Дар мулоқот роҳбари ширкати «FOSE»-и Куриёи Ҷанубӣ Парк Йонг Сик, роҳбари ҶММ «RAAR» Б. Раҷабов ва ҷонишини роҳбари раёсати сармоягузорӣ, савдо ва саноати вилояти Навоӣ Э. Ғаффоров, ҳамчунин ҷонишини ҳокими ноҳияи Нурато Р. Азимов иштирок намуданд.
Зимни мулоқот лоиҳаи ташкил ва бо усули чоҳ кофта гирифтани тилло муҳокима гардид.
Ҳамчунин, ҶММ «RAAR» шартнома имзо намуд, ки аз ҳудуди «Шоҳсой» 9 гектар заминро дар бозори музояда харида, масъалаҳои об, барқ ва овардани таҷҳизотро таъмин мекунад. Қимати умумии лоиҳа 3 миллион доллари ИМА ташкил медиҳад. Муҳлати ба кор овардани корхона моҳи майи соли равон муайян гардид. Корхона 60 нафар аҳолии маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин мекунад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.