ДАР ВИЛОЯТ ПЕШҚАДАМ

Дар вилояти Самарқанд беш аз 2 ҳазору 200 хоҷагии фермерӣ бо пахтакорӣ машғул ҳастанд.

Заршиносон дар 70 ҳазору 414 гектар замин пунбадона кишт карда, ҳосили фаровони пахта рӯёнда, ғунучини онро муташаккилона идома медиҳанд. 
То имрӯз ба хирман 265 ҳазор тонна ҳосил ирсол шуд. Дар вилоят 1.667 отряди махсус, ки дар тасарруфи он ҳашарчиён, мардуми деҳаҳои кишоварзӣ, механизаторон ҳастанд, аз обу ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳосили ба ивази арақи ҷабин рӯёндашуда нобуд нашавад.  
Пахтакорони ноҳияи Пахтачӣ аввалин шуда ба марраи мурод расиданд. Онҳо ба давлат беш аз 35 ҳазору 100 тонна «тиллои сафед» фурӯхта, шартномаи давлатиро сарбаландона иҷро намуданд. Ба комёбиҳои ноҳия хоҷагиҳои фермерии «Шукур Ҷабборов», «Қора қипчоқ», «Абдусалом Хушматов», «Агрозерно» ва ғайра саҳми арзанда гузоштанд. 
Ҳоло дар пахтазор ҳосил фаровон аст, ки ҷамъоварии он идома дорад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози точик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: