(Лавҳа)
Чор фасли сол – зимистон, баҳор, тобистон ва тирамоҳ хусусиятҳои ба худ хос доранд.
Рӯзҳои фасли зимистон кӯтоҳ ва нимсард буда, табиат гӯиё аз рӯиш мемонад, баъзе ҳайвонҳо тамоми фасл дар зери кӯрпаи барфи сафед ба хоби ширин мераванд. Мувофиқи солшумории шарқиён аз 21-уми март фасли баҳор оғоз ёфта, он вақт шабу рӯз баробар мешавад. Табиат аз хоби гарони зимистон бедор шуда, тамоми ҷонзот ба ҳаракат медарояд, ба ҳаёти нав омодагӣ мебинад. Рӯзҳо оҳиста-оҳиста дароз шуда, аз моҳи июн рӯзҳои гармтарин, яъне фасли тобистон оғоз меёбад. Дар ин фасл табиат боз ҳам дилработар мешавад, меваҳои шаҳдбори диёри мо мепазанд.
Ҳусну таровати табиати тирамоҳи заррини Ӯзбекистонро шоиру нависандагон ва мусаввирон моҳирона тавсифу тасвир намудаанд. Дар ин фасл баргҳои зарди дарахтон паи ҳам рехта, манзараи зебо ва мафтункунандаро ҳосил мекунанд. Таровату дилрабоии тирамоҳро бисёртар дар боғҳои истироҳатӣ, хиёбон ва кӯчаҳои сердарахт мушоҳида кардан мумкин аст. Гули тоҷи хурӯс, нозбӯ ва дигар гулҳои тирамоҳӣ ҷилою тобиши нав пайдо мекунанд. Шамоли форам, садои шитир-шитири баргҳо ба кас ҳаловат ва оромӣ мебахшад.
Аммо фасли тирамоҳро ҳамчун фасли хазон, урён шудани дарахтон баъзан намеписанданд.
Шоири тоҷик Лоиқ Шералӣ аз манзараи ҳузнангези фасли тирамоҳ илҳом гирифта, як дубайтии бисёр сермазмун гуфтааст:
Хазонрезу хазонрезу хазонрез,
Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез,
Чаро одам надонад қимати умр,
Чаро ночиз гардад аз паи чиз?
Дарҳақиқат, ивазшавии фаслҳои сол аз гузашти умри инсонӣ дарак медиҳанд. Чанд баҳор, чанд тобистон, чанд тирамоҳ ва чанд зимистон умр дидани инсон ва тамоми мавҷудоти зинда ба ҳисоб аст. Дарҳақиқат, дар ин айём дарахтон баргҳои куҳнаи худро мерезанд. Оби дарёву рӯдҳо шаффоф мешаванд, тамоми ҷонзот барои зимистонгузаронӣ ризқу рӯзӣ ҷамъ карда, омодагӣ мебинанд.
Майдонҳои пахтаи диёр осмони пури ситораро мемонанд, хӯшаҳои заррини гандуму шолӣ ба замин гӯё ба хотири арзи сипос сар хам мекунанд. Оё ин манзараҳои фасли поиз дилкашу дилрабо нестанд? Рӯзҳои боронии тирамоҳи деҳаамро ба ёд меорам. Тамошои шаррос рехтани борон аз паси тиреза касро ба хаёлҳои ширин мебарад. Қатраҳои борон дар кафи баргҳои хазон мисли дур медурахшанд.
Тирамоҳи кишвари мо дастархони пурнеъматеро мемонад, ки пур аз мева мебошад. Ин мева аз меваҷоти дигар кишварҳо фарқи куллӣ доранд. Хориҷиён ошиқи харбуза, тарбуз, ангур, анҷир, себ ва нокҳои гулӯсӯзи тирамоҳи заррини кишвари моянд.
– Фасли тирамоҳ, рангҳои гуногуни дилрабои онро дӯст медорам. Дар ин фасл натиҷаи меҳнати яксолаи бо арақи ҷабин ҳосилшударо мегирем. Фоидаи меҳнатамонро дида, аз он меболем, ки дар диёри зебову обод, замини ҳосилхез ҳаёт ба сар мебарем. Имрӯзҳо дар ширкатамон кор дар авҷ аст. Ба ғайр аз ноку себ, шафтолую анор, хурмою биҳӣ ангурҳои гуногуннавъро ҷамъоварӣ намуда, ӯҳдадориро барзиёд иҷро кардем. Ҳосили боқимондаро ба бозор мебарорем ва дар пурфайз гардондани дасторхони мардум ҳиссаи худро мегузорем,– мегӯяд Ӯғилой Эшматова аз деҳаи Заркенти ноҳияи Паркент.
Манзараҳои нотакрори тирамоҳи заррини кишвар сарчашмаи илҳоми шоиру мусаввирони мониқалам мебошад. Шоир зебоиҳои ин фасли дилраборо чунин васф намудааст:
Аз дарахтон баргҳо афтодаанд,
Чун гилеми рангае рӯйи замин,
Аз насими кӯҳсорони баланд,
Бар машомам мерасад
бӯйи замин.
Мефишонад боди сарде
ҳар замон,
Себи сурхи ҳамчу рӯйи
духтарон,
Менамоям аз даруни баргҳо,
Чормағзе ҷустуҷӯ чун баччагон.
Сӯйи ман чашмак занад
ангури лаъл,
Гӯиё гӯяд: даҳон ширин намо,
Нозбӯ менозад аз ҳар гӯшае,
Ғайри ин гул нест зеби
тирамоҳ...
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».