ДАР РОҲИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ДОНИШИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт анҷумани матбуотӣ таҳти мавзӯи «Ба қишри васеи аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ расондани ҳуҷҷату қонунҳои муҳиме, ки қабул карда мешаванд», баргузор гардид.

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт анҷумани матбуотӣ таҳти мавзӯи «Ба қишри васеи аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ расондани ҳуҷҷату қонунҳои муҳиме, ки қабул карда мешаванд», баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ходимони масъули Вазорати адлия иштирок карда, доир ба усулҳои расондани моҳияти ҳуҷҷату қонунҳо ба қишри васеи аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ маълумот доданд. Таъкид гардид, ки аз ҷониби вазорат бино ба муроҷиатҳое, ки халқ ба Қабулхонаи халқ ирсол мекунад, таҳлилҳо анҷом дода мешаванд. Муроҷиатҳо вазифадор мекунанд, ки аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ чорабиниҳо оиди тарғиботи ҳуқуқӣ ва шарҳи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ  пайваста гузаронда шаванд. Ҳамчунин аз ҷониби вазорат барои ҳаллу фасли ҳуқуқии мушкилоти аҳолӣ якҷо бо мутахассисони мақомоти масъули давлатӣ видеороликҳо намоиш дода мешаванд.
Тавассути телефони боварии вазорат –1008, баъди муайян намудани намуду хелҳои муроҷиат, маводи тарғиботӣ оид ба ҳуқуқи ҷавонону занон омода карда мешаванд.
Портали «Advice for-business» ба воситаҳои муҳиме табдил ёфтааст, ки мушкилоти ҳуқуқии соҳибкоронро ҳаллу фасл менамояд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин таъкид гардид, барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқи беш аз 2 млн. ҷавонон аз ҷониби Вазорати адлия доир ба мавзӯи «Тақдири Ватан – дар тақдири ман» дар ду самт – муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони ташаккулёфта семинар-тренингҳо ташкил карда мешаванд. Вазорат барои интишор додани ахбори ҳуқуқӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ пурсамар истифода мебарад. Маълум аст, ки Вазорати адлия фаъолияти тарғиботи ҳуқуқии идораҳои дигарро низ мутобиқ мегардонад. Аз ин рӯ, мониторинги чорабиниҳои ҳуқуқии идораҳои дигарро муттасил мегузаронад. Ба ҷуз ин, аз рӯи баланд бардоштани маданияти электоралии аҳолӣ, хусусан, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо оид ба қонунгузории интихобот аз ҷониби вазорат чораҳо андешида мешаванд.
Дар охири чорабинӣ мутахассисон ба саволҳои ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: