Роҳи нави тиҷоратӣ, ки Чинро бо Ӯзбекистон мепайвандад, кушода шуд

Роҳи нави тиҷорат Ӯзбекистонро бо шаҳри Синдао дар шарқи Чин мепайвандад.

Хати нав кушода шуд, ки қисми шарқии Хитойро бо Осиёи Миёна мепайвандад.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёт, ин вазорат ва Ассотсиатсияи байналмилалии ҳамлу нақли автомобилии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Чин ба ҳамлу нақли бор дар самти нав шурӯъ кардаанд.

Ин масири нави тиҷорӣ Ӯзбекистонро бо шаҳри Синдао, воқеъ дар қисмати шарқии Чин мепайвандад ва имкони интиқоли зуд, сарфакорона ва бехатари борро фароҳам меорад.

Наклиёти миллии Ӯзбекистон дар ин масир бо истифода аз TIR Carnet, аз Қазоқистон гузашта, аз Хоргос то Синдао, воқеъ дар соҳили баҳри Зард дар Чин ва бозгашт бомуваффақият ҳамлу   нақли борро анҷом медиҳад.

Бо мақсади дар як муддати кӯтоҳ ба соҳибони худ дар асоси принсипи «аз хона ба хона» ба воситаи нақлиёти автомобилӣ тавассути ин долони нави тиҷорат интиқол додани бор  Вазорати нақлиёт ронандагонро бо раводид, варақаҳои иҷозатномаи байналмилалӣ барои ҳамлу нақл таъмин хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: