«БИБИҲО»-И ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАҲРИ ЧУСТ

Дар қасри фарҳанги шаҳри Чуст баромади санъаткорони дастаи фолклорӣ-этнографии «Бибиҳо»-и вилояти Суғд таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева баргузор гардид.

Аҳли санъатро ҷонишини ҳокими ноҳияи Чуст Ҷамшед Баҳодуров  хайра мақдам гуфта, изҳор кард, ки  муносибатҳои торафт  наздикшудаистодаи ду кишвари ҳамсоя ба шодии мардум меафзояд.  
Баромади аҳли ҳунар бо мисраъҳои фаромӯшнопазири устод Мирзо Турсунзода:  
То тавонӣ дӯстонро гум макун, 
Дӯстони меҳрубонро гум 
макун,   
ки онро Артисти  халқии Тоҷикистон Мирзоаҳмад Мирзоумаров қироат кард, оғоз  ёфт. Ӯ салому дуруди аҳли вилояти Суғдро ба иштирокдорон расонд. Гуфт, ки дастаи онҳо дар Ҷашнвораи фолклорӣ-этнографии «Баҳори Бойсун» ширкат варзида, дар байни ҳунармандони 30 давлат ҷойи фахрии дуюмро ба даст даровард.  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон  Неъматҷон Дӯстматов шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ «Муҳаббат ва оила»-ро  бо ҳиссиёти баланд ба самъи шунавандагон расонд. Пас, сурудҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва рақсҳои миллие, ки аз тарафи санъаткор Офиятхон Масаидова, ҳунарпешагони   шоистаи Тоҷикистон Тоҷинисо Ниёзова, Малоҳатхон Абдушукурова,  Ойпошшо Лутфихоҷаева, Аҳмадалӣ Баҳромов ва Дилмурод Юнусов иҷро гардиданд, хотири тамошобинонро болида сохт. 
Дар хотимаи консерти дӯстӣ Сайрам Исоева бо ифтихор қайд кард, ки чанд сол пеш сарҳадҳои байни давлатҳои мо баста буданд, аммо дилҳои мо сарҳад надошт. Аз ин боис мо ба дидори ҳамдигар расидем. Ин дидорбиниву  равуоҳо доимӣ бошанд. 
Ҷонишини ҳокими вилояти Намангон Комилҷон Сиддиқов аз сиёсати одилонаи сарварони ду давлати ҳамсоя, муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бародар изҳори ақида карда, ба меҳмонон барои суханони самимӣ ва ҳунарнамоӣ арзи сипос намуд.     

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: