ШОИРИ ХАЛҚИИ ӮЗБЕКИСТОН ОЙДИН ҲОҶИЕВА

Адабиёти Ӯзбекистон талафоти вазнин дод. Шоири халқии Ӯзбекистон, адабиётшиноси маъруф ва арбоби ҷамъиятӣ Ойдин Ҳоҷиева дар синни 82-солагӣ даргузашт.

Ойдин Ҳоҷиева 22 апрели соли 1942 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи ноҳия дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон) таҳсил кардааст. Дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи» корманди адабӣ, мудири шуъба, баъдан сармуҳаррири маҷаллаи «Гулхан» шуда кор кард.
Ойдин Ҳоҷиева пайрави шоистаи Зулфияхонуми маъруф буда, дар маҷаллаи занони Ӯзбекистон «Саодат» пурсамар кор карда, солҳои зиёд сармуҳаррири он буд. Дар ин муддат нашрия ба минбари бонуфузи чопӣ табдил ёфт, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниро ҳимоя мекунад, ҳаёти занон, орзую умедҳои кишварамонро холисона инъикос менамояд.
Ойдин Ҳоҷиева бо меҳнати худ сазовори эътироф ва муҳаббати халқ гардидааст. Аввалин китоби ашъори ӯ «Шабнам» соли 1970 аз чоп баромад. Тӯли қариб шаст соли фаъолияти эҷодии шоира аз зери қалами ӯ даҳҳо китоби аълои шеърӣ ва публитсистӣ, аз қабили «Паноҳгоҳ», «Суруди дӯстдошта», «Оҳанг», «Хабари хуш», «Модари азиз», «Чашмаҳо меҷӯям», «Асарҳои мунтахаб» чоп шуд, ки  дар онҳо меҳру садоқатро ба Ватан, эҳтиром ва гиромидошти модар, зан, хиссиёти баланди инсониро тараннум кардааст.
Асарҳои шоира ба даҳҳо забонҳои ҷаҳон нашр шудаанд.
Дар навбати худ Ойдин Ҳоҷиева асарҳои ашъори бисёр намояндагони барҷастаи адабиёти хориҷи дур ва халқҳои бародарро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.
Ӯ ҳамчун узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар ба аҳолӣ васеъ фаҳмонда додани моҳияти ислоҳоти иҷтимоию иқтисодии дар кишвар гузаронидашуда, ба зинаи нав баланд бардоштани равандҳои адабӣ, тарбияи ҷавонони лаёқатманд, махсусан духтарон намунаи ибрат нишон дод.
Хидматҳои Ойдин Ҳоҷиева дар инкишофи адабиёти миллӣ аз тарафи давлати мо баланд қадр карда шудааст. Ӯ ба унвони фахрии  «Шоири халқии Ӯзбекистон» сазовор гардида, бо орденҳои  «Эл-юрт ҳурмати», «Фидокорона хизматлари учун» мукофотонида шудааст.
Хотираи арбоби машҳури адабиёт, мураббии ғамхор, инсони поквиҷдону хоксор Ойдин Ҳоҷиева дар қалби мо абадӣ боқӣ мемонад.
Ш. МИРЗИЁЕВ, Т. НОРБОЕВА, Н. ИСМОИЛОВ, 
А. АРИПОВ, З. МАҲКАМОВА, С. САИДОВ

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: