БАҲОРИ ОРМОНҲО...

Баҳори нозанин бо нафаси гарму форам ва таровати ба худ хос пас аз зимистони қаҳратуни бемисл, дар замони бемории ҷаҳонии коронавирус ба дили кас як навъ шодиву фараҳ ва умед бахшида фаро расид.

Баҳори нозанин бо нафаси гарму форам ва таровати ба худ хос пас аз зимистони қаҳратуни бемисл, дар замони бемории ҷаҳонии коронавирус ба дили кас як навъ шодиву фараҳ ва  умед бахшида фаро расид.
Баҳор чун оғози соли нав хотираҳои кӯҳнаро низ варақгардон мекунад. Беихтиёр симои шахсони ба дил наздике, ки то ба наздикӣ  бо мо буданду имрӯз нестанд, ба ёд мерасанд, аз пеши назар мегузаранд. Ба Музаффараи чун худам мусофир, ҳар лаҳза ниёз дорам, Абдуллои худогоҳу бедордили чун бародар қадрдон, Сулаймони дарвешсифати шӯрида, ки дар кӯфта омаданаш як ҷаҳон хурсандӣ меовард ва янгаи Робияи дилбару дардошно, бародари ҳамхуну ҳамтану ба ҷон баробарамро бо пазмонӣ ёд мекунам.
Вақти вафоти янгаи Робия ман дар маъракаи азодории бародарам Абдуҷалил дар Варзик будам, дар маросими гуселашон иштирок надоштам. Чӣ илоҷ? Хости илоҳиро банда аз куҷо донад? Агар не, аз падару модари 90 сола бебокона марг фарзанди онҳоро мерабуду дар айни пирӣ гирифтори ғаму кулфати бепоён мегардонд. Худоё сабр деҳ! Сабру тоқати  волидайнамро зиёда гардон! 
Оилаи мову акаи Шамсиддин дӯстиву бародарии якумра дорем. Ҳамроҳи хешу табор акаи Шамсиддин барои овардани келин Намангон рафта будаанд ва янгаи Робия бо шӯхӣ “Шуморо шавҳари ман рафта келин карда овардагӣ, шумо келини мо” мегуфтанд.
Ва дар ҳақиқат ҳам, мо он касро дар ғайбашон “ака” гуфта ном мебарем ва янгаро «янгаи Робия» мегӯем (зеро дар авлоди мо янгаҳо бисёранд ва ҳар як номи хоссаи худро доранд, масалан ман – “янгаи намангонӣ”, Музаффараи худораҳматӣ “янгаи самарқандӣ”, “янгаи хуфарӣ”, “янгаи кенгузарӣ”...).
Акаи Шамсиддин ва шавҳарам  дӯсту бародарони қаринанд, ки мислаш кам дида мешавад. Як пиёла чой бе якдигар аз гулӯяшон намегузарад. Дӯстиашон беғараз, бетамаъ, самимӣ, муомила бетакаллуф, дӯстона, баъзан баҳсу талошҳо рӯйирост, беибо. Ҳатто дар гуфтани суханҳои сахт ҳам худдорӣ нест. Лекин ҷонҳо ба ҷонҳо пайваст, нифоқу ҷудоӣ нест, каме якдигарро набинанд, хумор мегирад, ба ҷустуҷӯ медароянд... 
Ва оилаҳо ҳам ҳамин хел, янга, фарзандон, ба хусус, духтарону келинҳо ҳам моро шахсони ба дил наздик мепиндоранд, мо низ дар симои онҳо пайванду ҷигарбандони қарини худро мебинем. Сад афсӯс, янгаро, ки  як хонадони ниҳоят калонро чун бонуи кордону корсоз сардорӣ мекарданд, дарди беамон бармаҳал аз байни мо рабуд.
Янгаи Робия солиёни зиёд дар мактаб чун муаллимаи болаёқати таърих ба шогирдон сабақ омӯхтанд. Шогирдонашон дар озмуну азназаргузарониҳои фаннӣ ширкат варзида, ҷойҳои баландро ишғол менамуданд. Худашон низ чун омӯзгори пешқадам дар аксари семинару конференсияҳои мактабу ноҳия ва вилоят фаъолияти хуб нишон медоданд. Меҳнати бисёрсолаашон бо унвонҳои “Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон”, “Корманди шоистаи таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” қадр карда шудааст. Ман ҳамчун ҳамкасбу ҳампеша ба фаъолияти омӯзгории янга баҳои баланд дода афзуданиям, ки маро ҷиҳати дигари ӯ ба ҳайрат меандохт. Ин зани шоистаи таърифу тавсиф модари дувоздаҳ фарзанд, кадбонуи як оилаи бузурги серомадурафт ва меҳмоннавоз чӣ гуна кору бори хонаву мактабу дигарро ба сомон мерасонд. Акаи Шамсиддин бо тақозои вазифа меҳмонҳои аз роҳи дур омадаро дар хона меҳмон карда, ҷойи хоб дода мегуселониданд. Дар маркази ноҳия меҳмонхона набуд, ба кадом ташкилоту корхона меҳмон ояд, масъулонашон ба хонаашон бурда меҳмондорӣ карда, бо ҷойи хоб таъмин мекарданд. Нигоҳубини хусуру хушдоман ҳам ба дӯши он кас буд. Дар деҳа зиндагӣ карда гову гӯсола надоштан, як оилаи калонро бе ширу ҷурғот монондан намешавад. Ба ҳамаи ин вақт ёфтан, дар вақти даркорӣ ба ҷойи кор ҳозир шудан осон набуд ва ин аз дасти на ҳама зан меомад. Албатта, дар оила барои янга як дасти ёридиҳанда, як мададрасони беминнат, посбони оила – хушдоман холаи Бибишарифа буданд. 
Акаи Шамсиддин “ба пешонаи оча то нафаси охирин бо ҳарфи калон “Гаҳвора меҷунбонад» гуфта навишта шудагӣ” гӯён шӯхӣ мекарданд. Охир янга кӯдаки  якуним моҳаро партофта  ба кор баромада наметавонистанд.
...Ёди холаи Бибишарифа ба хайр, қабрашон пурнуру мунаввар бод, ки набераҳоро баробари янга парасториву тарбия карда, ба воя расониданд. Ин хизмати осону меҳнати саҳл набуд.
Марбут ба ҳамин як воқеа ба ёдам расид. Боре кӯдаки хурдсол хархашаву гиря мекунад, аммо аз янга дарак нест. Тоқати кампир  тоқ мешаваду кӯдакро бардошта ба мактаб мебарад. Дар мактаб шӯрои педагогӣ мегузашт. Директори мактаб шодравон Муслиҳиддинов – домоди холаи Бибишарифа маҷлис мекард. Кампир дарро мекушояду даромада кӯдакро болои миз гузошта, чанд сухани пасту баланд гуфта баромада мераванд. Ҳама механданд ва бо ҳамин маҷлис ба поён мерасад...
Акаи Шамсиддин аз корҳои майда-чуйдаи рӯзгор хабаре надоштанд. Мисли баъзеҳо фармонбардору дастёрашон ҳам набуд, ки бори рӯзгори янгаро каме сабук гардонад.
Бемуболиға, метавон гуфт, ки бобати ба ҳамин дараҷа расидан, соҳиби мартабаю обрӯи баланд шудани акаи Шамсиддин хизмати янга хеле калон буд.
Янгаи Робия чун духтари деҳот ба замин меҳри беандоза доштанд. Бо дастгирии шавҳару кӯмаки фарзандон хоҷагии фермерӣ ташкил намуда, боғ бунёд карданд. То ба мева даромадани дарахтон байни онҳо сабзавоту ғалладона ва хошоки чорво кишт намуданд. Вақтҳои солимӣ ва ҷӯш задани ғайраташон буд, бо янга дар пеши поликлиника вохӯрдем. Пас аз салому  ҳолпурсӣ сабаби ба поликлиника омадани маро пурсиданд. Гуфтам, “каме тобам нест”. Хандида: “Шумо аз меҳнати ҷисмонӣ дуред, барои ҳамин. Шуморо як бор ба боғ бурда ба кор андохта, дар офтоб сӯзондан даркор” – гуфта ҳазл карданд.
Янга чандин сол маслиҳатчии бонувони маҳаллаи Янги ҳаёт буданд. Дар тӯю маъракаҳо, азодориҳо маслиҳати муфиди худро дареғ намедоштанд. Ба ҷавонон дар бунёди оилаи мустаҳкам, эҳтироми калонсолон, нигоҳубину тарбияи фарзанд намуна, ба занону духтарон дар ҳалли баъзе муаммову гиреҳҳои зиндагӣ дастгиру мададрасон буданд.
Оилаи онҳо дар заминаи муҳаббати тарафайн бунёд гардида буд. Қиссаи ишқу муҳаббат ва хонадоршавии онҳо худ як достон аст. Дар оила ҳурмату эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирии якдигар ва албатта, меҳру муҳаббат ҳукмрон буд.
Оилаи ҳавас карданӣ, ибрат гирифтанӣ. Парвардигор дар атои фарзанд ҳам онҳоро баробар дид: 6 писару 6 духтар, ҳама соҳиби маълумоти олӣ, ҳама соҳиби оилаву фарзанд, соҳиби касбу кор. Дар идораҳои бонуфузи давлатӣ кору фаъолият доранд, рӯзгори орому обод насибашон гаштааст. Фақат он модари меҳнатдӯсту боғайрат, мушфиқу меҳрубон, як умр заҳмат кашидаву роҳат надида нест, ки дар сояи давлати фарзандон ҳаёти осудаи пирӣ ронад, аз комёбиву бахти онҳо болад, шукрона кунад:
Сар ба девори лаҳад монд касе, 
к-ӯ ҳама умр,
Баҳри роҳат нафасе пушт ба 
девор намонд.  
Дар зиндагӣ бахт бо ғам, васл бо ҳиҷрон, дидор бо видоъ баробар қадам мезанад. 
Вақтҳои охир янга дардманду бемор шуданд. Акаи Шамсиддин вазифаи худро чун шавҳар ба дараҷаи аъло иҷро намуданд. Роҳ гаштани янга душвор буд, бо ароба ҳамсарашонро ба тавофи хонаи Худо бурданд. Фарзандон то аз дасташон омад ба духтурҳо муроҷиат карданд, вале ба дарди модар даво наёфтанд. Ба қавли акаи Шамсиддин “Ковид” дардро бадтар кард. Марги беамон янгаи меҳрубону мушфиқ, боғайрату меҳнатқарин, кадбонуи як оилаи калонро аз байни мо бурд.

Иноят ҶӮРАЕВА, 
ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: