ГУЛАРӮСИ ГЕТИИ ЗАРРИНҚАБОӢ, ИСФАРА

Ҷамоати Навгилем – макони мардуми меҳмоннавоз

Сафар ба рустоҳо ва ҷойҳои дидании ин шаҳри дилорои вилояти Суғди Тоҷикистон аз боздиди ҷамоати деҳоти Навгилем оғоз ёфт. Он яке аз ҷамоатҳои сернуфуси шаҳри Исфара. Вақте ки ба пайдошавии номи Навгилем таваҷҷуҳ зоҳир кардем, маълум шуд, ки ин ном бо бунёди мадрасаи Абдуллохон ва ташрифи хони ҳамон замон ба ин мавзеъ қаробат дорад. Баъди бунёди мадраса дар асри  ХVI мардум ба ду тарафи роҳ гилемҳои нави бисёре овехтаанд ва  хонро ботантана пешвоз гирифтаанд. Чунин тарзи истиқболи гарми мардум боиси сарфарозиҳои хон гардидааст ва ҳар ҷо сухан дар бораи ин мавзеъ равад, хон ба таърифу тавсифи он мепардохтааст. Бо мурури замон деҳа номи Навгилемро гирифтааст.
Дар маълумотномаҳои марбут ба деҳаи Навгилем омадааст, ки мактаби аввалини он соли 1922 дар ҳавлии Қамбархон Темурзода ном шахси сарватманди фарҳангсолор боз гардидааст. Аммо соли 1928 давлат бинои мактаби нав сохтааст ва дар он Муллосаъдӣ Шукуров, Амонулло Раҳмонов, Сатторхон Корзизода, Ҳасанхон Охонзода, Нарзибой Шарифзода ва Абдурасул Махсумов барин омӯзгорон машғули фаъолият шудаанд. 
Навгилем маҳаллаи зиёдеро фаро мегирад, ки аз байни онҳо Устомулло ва Маҷнунбед нисбатан маҳаллаҳои бузургтар маҳсуб меёбанд. Дар Навгилем  бештар аз 20 ҳазор нафар зиндагӣ мекардаанд. Мардуми он дар парваришу истеҳсоли сабзавот, ғалла, пилла, меваи хушк, тухмӣ ва тармева хеле маҳорати хос доштаанд ва ин анъана то ҳанӯз байни навгилемиҳо идома карда меояд. 
Дар Навгилем се мактаб, як литсейи академӣ, хонаи маданият фаъолият мекунад. Ба мардум растаҳо, чойхонаҳо, китобхонаҳо хидмат мерасонанд. Осорхонаи олими намоёни тоҷик Лутфуллоҳ Бузургзода назди бинои идораи ин ҷамоат қомат афрохтааст. 
– Баъди кушода шудани марзҳои давлатии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соли 2018 мо ба дидори хешу табори худ дар Ӯзбекистон расидем. Бештар аз ду даҳсола натавонистем дар маросимҳои ҳамдигар ширкат кунем, аз ҳоли якдигар хабар гирем. Бо иродаи сиёсии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равуо аз сар гирифта шуданд ва ҳоло тӯю сур ва маросимҳоямон бе ширкати хешу таборони ӯзбекистониамон намегузарад. Онҳо омада, ба маросимҳо файзу шукӯҳ мебахшанд, – мегӯяд бо ифтихор роҳбалади навгилемии мо Ҳайдархӯҷа Неъматуллоев. 

Лангари моҳиён

Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз маркази шаҳр дар масофаи бисту панҷ километр воқеъ гаштааст. Он чанд моҳ пеш дар сархати ахбори расонаҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон қарор мегирифт. Зеро бо айбу мудохилаи баъзе душманони тоҷикону қирғизҳо низоъ ва даргириҳои пуршиддату фоҷиабор ба вуқӯъ пайваст ва дар ду самти марз даҳҳо куштаву садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Тавре ки аз гуфтугузорҳои мардум маълум шуд, ҳоло вазъият куллан орому осуда гашта, байни мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати барқарории амну субот ва ҳамсоядории нек, аз сар гирифтани рафтуомади озод гуфтушунидҳо ба давраи ниҳоии худ расидааст. Интизор меравад, ки бо тавофуқоти мақомоти марбутаи ду тараф марзу дарвозаҳои бастаи он ба рӯйи шаҳрвандони ду кишвар кушода мешавад ва дӯстиву рафоқати байни ин ду халқ тантана мекунад.
Баъди пас гузоштани маркази маъмурии шаҳр мошини мо аз тарафи чапи соҳили дарёи Исфара тавассути роҳҳои морпечи мумфарш ба пеш мехазид. Деҳаи Сурхро убур карда, аз болои пули дарёи Исфара ба соҳили рости он гузаштем. Маълум шуд, ки роҳи пештараи байни Самарқандаки Қирғизистон ва Чоркӯҳи Тоҷикистон дар айни ҳол барои равуо баста аст. 
– Мо аввал ба тамошои ҳавзи «Лангари моҳиён» меравем, ки дар қисмати чапи деҳаи Чоркӯҳ воқеъ гаштааст. Барои ҳамин роҳи марказии деҳаи Чоркӯҳро миёнбур карда, худро ба соҳили ин ҳавз мерасонем. Баъд саёҳатамонро ба мақбараи Ҳазрати Бобо давом хоҳем дод, ки дар маркази ин деҳа воқеъ гаштааст, – гуфт ба мо ронанда.
Дар атрофи ҳавзи «Лангари моҳиён» якчанд кати чӯбин ба назар расид. Ба гуфтаи роҳбалади мо, аз фасли баҳор то охири фасли тирамоҳ гурӯҳ-гурӯҳ одамон аз минтақаҳои гуногун ба ин ҷо барои зиёрат ва истироҳат меоянд.  
«Лангари моҳиён» аз мавзеъҳои қадима буда, пайдоиши онро ба асрҳои IX-XI рабт медиҳанд ва «Лангари моҳиён» ном гирифтани он низ маънои рамзиро касб намудааст. Чун дар ин ҷо қабристоне ҷойгир аст ва миёнҷои он ҳавзе вуҷуд дорад, ки дар он моҳиҳои зиёдро дидан мумкин аст. Ранги ин моҳиҳо ба чашм сиёҳу сурх менамоянд. Доштану истеъмоли он мамнӯъ мебошад.
Дар идома аз мақбараи Ҳазрати Бобои Чоркӯҳ боздид кардем. Ин ёдгории меъмории чӯбини Осиёи Миёна маҳсуб меёбад, ки ба асрҳои X-XII тааллуқ дорад. Ҳар як сутуни он кандакорӣ шудааст ва бо навиштаҷоти арабӣ оро ёфтааст. Ин ёдгорӣ ҳамчун ҷузъи маҷмааи фарҳангии баъдӣ  ба ҳайси мақбараи Амир Ҳамза Ҳасти Подшо низ маъруф аст. Он ба феҳрасти Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Сафари мо ба шаҳри Исфара минбаъд дар яке аз масканҳои боду ҳавояш беғубор, обаш софу ширин, табиаташ пурфусун ва дарахтонаш чун ба авҷ сар кашидаву пурҷило – осоишгоҳи Зумрад ва атрофу акнофи он давом хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Суғд, ТОҶИКИСТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: