НАМОИШИ АСАРҲОИ МУСАВВИРОНИ ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН

Дирӯз дар нигористони «Чорсу»-и шаҳри Самарқанд намоиши асарҳои бадеии гурӯҳи рассомони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таҳти унвони «Симо ва ранг» кори худро оғоз кард.

Чорабинии мазкур бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи эҷодии  рассомони Ӯзбекистон ташкил гардида, дар он асарҳои панҷ рассом – Илёс Мамадҷонов, Далер Миҳтоҷев, Баҳром Исматови тоҷикистонӣ ва аз ҷониби Ӯзбекистон Нуриддин Исоев ва Аҳмад Исоев  ба намоиш гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки намоиш дар доираи амалӣ намудани муносибатҳои фарҳангии ду ҷумҳурии дӯсту бародар гузаронида мешавад.
Дар намоишгоҳ беш аз 50 асари рассомон ба ҳукми бинандагон ҳавола карда шудааст, ки дар онҳо усулҳои анъанавӣ ва сужетҳои замонавӣ, портрет ва пейзажҳоро дидан мумкин аст. Инчунин, ифтихор аз муҳити атроф, Шарқ ва Ватан эҳсос мегардад.
Асарҳои намоишгоҳ на танҳо бо усули иҷрои худ, балки бо рангорангии жанрҳо низ аҳамият доранд.
Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок карданд. 
Ба мусаввирон ташаккурномаҳо тақдим гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: