МУЛОҲИЗА ПЕРОМУНИ КИТОБИ «ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ ФАРҒОНА»

Китобҳои Мирасрори Фарғонӣ таҳти номҳои «Баҳор боз меояд, вале...», соли 2008 дар Бишкек, «Орзу ва ормон» дар Тошканд ба дасти хонанда расидааст. Мавсуф дар фаъолияти тарҷумонӣ низ моҳир буда, шеъру ҳикояҳои адиб ва журналисти ӯзбектабори панҷакентӣ Юсуф Расуловро ба забони тоҷикӣ баргардон кардааст.

Охири соли 2023 дар Фарғона китоби нави ӯ бо номи «Фарзандони фарзонаи Фарғона» аз нашр баромад. Китоб аз очерк, лавҳа, мақола ва хотираҳо иборат буда, аз ҳаёту фаъолияти фарзандони барӯманди Фарғона ҳарф мезанад. Ногуфта намонад, ки дар сарсухани китоб устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Фарҳод Исомиддинов оиди паҳлӯҳои фаъолияти эҷодӣ ва муваффақияту мукофотҳои бадастовардаи Мирасрори Фарғонӣ холисона мулоҳизае навиштааст. Китоби тозанашр аз хислатҳои ҳамидаи омӯзгору шифокор ва кормандони соҳаҳои гуногуни водии зархез маълумотҳои муфидеро ба хонанда пешкаш менамояд. Зеро ҳар як мақолоту хотирот ва ё очерку лавҳа аз ҳаёти касбу пешаҳои гуногун асту диққатҷалбкунанда. Масалан, оиди касби омӯзгорӣ аз фаъолияти Бегалӣ Болтаев, Раҳматҷон Арслонзода, Ҳикматулло Дӯстматов, Аъзамҷон Гадоев, аз пизишкон Ҳоҷиакбар Муродов, Мухтор Аҳмадбеков, Умаралӣ Исмоилов ва дигарон нуктаҳои муҳимро азбар кардан мумкин. Хонандаи китоб оиди фидокорони меҳнати тоҷиктабори ноҳияҳои Риштон, Қува, Ёзёвон ва ғайра маълумотҳои муфассалро соҳиб мегардад. Китоби «Фарзандони фарзонаи Фарғона» оиди ҳаёти ибратбахши  зиёда аз 50 нафар ашхоси вилояти Фарғона ҳикоя мекунад. Бояд қайд кард, ки худи М.Фарғонӣ ҳам фарзанди Фарғона мебошад. Мо аз эшон мақолаҳою китобҳои тозаи мондагор умедворем.  

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: