол иқтибоси ёддоштеро, ки аз Шаҳобуддин Садруллин (баъди Қурбӣ, дуюм сармуҳаррири «Овози тоҷик») замоне навишта гирифта будам, муносиб ёфтам: 
«Аввалин касе, ки ҳамчун маслиҳатчӣ ва муҳаррири адабӣ ба кори идораи «Овози тоҷик» ҷалб карда шуд, Садриддин Айнӣ буд. Айнӣ ба редаксия дар ҳақиқат ёрии калон расонд. Бо тавсияи ӯ аз Бухоро Пайрав Сулаймонӣ, аз Ӯротеппа Суҳайли Ҷавҳаризода, Ноил Шерзода, Баҳриддин Азизӣ, аз Хуҷанд Қурбон Йӯлдошев, Баҳлулзода, сонитар аз Фарғона Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ барои кор ба идораи газета даъват карда шуданд. Ба муносибати омадани ин қувваи калони равшанфикрон сифати кор ва забони газета хеле беҳтар гардид». 
Касе, ки вориди ин мавзӯъ шуд, суоли табиӣ пеш хоҳад овард, ки чаро гап аз соли 1924 нею аз соли 1969 сар шуд. «Нимкосаи таги коса» дар он аст, ки  камина аз пеш ба ин даргоҳ, чун ба маъбуда менигаристам, маҳз ҳамон сол ба висолаш расида, орзуҳои ҷавониро  ҷомаи амал пӯшондан мехостам. Ва то имрӯз  намедонам, меҳр бошад, ё сеҳр,  ки аз ин маъбуда лаҳзае дур шудан бароям амри муҳол аст. 
Ҳамин меҳр сабаб баъзан тӯшае дар даст «элак баҳонаву дидор ғанимат» ба ин қадамҷои бузургон меоям, то тавофи хотири ёрон намоям, аз  раҳраву толор ва ҳуҷраҳои «Овози тоҷик» садои қадаммониҳо, овозҳои дилнавоз шунавам, бӯйи ёрони ҳамкор бо тасаввур дарёбам. Чунки дар хаёл дирӯзакак буд, аллакай беш аз ним аср гузаштааст, ки камина ҳам замоне дар қатори хӯшачинҳои ин хирмани маънӣ будам – бо Шавкат Ниёзов, Муҳсин Умарзода, Муҳаммадҷон Мухторов (шоир Васфӣ), Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Ҷонибек Қувноқов, Хӯҷамурод Қӯлдошев (Авестоӣ), Саъдихон Солиев, Тоҳир Олимбоев, Турсунбой Раҳимҷонов, Ҷаҳонгир Абдуллоев, Нор Остонзода, Авнер Исҳоқбоев, Юсуф Мирзоев, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд,  кор мекардам. Рӯзноманигори шоистаи ҷумҳурӣ Муайяна Хоҷаева, нависанда Бекназар Тӯйназаров то синни нафақа бо мо буданд. Адиби номвар Адаш Истад, Шоҳаққор Салимов, Эҳсон Турдиқулов, Матлуба Шоалиева,  Абдусалом Самадов, Ислом Орифов, Субҳон Файзиев, Султон Набиев, Каримҷон Муҳиддинов, Пӯлодҷон Қаҳҳоров, Истад Қосимов, Маҳмудҷон Қосимов ва боз чанд рафиқони дигар, ки баъзеашон дар дигар вазифаанду баъзеҳо даври пирӣ меронанд, ҳамчунон дар кору бори рӯзнома саҳм гузоштаанд.
Имрӯз «мо пир шудем, дунё ҷавон аст». Дар кабинети сармуҳаррир бо Шерпӯлод Вакилов суҳбат доштаму дар  дил  саҳифаҳои  китоби хаёлиро, ки бо гузашти айём хира метофт, аз нав равшан менамудам.
Ислоҳоте, ки тавассути Президент Шавкат Мирзиёев рӯйи кор омадааст, ба тамоми маънӣ ба рӯҳияи мардум таъсири файзбахш расонд. Инъикоси ин ҳама ислоҳоту навовариҳои сиёсӣ, махсусан дар бахши эҳё кардани муносибатҳои нек бо кулли ҳамсоядавлатҳои қаламрави Осиёи Миёна, билхосса бо Тоҷикистон, як навъ инқилоб дар тафаккур ва шуурҳо гардида, ишорат ба даври Ренессанси исломӣ менамояд, ки дар замони Сомониён рух дода буд, ҳамчунин даври Темуриёнро пеши назар меоварад.

(Давом дорад).
Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти 
хидматнишондодаи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: