Пиряхҳои Ҳимолай то охири аср 80 фоиз коҳиш меёбанд

Олимон огоҳ мекунанд, ки бар асари гармшавии глобалӣ суръати обшавии пиряхҳои Ҳимолай афзоиш ёфтааст. Дар айни вақт ин пиряхҳо қариб 2 миллиард одамро бо оби тоза таъмин мекунанд.

Тибқи маълумоти Маркази байналмилалии рушди маҷмааи кӯҳӣ (ICIMOD) дар солҳои 2011-2020 пиряхҳо назар ба даҳсолаи аввала 65 фоиз зудтар об шудаанд.

Пиряхҳои Ҳиндукуш дар минтақаи Ҳимолай манбаи асосии об барои 240 миллион нафар сокинони баландкӯҳҳо ва 1,65 миллиард нафар дар водии дарёҳо мебошанд. Онҳо сохторҳои калонтарини дарёҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ганг, Ҳинд, Хуанхе, Меконг ва Иравадиниро бо об таъмин мекунанд.

Олимон таъкид мекунанд, ки ҳатто тибқи сенарияи оптимистӣ то охири аср пиряхҳо сеяки ҳаҷми худро аз даст медиҳанд.

Агар суръати ҳозираи обшавӣ давом кунад, талафот то 80 фоиз мерасад. Ба фикри иқлимшиносон тағйироти манфӣ дар криосфера аллакай оғоз шудааст, хабар медиҳад mir 24.tv.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: