ТАЪСИСИ МАКТАБИ ХОСИ КАНДАКОРӢ МАДДИ НАЗАР АСТ

Дар вилояти Фарғона як зумра инсонҳо ҳастанд, ки дар рушди ҳунарҳои миллӣ, ба ҷавонон омӯзонидани он, талқини арзишҳои мардумии дар тӯли ҳазорсолаҳо аз насл ба насл меросмонда нақши муассир мебозанд.

 Яке аз чунин инсонҳои шариф дар ноҳияи Фурқат  машғули фаъолият мебошад. Ӯ дар ҳунари кандакории миллӣ ва рассомӣ ҳамчун усто ва устоди беназир муаррифӣ шудааст.
Сухан маҳз дар бораи Муҳаммадалӣ Юнусов меравад. Вай устои наққоши корхонаи оилавии «Усто Юсуфҷони наққош», Устои халқии Ӯзбекистон, дорандаи ордени «Эл-юрт шарафи» мебошад. Дар давоми фаъолият ин марди фурӯтану хоксор бо шогирдонаш дар як қатор вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар дар сохтмони чойхона, зиёратгоҳ ва бинову иншоотҳои хеле зиёд саҳми муносиб гузоштааст. Ба таври мисол, бо дастони мӯъҷизакори ин устои мардумӣ ва шогирдони ӯ дар сафоратхонаҳои Ӯзбекистон дар Украина ва дар Чин ҳавлӣ ва айвонҳои даруни бино бо услуби хоси миллӣ сохта шудаанд. Сутун, кати чӯбин, дарвоза ва навъҳои гуногуни маснуоти дигар, ки маҳз бо тарзи кандакорӣ оро дода шудаанд, ин намуди санъату ҳунари миллиро бозтоб додаанд.
– Солҳои охир услуби корамонро аз ҳисоби таҷрибаҳои ҳосилшуда боз бештару беҳтар ғанӣ мегардонем, дар асоси фармоиш дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ машғули фаъолият мебошем, – мегӯяд зимни суҳбат Муҳаммадалӣ Юнусов.
Сутунҳои айвони масҷиди «Ҳазрати Имом» ва «Осорхонаи ёдбуди давраи қатли ом»-и майдони хотираи шаҳри Тошканд маҳз бо нақшҳои кандакоришуда оро ёфтаанд, ки боиси ҳайрати умум гаштаанд. 
– Ману шогирдонам дар сохтмони айвону сутунҳои чанд кохи бадеии бачагон, маҷмааи ҷавонони деҳаи тоҷикнишини Арсифи шаҳри Қувасой, «Хонаи қабул»-и деҳаи Садқақи канори шаҳри Фарғона ширкат карда, барои бо услуби хоса бо нозуктарини усулҳои кандакории чӯб сайқал додани он заҳмат кашидаем, – иброз медорад ин ҳунарманди маъруф.
Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Юнусов дар бунёди мақбараҳои «Хоҷа Дониёр» ва «Ҳазрати Хизр»-и шаҳри Самарқанд, маркази «Нурониён»-и боғи фароғатии «Ал-Фарғонӣ»-и шаҳри Фарғона, Боғи эҷодкорони ба номи Эркин Воҳидови шаҳри Марғилон ва амсоли он нақши дастони ӯву шогирдонаш барои ҳамеша боқӣ мондаанд.
Дар айни ҳол М. Юнусов барои барқарор намудан ва идомаи санъати дастии миллӣ, ки  асрори кандакории чӯбу тахта ва ҳунари ороиширо дар худ муҷассам менамояд, бо истифода аз анъанаи усто-шогирд ба таври васеъ тарғиб мекунад. 
– Теъдоди шогирдонам хеле зиёд, онҳо ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз онро ташкил мекунанд. Аксарияти онҳо дар бунёди сохтмонҳое фаъолият менамоянд, ки бо тарзу шакли миллӣ арзи вуҷуд хоҳанд кард. Акнун таъсиси як мактаби махсуси кандакориро барномарезӣ кардаем. Дар ояндаи наздик ин нақшаи мо амалӣ хоҳад шуд, – мегӯяд дар поёни суҳбат Муҳаммадалӣ Юнусов.
 Ногуфта намонад, ки М. Юнусов чил сол боз ба ин ҳунару санъати миллӣ машғул аст. Ӯ аз хурдӣ аз бобову падараш ин ҳунарро омӯхта, дар тӯли солҳо муваффақ шудааст, ки мактаби хоси худро ба вуҷуд оварад. Вай тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Фурқат Маркази омӯзишии асрори кандакориву рассомиро ба ҷавонон таъсис диҳад. 

Дурдона ҒАФФОРОВА.
Вилояти ФАРҒОНА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: