БОЗ ДАР БОРАИ ТӮЮ МАРОСИМҲО

Тӯли 10-15 соли охир дар бораи камхарҷу беисроф гузаронидани тӯю маросим ва дигар тадбирҳои миллию мардумӣ аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ борҳо чораҳо андешида шудаанд.

Тӯли 10-15 соли охир дар бораи камхарҷу беисроф гузаронидани тӯю маросим ва дигар тадбирҳои миллию мардумӣ аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ борҳо чораҳо андешида шудаанд. Аммо ба мардуми мо на он қарору тавсия ва чораҳо таъсир мекарданду на таҳдиду ҷаримаҳо ва қариб аксари он кӯшишу давутози ҳукуматҳои маҳаллию комиссияҳои махсус бенатиҷа анҷом меёфтанд. Туфайли сахтгирии раиси маҳаллаю фаъолон мардуми як маҳал аз чунин тадбирҳои барои мардум судовар шод шаванд, аз чӣ сабаб бошад, ки дар маҳаллаи дигар тадбирҳо самара намедод. Яъне байни маҳаллаҳо баробарию ҳамдигарфаҳмӣ ба чашм намерасид. Ҷояш омад, бояд гуфт, ки раисону фаъолон ва аъзоёни комиссияҳои тӯю маросимҳои онвақта аз камбудию нуқсонҳо орӣ набуданд, бо сабабҳои маълум ҳамаро ба як чашм намедиданд. Дар натиҷа баъзе ашхоси маърифатноку ночортаре сухани онҳоро қонун медонистанду бархе ба таври “худам шоҳу таъбам вазир” аз молу мансаби хеш мағрур буданд.
Дар натиҷа рафта-рафта боз “бозӣ вайрон мешуд”. Медидед, ки дабдабаю “ман аз ту кам не”-гӯиҳо бар авҷи аъло мерасид. 
Ҳеч аз хотир намеравад. Дар тӯйи суннатие иштирок доштем. Ҳампаҳлӯям, худораҳматӣ Сулаймонҷон Сӯфиев меҳмонони бисёру хонаву айвони зиёди росткардашударо дида гуфта буд: домулло Баҳриддин, ин тӯйи маҳалла не, тӯйи ноҳия-ку...
Барҳақ ҳам хатнасуру ҳам арӯсиҳо ба тӯйҳои азим мубаддал гашта буданд. Аксарият медиданд, ки ҳамон таклифномаҳои зиёд боиси дар дарвозахонаҳо рост истода навбат поидани меҳмонон, нарасидани ошу шӯрбо, ҳатто чой гардида буд. Ин манзараро ҳамаи ба тӯй омадагон медиданд, вале худашон низ онро такрор мекарданд. Чаро? Зеро серодам шудани тӯй гӯё нахуст обрӯйи мардони хонадон бошад, сониян забондарозии занҳои серҷоғи онҳо буд. 
Ғайр аз ин дар аксар тӯйҳо аз бисёрии одамон хонаву ҷойи шамолпанаҳро меҳмонон ишғол мекарданду аҳли маҳалла дар дарвозахона ошу шӯрбо мехӯрданд. Аҷоибот он буд, ки баъзе оилаҳои камбизоат низ ба айби завҷаҳояшон, ки чанбари фармон дар дасти онҳост, ин амалҳоро такрор мекарданд. 
Ин андешаҳоро рӯйи коғаз меовардаму ҳикояте оид ба ин мавзӯъ ба ёдам расид. Дар як нишаст ҷавонмарде ба мулло суол медиҳад. Дар иҷрои амале сухани занҳоро ба инобат гирифтан оё зарур аст? 
«Ҳаргиз. Занҳо мӯйдарозу ақлкӯтоҳанд», ҷавоб медиҳад мулло. 
Аз ин ҷавоб ҷавонмард суст мешавад. Домулло мепурсад, «бачам чаро хомӯш шудед?» Ҷавонмард мегӯяд: – домулло, маро миёни обу оташ монондед, ман ба шумо ихлоси баланд дорам. Ин аст, ки хостам дар моҳи шарифи рамазон як саркаи парвоиро ба шумо туҳфа кунам. Аммо завҷаам мегӯяд, ки не, ба домулло сарка айб аст, гӯсфанди думбакалонро диҳед. Домулло ин суханро шунида бадоҳатан мегӯяд: писарам, ягон-ягон гуфти занҳоро низ кардан даркор.
Акнун як-ду сухан оид ба маросими дафн. Пӯшида нест, ки мо ин маросимро ба авҷи “бидъаташ” расондем, мурдахонаро ба ошхонаю ресторан табдил додем. Дили азодорро меёбам гуфта, ба суханҳои дунявӣ бештар дода шудем. Мурдаро як тараф монда, ба таърифу тавсифи мошину аспу хари худ банд шудем. “Чоррӯзагӣ”-ю “бист”-у “чил”-у “панҷшанбегӣ”-ҳоро эҷод кардем. 
Хушбахтона, ана ҳамин амалҳои беҳуда аз эътибори ҳукуматдорон дур намонд ва қарори муштараки Шӯрои палатаҳои Олий Маҷлис “Дар бораи тартиби гузаронидани тӯю ҳашам, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо, тадбирҳо бахшида ба хотираи марҳумон” эълон шуд, ки алҳол мардуми ҷумҳурӣ мувофиқи он кор мебаранд. Лекин ҳоло наметавон гуфт, ки иҷрои амалҳо дар ҳамаи маҳаллаҳо мувофиқи мақсад аст. Иҷрои низом дар таъзияхонаҳо ба тартиб даромада истодааст.
Вақтҳои охир дар тӯйи хатна сабукиҳо андаке ҳис карда мешуд, аммо дар арӯсӣ рустӣ-рустӣ харҷҳои зиёдатӣ идома доштанд. Нахуст ба занҳо ва сониян ба дастнигари онҳо – мардҳои босалобат Худо инсоф диҳад!
Гӯем гуфтаниҳо зиёд, аммо идомаи суханро ба рӯзномахонони азиз ҳавола сохта, хулоса мекунем. Ҳамдиёрони азиз, биёед ба инсоф оем. Тӯю маросим ва дигар тадбиру тадбирчаҳоро ба низом оварем, сабуктар созем. 

Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ,
узви шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: