ПАЁМИ ИЛҲОМБАХШЕ БУД...

Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис дар вилояти Фарғона низ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард.

Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис дар вилояти Фарғона низ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард. Дар ин маврид бо як идда кормандони соҳаи таълими халқ ҳамсуҳбат шудем. 

– Вақте ки Муроҷиатномаи навбатии Президент ба Олий Маҷлисро аз телевизион тамошо мекардам, ифтихорам меафзуд, ки дар ҳаёти рӯзмарраи мо аллакай дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд, рӯзгорамон ободу фаровон мегардад. Зимни ироаи муроҷиатнома таваҷҷӯҳи маро бештар соҳаи мактабу маориф ҷалб намуд. Ман маҳз аз ҳамин ҳисоб рӯзгорамро пеш мебарам, аҳли хонаводаамро мехӯронаму мепӯшонам, – мегӯяд директори мактаби миёнаи таълимоти ҳамагонии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх Ҳабибҷон Ҷӯраев.
Ба гуфтаи ӯ дар Муроҷиатнома масъалаҳои муҳимтарини таълими халқ матраҳ аст ва роҳҳои пешбурди кори ин соҳаро муайян гаштааст. Президент соли равонро “Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ” унвон кард. Чунин номгузории сол ба соҳаи таълиму тарбия низ хеле алоқаи ногусастанӣ дорад, зеро дар ҳамаи ҷабҳаҳо ҷавонон ба кор фаро хонда шудаанд ва онҳо бояд дастгирӣ карда шаванд.  
– Як гурӯҳи омӯзгорони мактаби моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти иҷрои вазифаҳо дар Муроҷиатнома мо тасмим гирифтем, ки ҷавононро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кунем. Зеро барои бархе ҷавонон ҳанӯз таҷрибаи корӣ намерасад, кадоме аз онҳо ба дастгирии молӣ ё равонӣ ниёзманд мебошад. Ҳамаи ин ҷиҳатҳо моро водор месозанд, ки ба таъбири Президент масъулиятшинос бошем, ҳамчунин барои солим нигаҳ доштани шогирдони худ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем, – изҳор кард Ҳ. Ҷӯраев.
– Ман ин фикрҳои ҳамкори худро комилан дастгирӣ мекунам. Муроҷиатнома дар баробари он ки ҳисси ифтихори моро баланд бардошт, хеле рӯҳбаланд низ кард ва инро тамоми мардуми кишварамон медонанд,– ба суҳбат ҳамроҳ шуд директори мактаби рақами 2-юми ноҳия Фозилҷон Мирзоев.
Вай тазаккур дод, ки дар ҳар сурату ҳол кори таълиму тарбия ҳанӯз костагиҳои зиёд дорад, барои ҳамин омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ бояд сифати таълиму тарбияро баланд бардоранд. Гузашта аз ин, робитаи мактабу оиларо бояд мустаҳкам кард. Ин ба ҳамон далел аст, ки омӯзгорон бо падару модарон ҳамеша дар мулоқот бошанд.
– Дар Муроҷиатнома чунин омадааст: “Барои ривоҷ додани қобилияти таҳлилӣ ва креативии кӯдакон китобҳои дарсии сермазмун ва фаҳмо бояд таълиф гарданд. Дар соли таҳсили оянда дар синфҳои ибтидоӣ ба ҷои стандарти таълими давлатӣ бар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ “Барномаи миллии таълим” ҷорӣ мешавад, ки кӯдаконро аз чизҳои сарборӣ озод мекунад”. Аз ин ҳарфҳо бармеояд, ки мо оҳиста ба шакли нави таълим мегузарем ва инро зина ба зина дар амал ҷорӣ менамоем, – илова кард Ф. Мирзоев.
Ногуфта намонад, ки китобҳои дарсӣ ва методӣ низ таҷдиди назар мехоҳанд. Ин маъниро дар Муроҷиатнома баръало дидан мумкин аст. Вақти он расидааст, ки маводи дарсӣ ва методӣ мувофиқи талабу тақозои давру замон таълиф шаванд.
Ҳамсуҳбати дигари мо ҷонишини директори мактаби рақами 26-уми ноҳияи Риштон Шаҳодат Миразизова оид ба корҳои маънавият ва маърифат мебошад. Вай дар риштаи забон ва адабиёт таҳсил намудааст ва дар айни ҳол дар ин даргоҳи илм фаъолият мекунад. Ба гуфтаи ӯ тарбияи одобу ахлоқи шогирдон ба баланд бардоштани дараҷаи маънавият ва маърифати омӯзгорон хеле робитаи қавӣ дорад. Ин кор бидуни қироати китобҳои бадеиву илмӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ҳаргиз ба даст нахоҳад омад.
– Бубинед, ҳоло кам омӯзгоронеро пайдо кардан мумкин аст, ки дар як моҳ ягон китоби бадеӣ мехонда бошанд. Баъзеҳо умуман худро аз қироати китоб ва нашрияҳои даврӣ дур кардаанд. Муҳим нест, ки омӯзгор аз кадом фан сабақ медиҳад, муҳим он нукта аст, ки вай ғайр аз соҳаи худ ба омӯзиши мавзӯъ ва масъалаҳои дигар фурсат дорад ё на. Оё вай китоби илмиеро варақ мезанад? Бо чунин савияи паст чӣ тавр метавон сатҳи дониш шогирдонро тақвият бахшид?– мегӯяд Ш. Миразизова.
– Мӯътақидам, ки мо дар ҷавоби саволҳои зиёд ҳанӯз мушкилӣ мекашем. Дар ин маврид нутқи Президент ёдовар шуд. Аз ҷумла, вай чунин гуфт: “Маълум аст, ки муаллимон дар панҷ сол як маротиба такмили касб мекунанд. Минбаъд  такмили касби мудовом тибқи  тамоюли “қироат дар давоми ҳаёт” ба роҳ монда мешавад”. Чунин тарзи такмили касб самаранок хоҳад буд, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо. – Ман аз он ҳарфҳои сарвари давлат хушам омад, ки дар ҷомеаи мо касби омӯзгорӣ ба касби аз ҳама бонуфуз ва обрӯнок мубаддал мегардад. 
– Ман омӯзгори мактаби деҳаи дурдаст ҳастам. Муроҷиатномаро шунида, ба ваҷд омадам. Зеро Шавкат Мирзиёев гуфт, ки дар минтақаҳо барои рағбатнок кардани мактабҳои хусусӣ аз буҷа субсид ҷудо карда мешаванд. Чунин тарзи корбарӣ, бечуну чаро, дар кори таълиму тарбия таҳаввулоти ҷиддиро ба бор хоҳад овард,– мегӯяд омӯзгори соҳибтаҷрибаи мактаби рақами 13-уми ноҳияи Сӯх Ҳайитбек Муродов.
Бино ба гуфтаи ин омӯзгор ҳусни таваҷҷӯҳи сарвари давлат нисбати кори таълиму тарбия хеле зиёд аст. Ӯ ҳаргиз дар ёд надорад, ки солҳои дароз барои боло бурдани обрӯ ва нуфузи омӯзгор ин қадар талошҳо ба харҷ дода шудаанд. Баръакс, кадрҳои зиёд кори таълиму тарбияро вогузошта, пайи корҳои дигар рафтанд. 
Зимни суҳбат омӯзгорони дигар ба ҳамин нукта таъкид варзиданд, ки Президент ба тарбияи ятимону сағирон ва бо манзил таъмин кардани онҳо низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд. Албатта, навозиш кардани сари ятимону бепарасторон кори хайру савоб мебошад. Зимни ироаи Муроҷиатнома сарвари давлат гуфт, ки соли 2021 бори нахуст аз буҷаи мамлакат 500 миллиард сӯм маблағ ихтисос дода мешавад, ки тавассути он  900 нафар ҷавони ятим бо хонаву ҷой таъмин мегарданд ва пешниҳод кард, ки агар Хазинаи иҷтимоии пуштибонӣ аз кӯдакон таъсис ёбад, ба манфиати кор мебошад. Барои ин хазина давлат солона 100 миллиард сӯм ҷудо мекунад ва ташаббуси зеринро дигарон низ дастгирӣ хоҳанд кард. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: