ЭКОЛОГИЯ ИН РИОЯИ ҚОНУНИЯТИ ТАБИАТ

Баланд бардоштани маданияти экологӣ имрӯзҳо яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад.

 Маданияти экологӣ ин риояи қонунияти табиат, ба муҳити зист зарар нарасондан ва ҳамзамон ривоҷ додани он мебошад. Дар натиҷаи ба неъматҳои ноёби табиат бераҳмона муносибат кардан ва аз боигариҳои табиӣ сарфакоронаву оқилона истифода набурдани одамон дар ин ҷабҳа муаммоҳои экологӣ ба миён омадааст. 
Бинобар ин ҳаёт тақозо менамояд, ки ҳавои мусаффо, оби тоза, замину осмон чун гавҳараки чашм ҳифз карда шавад.
Дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси Кумитаи экология ва садорати ҳифзи муҳити атрофи ҷумҳурӣ доир дар мавзӯи «Муаммо ва бурдбориҳои имрӯзаи экология» чорабинӣ баргузор шуд.
Дар он роҳбари хидмати маркази ахбори экспертизаи давлатии экологӣ Шаҳзода Акрамова суханронӣ кард.
Таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи муҳити атроф аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки аз назди инсоният гузошта шуданд ва ҳар як нафар вазифадор аст, ки барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва экология саҳми худро гузорад. Ҳаёти имрӯза тақозо менамояд, ки инсон натанҳо дар хонаву ҷойи зист, балки дар ҳар гӯшаву канор ба қоидаҳои экология риоя намуда, об, ҳаво, хок, ҷангалу бешаро бояд тоза нигоҳ дорад. 
Бо зиёдшавии аҳолӣ дараҷаи истеъмол низ зиёд мегардад. Аз ин боис дар ҷойи махсус гузоштани партов ва бо истифода аз технологияи нав кор кардани партови маишӣ талаб карда мешавад. Мамлакати мо барои таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи муҳити атроф, баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ ва аз захираҳои табиӣ оқилона истифода бурдани онҳо корҳои назаррасро ба роҳ мемонад, ки албатта, ба саломатии инсон ва безараргардонии ҳаёти ҷонварони дигар аз аҳамият холӣ нест.
Дар соҳаи  азнавкоркарди партови маишӣ дар ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ, кластерҳои саракунӣ ва азнавкоркарди партови маишӣ созмон дода шуд. Чорабиниҳои назоратии экологӣ яке аз омилҳоест, ки барои барқарор кардани муҳити тозаи экологӣ, истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ мусоидат мекунад, зеро ҳар сол чандин қонуншиканӣ дар ин бобат ба назар мерасад, масалан, имрӯзҳо дар обеъктҳои олами растанӣ ва ҳайвону парандаҳо вайроншавии талаби қонун мушоҳида мешавад. Оиди самти асосии устувори фаъолияти кумита – ташкил кардани низоми идоракунии маҷмӯии партови маишӣ, дар корхона вобаста ба партов такмил додани идоракунии давлат ва назорати экологӣ эътибори алоҳида дода шуд. Афсӯс, ки айни ҳол бисёр моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво ба назар мерасанд, ки ҳам барои саломатии одамон, ҳам барои олами ҳайвонот ва растаниҳо таъсири манфӣ расонда, боиси вайрон шудани мувозинати муътадили экологӣ мегарданд.


Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: