МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТИИ БИАТЛОН

Чанд рӯз қабл дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рометан бо ташаббуси клуби таълимӣ, варзишию техникии ташкилоти «Ватанпарвар»-и ноҳия таҳти шиори «Ватан фарзандони фидоии худро фаромӯш намекунад» бахшида ба хотираи ҳамдиёрамон Наил Шафигуллин, ки дар роҳи соҳибистиқлолии мамлакат ҷони худро нисор кардааст, байни ҷавонон оиди варзиши тобистонаи биатлон мусобиқаҳои вилоятӣ ба амал омад.

Дар тадбир ҳамаи ҷамоаҳои муассисаҳои таълимии ташкилоти «Ватанпарвар» иштирок карданд. Мақсади асосии  қувваозмоиҳо  оммавӣ гардондани намудҳои техникию амалии варзиш, ҷалб намудани ҷавонон ба сексияҳо ва маҳфилҳои спортӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳи ҳарбию ватанпарварӣ, қавитар гардондани корҳо бобати ташаккул додани эҳсосоти ҷавобгарӣ ба ҳифзи якпорчагӣ ва соҳибистиқлолии мамлакат иборат аст. 
Дар мусобиқаи тобистонаи варзиши биатлон беш аз 100 нафар варзишгарон иштирок карданд. Байни ҷамоаҳо ҷойи аввал ба ҷамоаи Маркази техникӣ ва намудҳои амалии варзиши вилоят, ҷойи дуюм ба варзишгарони клуби таълимӣ, варзишию техникии ноҳияи Вобканд ва ҷойи сеюм ба спортчиёни клуби таълимӣ, варзишию техникии ноҳияи Шофиркон насиб кард. Ғолибон бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои қиматбаҳои ташкилоти «Ватанпарвар» ҳавасманд гардонда шуданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: