БОЯД БА ТАРТИБОТИ МУҚАРРАРГАРДИДА ҚАТЪӢ РИОЯ НАМОЕМ

Пандемияи короновирус, ки дар беш аз 200 мамлакати дунё интишор ёфтааст, чандест, ки аҳли оламро ба ташвиш андохтааст.

Пандемияи короновирус, ки дар беш аз 200 мамлакати дунё интишор ёфтааст, чандест, ки аҳли оламро ба ташвиш андохтааст. Аз ҷумла, то имрӯз ин инфексияи хавфнок қариб ба 158 нафар ҳамватанони мо сироят кардааст. Нафарони зиёде дар ҳолати карантин қарор доранд.                                                                                                                               
Ҳоло тамоми саъю кӯшишҳои сарвари мамлакат, ҳукумат ва аҳли ҷомеаи васеъ ба пешгирии паҳншавии ин инфексия ва муолиҷаи гирифторшудагон равона карда шудааст. Ба карантин гирифтани мавзеъҳо, ба ин беморӣ ихтисосонида шудани беморхонаю санаторияҳои мавҷуда, бунёди беморхонаҳои нави инфексионӣ, огоҳсозии муттасили мардум ва маслиҳати мутахассисони соҳа тавассути расонаҳои ахбори оммавӣ далели ин гуфта аст.
Тавре ки сарвари давлатамон дар муроҷиати худ ба халқ таъкид намуд, бояд дар мубориза алайҳи ин бало ҳеч кас дар канор намонад, оне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаасту онро пинҳон медорад, хайрхоҳи халқу Ватан нест. Зеро оне, ки ин бемории зудсирояткунандаро пинҳон доштааст, паҳнкунандаи ин беморӣ маҳсуб меёбад. Шояд онро ба хоҳару бародар, падару модар ва хешовандони худ гузаронад. Дар ин рӯзҳо бояд фосилаи мулоқоти байни онҳое, ки ниқоб доранд, 1,5 метрро ташкил диҳад. Дастҳоро зуд-зуд бо собун ва дигар воситаҳои тавсияшуда шустан, ҳавои хонаро тоза карда истодан, бо дигарон дар мулоқот набудан, ҳазориспанд дуд карда истодан... ба доман паҳн накардани инфексия мусоидат менамоянд.
Дар Хитой, ки сарманшаи ин беморист, ба туфайли ба тартиботи қатъӣ риоя кардан пеши паҳн шудани онро гирифтаанд. Лозим меояд, ки мо ҳам ба тартибот ва қоидаҳои гигиенӣ қатъиян риоя намоем, танҳо дар мавриди зарурат, масалан, хариди хӯрок ва доруворӣ, бо назардошти чораҳои эҳтиётӣ, аз хона берун бароем. 
Таассуф, ки дар деҳот ба қоидаҳои гигиена на ҳама риоя мекунанд, дар кӯчаву бозор бе ниқоб мегарданд, бо якдигар оғӯш кушода вохӯрӣ мекунанд, аз як зарф хӯрок мехӯранд... Нафароне ёфт мешаванд, ки ҳавобаландона мегӯянд: «Агар чил сол муромурӣ шавад, аҷалаш расидагӣ мемурад». Занон дар тӯю гирдиҳамоиҳои хурду калон бӯсобӯсӣ карда вомехӯранд, ки ин ҳам сабаби доман паҳн кардани беморӣ мегардад.  
Тавассути расонаҳои ахбори оммавӣ мешунавем, ки баъзе ноҳияю вилоятҳо дар ҳолати карантин қарор доранд, аз вилоятҳо воридшавӣ ба пойтахт манъ аст. Бисёр корхона ва муассисаҳои таълимӣ пӯшида шуданд, метро ва нақлиёти ҷамъиятӣ мувааққатан аз ҳаракат бозмонданд, тӯю худоиҳо манъ карда шудаанд. Бояд мардум фаҳмад, ки ин ҳама ба хотири пешгирии паҳншавии ин инфексияи зудсирояткунанда мебошад.
Халқи бурдбори мо дар тӯли умр имтиҳонҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонро як ба ёд оред. Дар он солҳо ба сари бобоёну момоёни мо мушкилиҳои зиёде омада буд. Онҳо ҳамаашро мардонавор паси сар намудаанд. 
Фикр мекунам, ки агар мо аз як гиребон сар бароварда, ба тартиботи муқарраргардида ва қоидаҳои гигиена қатъӣ риоя намоем, вазъиятро дуруст фаҳмем ва ба дигарон дуруст фаҳмонем, пеши доман паҳн кардани ин иллатро гирифта метавонем, алалоқибат, ба ин бало пирӯз хоҳем шуд. 

Нигора ПИРМАТОВА,
номзади илмҳои тиб.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: