ИМКОНИЯТҲО БАРОИ ТОЛИБИЛМОНИ ХОРИҶӢ

Ҳамкории байни муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон бо донишгоҳҳои бонуфузи таълимии ҷаҳон вусъат меёбад.

 Дар Ӯзбекистон баргузор гардидани форуми ректорҳои кишварҳои гуногун низ далели ин гуфтаҳост. Ғайр аз ин, бобати қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба  муассисаҳои таълими олӣ имконият ва имтиёзҳои зиёд фароҳам оварда шуд.

– Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд зиёда аз 30 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон, Покистон, Туркманистон, Русия, Полша, Хитой, Корея, Қазоқистон, Туркия ва дигар кишварҳо таҳсил мегиранд, — гуфт проректори донишгоҳ оид ба ҳамкории байналхалқӣ Акмал Аҳадов. 
Бо мақсади ошно гардидан бо имкониятҳое, ки барои таҳсилгирандагони хориҷӣ фароҳам гардидааст, бо яке аз онҳо сӯҳбат оростем.
– Имрӯзҳо аз профессорону муаллимони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ асрори соҳаро амиқтар  меомӯзам, – гуфт магистранти курси 1-уми факултети филологияи руси донишгоҳ аз вилояти Самараи Русия Диана Очилова. – Бояд ёдовар шавам, ки шаҳри Самарқанд ба ман хеле маъқул шуд. Соли 2019 барои таҳсил ба шаҳри  Самарқанд омадам. Обу ҳавои тоза ва мардуми меҳмоннавозаш меҳрамро ба ин шаҳр дучанд кард. Аз ин рӯ, пас аз хатми зинаи бакалавр қарор кардам, ки магистратураро ҳам дар ин ҷо хонам. Аз ин интихобам пушаймон нестам. Ҳоло баробари сабақомӯзӣ, аз имкониятҳои барои таълимгирандагони хориҷӣ фароҳамшуда босамар истифода мебарам.

Асалмоҳ САРХАТЗОДА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: