БИЁ, ХУШ, ДИЛНИШИН ҶӮШИ САНЪАТ ДАР САМАРҚАНД АСТ...

Чанде қабл устоди Донишгоҳи ҳунар ва андешаи Теҳрон, доктори ифтихорӣ, ҳофиз ва мутриби Эрон Муртазо Гударзӣ ба шаҳри Самарқанд ташрифи эҷодӣ фармуда, бо як гурӯҳ ҳофизон суҳбат орост.

Мо бо ӯ дар осорхонаи пири санъаткорон – Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов вохӯрда, ба чанд суол посух гирифтем. 
– Камтар як умр ният доштам, ки ба Самарқанди қандманд ташриф оварда, натанҳо бо ёдгориҳои таърихӣ, инчунин санъаткорон, аҳли фарҳанг аз наздик шинос шавам, – иброз дошт меҳмон. – Боиси хушнудист, ки бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти  Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дару дарвозаҳои кишвари шумо боз шуданд ва орзуҳоям  ҷомаи амал пӯшид. Ва нахустин зиёрати камина аз зиёрати хона-музейи устод Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов оғоз ёфт. Ин шахси бузург дар Эрон низ маҳбубият дорад. 
– Аҷиб, чӣ сабаб шуд, ки шумо ба санъат дил бастед?
– Падари бузургворам дар идораи фарҳанги Хуросон вазифадор буд ва бо ҳунармандон сару кор дошт. Рост мегӯянд, ки муҳит инсонро тарбия мекунад. Ман сабақи зиндагӣ, сабақи ҳунари воло, сабақи одамгарӣ, дилёбӣ, накукорӣ ва дигар гуна фазилатҳои инсониро аз қиблагоҳ ва пирони ботадбири зодгоҳ омӯхтам. Аз ҳама муҳимаш,  ҳунари волоро дар заминаи ганҷинаҳои эҷодиёти халқамон омӯхтам, ки ифтихор аз он дорам. Аз айёми бачагӣ ба мероси аҷдодӣ дилбастагӣ пайдо кардам, ки онро бағоят дӯст дорам. Хоссатан ба дурдонаҳои паёмбарони назми порсӣ Рӯдакии Самарқандӣ, Шайх Саъдӣ, Мавлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва шоирони муосири  Эрон Фурӯғи Фаррухзод, Ҳушанги Ибтиҳоҷ, Шаҳриёр ва дигарон мушикофона оҳанги дилнишин баста, кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ба мухлисони бешумор ғизои маънавӣ бахшида, табъи нозуки эшонро болида созам.
– Шумо ғайр аз Тоҷикистону Ӯзбекистон боз дар кадом кишварҳо будед?
– Сафари эҷодӣ дар Афғонистон, Туркия, Норвегия, Малӣ, Малайзия, Нидерланд, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон пурмазмуну пурсамар буд. Аммо дар куҷое будам, кӯшиш ба харҷ додам, ки истеъдоди хешро сайқал диҳам.
Имрӯз дар хона-музейи устод Ҳоҷӣ Абдулазиз – бобои пири санъаткорони Шарқ ба харитаи самти саёҳати ӯ дида дӯхта, дар тааҷҷуб афтодам, ки ин марди  ҳунар ба бисёр кишварҳои ҷаҳон азми сафар карда, истеъдоди хешро сайқал додаасту дар таҳкими «Шашмақом» саҳмгузор будааст. 
Суҳбат бо Ҳунарпешаи  шоистаи Тоҷикистон Асадулло Атоуллоев низ пурмазмун гардид. 
Бояд иттилоъ дод, ки чанд нафар аз санъаткорони Самарқандро ба иди Наврӯзи оламафрӯз, ки дар Эрон баргузор мегардад, лутфан даъват намудам.
– Агар малоли хотир набошад, бо нақшаҳои ояндаатон шинос мекардед.
– Дар пеш боздид аз ёдгориҳои таърихии Самарқанд, сафар ба Бухорои Шариф, шаҳрҳои бостонии Хева, Хуҷанд ва ғайра ҳастанд, ки иншооллоҳ барномаҳои мустанад таҳия карда, тавассути оинаи ниёгуни Теҳрон пахш хоҳем кард. 

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: