Пешниҳод ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА ҲАЁТИ МУСТАҚИЛОНАИ ХОНАНДАГОН

Дар вақти фориғ мо — як гурӯҳ омӯзгорони фанни технология, мушкилотеро, ки ба ин фан иртибот дошт, муҳокима намудем. Дар рафти сӯҳбат ошкор гардид, ки омӯзгоронро дар ҳамаи мактабҳои таълими ҳамагонии вилояти Сурхондарё он чиз ба ташвиш мегузорад, ки фанни технология ба духтарону писарон дар алоҳидагӣ омӯзонида намешавад.

Дар вақти фориғ мо — як гурӯҳ омӯзгорони фанни технология, мушкилотеро, ки ба ин фан иртибот дошт, муҳокима намудем. Дар рафти сӯҳбат ошкор гардид, ки омӯзгоронро дар ҳамаи мактабҳои таълими ҳамагонии вилояти Сурхондарё он чиз ба ташвиш мегузорад, ки фанни технология ба духтарону писарон дар алоҳидагӣ омӯзонида намешавад. Мо хуб медонем, ки аз моҳи октябри соли 2018, агар теъдоди бачаҳо дар як синф аз 25 нафар кам бошад, фанни технология ба писарону духтарон дар якҷоягӣ омӯзонида мешавад. Ин ҳолат дар ҷараёни таълим як қатор мушкилотро ба миён меоварад:
1. Барои синфҳое, ки дар якҷоягӣ таълим дода мешаванд, бояд таълим тибқи нақшаи махсус сурат гирад, аммо ин нақша ба омӯзгорон ҳануз дастрас нагардидааст. Омӯзгорони фанни технология барои он, ки бе ҳуҷҷати меъёрӣ, яъне нақшаи тақвимӣ — мавзӯӣ вориди дарс нашаванд, ин ҳуҷҷатро барои худ мутобиқ кунонидаанд. Ин аст, ки дар мактабҳо омӯзгорон, бино ба нақшаи кории мухталиф, ба шогирдон сабақ медиҳанд. Ҳол он ки ҳуҷҷати мазкур (бино ба маълумоти мутахассиси МТҶ), баъди аз ҷониби Маркази таълими ҷумҳуриявӣ омода гардидан, ба сарраёсати таълими вилоят пешниҳод шуда будааст. Шояд нақшаи тақвимӣ — мавзӯӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ интишор дода шуда бошад, аммо на ҳама имконияти аз интернет истифода бурданро доранд.
Аз он ки омӯзгорон бо нақшаи кории умумӣ таъмин нестанд, ба сабаби дар ҷадвали дарсии синфҳои 5, 6, 7  ду соат пасиҳам гузошта шудани фанни технология, дар соати аввал писарон, дар соати дуюм духтарон иштирок менамоянд. Дар ин вазъият хонанда қариб, ки чизе намегирад. Зеро, барои он, ки ин фан фанни амалӣ аст, бояд дар тӯли ду соат кори оғозёфта анҷом ёбад (ба ин гуфта фармони рақами 131-уми Вазорати таълими халқ, ки 20 майи соли 2006 ба тасвиб расидааст, асос шуда метавонад).
2. Дар натиҷаи дар алоҳидагӣ омӯзонида нашудани фанни технология ҳолатҳои худро ба таври бояду шояд нигоҳ дошта натавонистани хонандагон ба мушоҳида мерасад. Мисолан, ҳангоми ба духтарон оиди пазандагию дӯхтудӯз сабақ додан, табиист, ки писарон мавзӯъро бо камоли иштиёқ қабул намекунанд. Ё баръакс, мавзӯи коркарди металлу чӯб, ки ба писарон пешбинӣ шудааст, барои духтарон хушоянд нест.
3. Дар низоми таълими давлатҳои хориҷӣ, дар баробари дигар фанҳо, ба фанни технология низ эътибори алоҳида дода шудааст. Зеро тавассути ин фан бачаҳо ба ҳаёти мустақилона тайёр карда мешаванд. Бар асари якҷоя таълим додани писарону духтарон 50 фоизи мавзӯъҳо аз худ карда намешаванд. Бино ба нақша, барои синфҳои 5, 6, 7 68 соат, ба синфҳои 8, 9 бошад, 34 соат ҷудо карда шудааст. Барои он ки ҳам писарон ва ҳам духтарон аз асрори ин фан воқиф гарданд, лозим меояд, ки мавзӯъҳоро аз мобайн ба ду ҳиссаи баробар «тақсим кунем».
Мо омӯзгорони фанни технология бесе мехостем, онҳое, ки ин қарорро доир намудаанд, худ ба мактабҳо рафта, 3-4  бор дарс дода бинанд. Шояд ба ягон хулоса оянд. Дар бисёр мактабҳо пойгоҳи моддию техникии фанни технология комилан ташаккул наёфтааст. Таҷҳизоти зарурӣ (дастгоҳҳо, мошини дарздӯзӣ, духовка, плита ва ғ.) басёр каманд ё батамом нестанд. Шояд фанни технология дар алоҳидагӣ омӯзонида нашавад, буҷаи давлат сарфа мегардидагист, аммо хонандагонро бо чӣ роҳ ба ҳаёти мустақилона метавон омода кард?

Ҳафиза РАШИДОВА,
омӯзгори фанни технологияи мактаби таълими ҳамагонии
рақами 13-уми шаҳри Тирмиз. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: