ЗАНГӮЛА ЗАНАД НАВ БА НАВ “ОВОЗИ САМАРҚАНД”

Дар толори фаъолони Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси рӯзномаи “Овози Самарқанд” анҷумани бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст.

Дар тадбир вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, муштариёни дилсӯзи нашрия ширкат варзиданд.
Нишастро раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сардабири таҳририяти муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев ифтитоҳ бахшид.
Сипас, муассис – ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба сухан баромад ва оид ба ислоҳоте, ки дар соҳаи матбуот амалӣ мегарданд, ҳарф зад. 
– Имрӯз матбуот танҳо воситаи паҳнкунандаи ахбор нест, – гуфт ӯ. – Дар сохтори институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ нақши воситаҳои ахбори оммавӣ торафт меафзояд. Ислоҳоте, ки таҳти сарварии Президенти муҳтарамамон бинобар таъмин кардани озодии сухан ва ахбор дар ҷамъият, дар амал ба «ҳокимияти чаҳорум» табдил додани воситаҳои ахбори оммавӣ амалӣ мегарданд, имрӯз самараи худро медиҳанд. Хеле хурсандибахш аст, ки ин дигаргуниҳо дар нашрияи соҳибҷашн низ акси худро меёбанд. Дар ҳар шумораи рӯзнома доир ба ҳаёти вилоят мақолаҳои рӯзмарра ва хабару навигариҳои рӯз чоп мешаванд, ки ин ба мо барои огоҳ будан аз натиҷаҳои корҳои амалишаванда дар ҷойҳо ва муайян кардани вазифаҳои оянда кӯмак мерасонад.
Алалхусус, дастовардҳои солҳои охири ҷамоаи таҳририят баробари аҳли ҷамъият моро низ хурсанд мекунад, ки яке аз онҳо дар соли 2018 дар озмуни байналхалқӣ барои Ҷоизаи XIII миллии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») иштирок карда, бинобар равияи «Беҳтарин материали журналистӣ дар матбуоти даврӣ» ҷойи сеюмро ба даст овардани рӯзнома мебошад. – Аз тарафи ҳайати таҳрири «Китобхонаи «Овози Самарқанд» китоби «Саодати дӯстӣ», ки аз намунаҳои тарҷумаи шеъри шоирони муосири ӯзбек иборат аст, инчунин, соли 2019 китоби «Самарқандда Айнийшунослик – Айнишиносӣ дар Самарқанд»-и иборат аз мақолаҳо дар бораи мероси маънавӣ ва илмии Садриддин Айнӣ зери сарпарастии Музей – мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд нашр шуданд. 
Ба муносибати 30-солагии таъсиси рӯзнома китобҳои «30 гуфтор аз 30 тор» иборат аз намунаҳои эҷоди аҳли қалами Самарқанд ва маҷмӯаи мақолаҳои беҳтарини рӯзнома – «30 номаи рӯзнома» чоп гардиданд, ки аз фаъолӣ ва маърифатпарварии ҷамоа далолат медиҳанд. 
Қаҳрамони Ӯзбекистон, раиси шуъбаи вилоятии Хазинаи хайриявии «Нуронӣ» Ҳасан Нормуродов ба сухан баромада, изҳор дошт, ки рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар оғози истиқлол ба майдони матбуот баромад. Дар он ҳиссаи зиёиёни Самарқанд хеле калон аст. Танҳо номи «Овози Самарқанд» доштани рӯзнома дар қалби мардуми вилоят эҳсоси меҳру муҳаббатро бедор мекунад.
Рӯзномаи навтаъсис дар сафи рӯзномаҳои дигари ҷумҳурӣ ҷой, мақом ва обрӯву эътибори худро дарёфт. Ба таъсисёбии рӯзнома 30 сол пур шуд. Яъне, умри рӯзнома давом дорад. Вай дар байни халқ маҳбубият пайдо кард. Аҳли қалам одамони бузурганд. Беҳуда қаламкашӣ намекунанд. Қалам кай нируманд мешавад? Агар сухани журналист, шоир ва нависанда асоснок ва мутассир бошад, он ба хонанда писанд меояд.
Аз номи ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Овози тоҷик» Шерпӯлод Вакилов сухан карда, ҷамоатро бо таҷлили 30-солагии таъсиси рӯзнома самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки Самарқанд аз азал маркази тамаддун аст. Шояд аз ҳамин сабаб 95 сол қабл аз ин нахустин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Самарқанд нашр шуда буд. «Овози Самарқанд» набераи «Овози тоҷик» аст. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба набера – мағзи бодоми «Овози тоҷик» комёбиҳои нав ба нав таманно дорем. – Ман аз рӯзи аввали таъсиси «Овози Самарқанд» ҳамдилу ҳамрози он будам, – гуфт собиқ ҳокими шаҳри Самарқанд Носир Яъқубов. – Вай роҳи душвор, вале бошарафро тай намуд. Дар ин толор аксар ҷонсӯзони рӯзномаро дида, таъбам болида гардид. 
Дар тадбир қариб ҳамаи муҳаррирону вакилони рӯзномаи ноҳиявӣ ва шаҳрии вилоят ширкат варзида, табрик карданд ва туҳфаҳои хотиравии худро супурданд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба ҳамаи кормандону муштариёни «Овози Самарқанд» 30-солагиро табрику таҳният гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. 
Бояд таъкид кард, ки барои хонданӣ ва ҷолиби диққат баромадани рӯзнома баробари кормандони эҷодӣ саҳми ходимони техникии таҳририят, аз ҷумла Дамири Нур, Қудрат Тӯраев, Лолаи Раҳимӣ, Мавлудаи Шарифӣ, Шукронаи Асадуллозода, Сироҷиддини Раҷаб, Сафия Нарзиева, Азамат Ҷумъазода ва дигарон низ шоёни эътироф аст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори рӯзномаи 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: