ҲИМОЯИ ВАТАН МУҚАДДАС АСТ

Дар ноҳияи Бешариқ бо ташаббуси ҳокимияти ин ноҳия таҳти шиори “Ватан муқаддас ва ҳимояи он шараф аст” чорабинии ҳарбӣ-ватанпарварӣ баргузор шуд.

Дар ноҳияи Бешариқ бо ташаббуси ҳокимияти ин ноҳия таҳти шиори “Ватан муқаддас ва ҳимояи он шараф аст”  чорабинии ҳарбӣ-ватанпарварӣ баргузор шуд.
Дар ин бора ҷонишини ҳокими ноҳия оид ба сиёсати ҷавонон, ривоҷи иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ Отабек Алиматов ба мухбири “Овози тоҷик” хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар ин чорабинии ҳарбӣ-ватанпарварӣ силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбии замонавии марбути округи Шарқии ҳарбии Нерӯҳои мусаллаҳ ба намоиш гузошта шуданд. 
– Баргузории ин чорабинӣ дар ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба Ватанро тарбия менамояд. Ба ин чорабинӣ аз шаҳраку рустоҳои ноҳия беш аз ду ҳазор ҷавонон даъват карда шуданд. Афсарон ба ин ҷавонон дар бораи силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ маълумоти равшану возеҳ ироа намуданд, – гуфт Отабек Алиматов.
Вай афзуд, ки дар ин маросим зери оҳанги марш паради ҳарбӣ гузашт ва ба ҳусни чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: