НАЗАРЕ БА САҲИФАҲОИ КИНОСТУДИЯИ ТОШКАНД

Дар ин рӯзҳо, ки «пандемия» ҳанӯз идома дорад, ба шиори «Дар хона монед!» зиёд дучор меоем.

Дар ин рӯзҳо, ки «пандемия» ҳанӯз идома дорад, ба шиори «Дар хона монед!» зиёд дучор меоем. Барои он ки дар хона зиқ намонем, телевизион то имкон будан барномаҳои ҷолиб намоиш медиҳад.  Филмофаронамон рӯзҳои пурташвиши эпидемия низ саҳнаи эҷодро тарк накарданд. Ба муносибати 75-солагии Пирӯзии бузург «Илҳақ»-и коргардон Ҷ.Аҳмедовро, ки дар мавзӯи ҷанг буда, нони нав аз танӯр кандаро мемонд, бо эҳсосе тамошо кардем.
Вале аз телевизион рӯзҳои карантин бештар филмҳое, ки дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд, намоиш ёфтанд, ки аксарияташон ганҷинаи бебаҳо мебошанд.
Нахустин киностудия дар ҷумҳурии мо кай кушода ва кино дар ин сарзамин кай арзи ҳастӣ намуд?
Фикр мекунем, рӯзномахон ба таърихи филмҳои бадеию ҳуҷҷатии синамогарони мо, ки тӯли наздик сад сол роҳи душвор, вале пуршаънро тай намуд, бефарқ нест. Бинобар ҳамин тасмим гирифтем ба саҳифаҳои рангини он як назар афканем, таърихи на он қадар дур марбут ба филму киностудияҳоямонро дар тасаввуроти хеш зинда гардонем.
Корҳои ба тасвири хроникалӣ афтондани қаламрави мо тақрибан аз миёнаи солҳои ҳаштодуми асри XIX оғоз ёфта, ба онҳо наворбардорон аз Фаронса ва Русия омада буданд. 1 июли соли 1925 бо унвони «Шарқ юлдузи» дар шаҳри Тошканд нахустин киностудия ташкил карда шуд. Аввалин филме, ки дар диёри мо ба сурат бардошта шуд, таҳти ҳамкорӣ бо «Пролеткино» арзи ҳастӣ кард ва «Муслима» унвон гирифт. Худи ҳамон соли 1925 он ба экран баромад. Саидалиева ва Раҳматова дар «Муслима» нақшҳои асосиро иҷро карданд. Ин филм дар асоси маводи ҳуҷҷатӣ таҳия гашта, баъдтар тамошобинон бо нахустин филми бадеии эҷодкорони худӣ шинос шуданд, ки «Гургҳои Ровот» ном дошт. Мубориза ба муқобили босмачиён дар филм инъикос ёфтааст. Дар офаридани ин филм Раҳмат Аҳмедов, Сулаймон Хоҷаев, Раҳим Пирмуҳамедов, Комил Ёрматов барин аввалин актёр ва коргардонҳои маҳаллӣ хидмати босазо кардаанд. 
Аз соли 1925 то 1941 «Шарқ юлдузи», ки баъдтар «Киностудияи Тошканд» ном гирифт, бештар аз 20 филми беовоз ва 3 филми овознокро ба сурат бардошт. Аввалин филми овознок – «Қасам» соли 1936 офарида ва соли 1937 дар Даҳаи нахустини адабиёт ва санъати Ӯзбекистон дар Маскав муваффақиятнок намоиш дода шуд. Нафақат дар ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳод, балки дар Фаронса, Туркия, Эрон, ИМА  барин кишварҳои дунё тамошобинони сершумор онро пазируфтанд. 
Соли 1940 дар асоси сенарияи Комил Яшин филми бадеии «Асал» ба сурат бардошта шуд. Адибон ва драматургҳо ба эҷоди филмномаҳо ҷалб ва ҳамкории аҳли қалам ва синамогарон бо ташаббуси Набӣ Ғаниев ривоҷи тоза ёфт.
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз як қатор шаҳрҳои дигари ҷумҳуриҳои бародарӣ коргардонҳо, операторҳо, драматургҳо ба Тошканд омаданд. Дар баланд бардоштани маҳорати касбии ходимони кинои мо ҳамкорӣ ва паҳлӯ ба паҳлӯ фаъолиятбарии эҷодкорони соҳа таъсири хуб расонд.
Иддае аз ин мутахассисони варзидаи синамо, ки эвакуатсия карда шуда буданд, бо К.Ёрматов, Й.Аъзамов, З.Собитов, Н.Ғаниев, ки чеҳраҳои намоёни режиссурии санъати кинои мо ба шумор мерафтанд, таҷрибаҳо баҳам диданд. Ба «Киностудияи Тошканд» аз майдонҳои ҷанг хроника ва тасвирҳои бақадри ҳуҷҷатӣ фиристода мешуданд. Операторон Раҳимов, Ковнат ва Лейбов, ки дар мактаби студияи зикршуда тарбия ёфтаанд, дар размгоҳҳои хунин қаҳрамонона ҳалок шуданд. Яке аз устодони филмҳои ҳуҷҷатии «Киностудияи Тошканд» Ҳунарпешаи мардумии шӯравӣ Малик Қаюмов дар майдони ҷанг аккосиҳо мекард. Баъди захмӣ шудан ӯ ба диёр баргашт, соли 1943 филми ҳуҷҷатии «Ӯзбекистони советӣ»-ро офарид. Ҷасорати ҷанговарони мо дар филми «Мо ғолиб меоем»-и К.Ёрматов табиӣ ва муассир тасвир ёфтааст. «Тешабой Одилов» ном филми кӯтоҳметраж, ки таҳти ҳамкорӣ бо «Студияи Тошканд» ба навор бардошта шудааст, солҳои ҷанг дар фронт низ намоиш дода мешуд.
Соли 1943 филми «Насриддин дар Бухоро», соли 1945 «Тоҳир ва Зуҳро» ба экранҳои мамлакат баромад. Ин ду филм дар экранҳои хориҷ низ бомуваффақият намоиш ёфта, эътибори ҷаҳониёнро ба худ кашиданд.
«Киностудияи Тошканд» аз миёнаи солҳои 50-уми қарни сипаришуда бо номи «Ӯзбекфилм» фаъолияташро идома бахшид. Соли 1992 дар назди он вазифаҳои боз ҳам ҷиддитар гузошта шуданд. 
Аз ҷониби ин студия бештар аз 500 филми бадеӣ офарида шуд. Филмҳои зиёди мултипликатсионӣ низ маҳсулоти он аст. Дар назди киностудия ташкил шудани киножурналҳои «Наштар» ва «Зумраша», айни замон, воқеаи муҳим дар олами кинои мо ҳисоб ёфт.
Дар давраҳои мушкил, хусусан, солҳои 1925-1935, ки кинои бадеии мо нав шакл мегирифт, ҷуз коргардонҳои номваре, ки дар боло зикр ёфтанд, С.Хӯҷаев, Э.Ҳамроев, М.Доронин, Б.Доброжанский, А.Дори барин кинорежиссёрон дар рушди ин навъи санъат хидмати арзанда намуданд. «Зани дувум», «Барқарорӣ», «Рамазон», «Пеш аз субҳ» ном картинаҳо, айни ҳол, нахустин меваҳои киностудияи «Шарқ юлдузи» ба шумор мераванд, ки ҳанӯз дар бойгонӣ маҳфуз дошта мешаванд.
Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон офарида шудани «Саргузаштҳои Насриддин» (коргардон Н.Ғаниев) ва «Алишер Навоӣ» (коргардон К.Ёрматов) воқеаи муҳим дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ эътироф гашт. Солҳои 50 ва 60-уми асри гузашта авлоди нави филмофарони мо ба арсаи эҷод қадам гузошта, кинои бадеиро ба дараҷаҳои баланд бардоштанд. Дар ин ҷараён «Ту ятим не» (коргардон Ш.Аббосов), «Нафосат» (Э.Эшмуҳамедов), «Ҳаёт шаб гузашта буд» (У.Назаров), «Рӯзгори мозӣ» (Й.Аъзамов), «Синчалак» (Л.Файзиев), «Себҳои соли 41-ум» (Р.Ботиров) барин филмҳои барои мо шинос ба экранҳо баромаданд.

М.ШОДИЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: