Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «UzXCMG»-и шаҳри Урганҷ ба истеҳсоли ҳамаи навъҳои экскаваторҳои гидравликӣ, техникаҳои сохтмонӣ ва роҳсозӣ, ҳамчунин расондани хидмати техникӣ ба онҳо ихтисосонида шудааст.
Иқтидори истеҳсоли солонаи маҳсулоти ин корхонаи муштараки Ӯзбекистон ва Чин 300 ададро ташкил менамояд. Дар давоми фаъолияташ то имрӯз ба ҳисоби миёна бештар аз 2 ҳазору 500 адад техника истеҳсол намудааст. Даромади солонааш ба буҷа аз 20,4 миллиард сӯм иборат. Дар корхона 104-то ҷойи корӣ офарида шудааст.
Корхонаи муштарак тавассути Бунёди рушди Ӯзбекистон – Қирғизистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон экскаватор содир менамояд. Корхона бо маҳсулоти худ дар намоиш ва ярмаркаҳо, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ташкил мекунанд, мунтазам иштирок мекунад. Ин натиҷа бахшида, ба васаеъ шудани ҳаҷми содирот хидмат менамояд.
Дар корхона қисмҳои будкунандаи серзинаи экскаваторҳои гидравликӣ дар 10 русум маҳаллӣ кунонда шудааст. Дараҷаи маҳаллисозӣ 33-42 фоизро ташкил менамояд.
Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи маҳалликунонӣ аз корпоратсияи «XCMG»-и Чин дар соли 2023 таҷҳизоте, ки 143 ҳазор доллари ИМА арзиш доранд, оварда шуданд.
Оянда дар доираи васеъсозии корпоратсияи саноати байнисоҳавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дараҷаи маҳаллигардонӣ аз 51 фоиз боло бардошта, арзиши аслии маҳсулотро коҳиш ва содирот ривоҷ дода шавад.
Дар сурат: дар ҶММ «UzXCMG»-и шаҳри Урганҷ.
Суратгир: Б. САИДОВ (ӮзА).