ДАР ҲАФТ СОЛИ МИНБАЪДА ФОИЗИ ВОМҲО 10-12 БАРОБАР КАМТАР МЕШАВАД

Солҳои оянда низоми тибқи муроҷиати шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ кор кардан куллан такмил меёбад.

Механизм ва усулҳои наву самарабахши ба роҳ мондани мулоқоти ошкоро бо аҳолӣ ҷорӣ карда мешаванд. 
Чунончӣ, ҳар як ҳуҷҷат ва лоиҳае, ки ба рушди мамлакат ва таъмин сохтани фаровонҳолии ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудаанд, пеш аз ҳама, бинобар баррасии ҷомеаҳои васеъ ва коршиносон қабул карда мешаванд. 
Аз ҷумла, аз 31 июли соли равон Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ва чораву тадбирҳои дар соли 2023 ба амал татбиқ намудани он ба муҳокимаи ҷомеаи васеъ гузошта шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур, ки ба инкишоф додани мамлакат дар ҳафт соли минбаъда нигаронида шудааст, барои ба амал баровардани салоҳияти ҳар як инсон дар доираи 5 самти муҳими устувор фароҳам овардани шароитҳои муносиб, бинобар пешрафти муттасили иқтисодӣ, афзудани фаровонҳолии аҳолӣ, эҳтиёткорона истифода бурдани захираҳои об ва ҳифзи муҳити атроф, таъмин сохтани устувории қонун, ба роҳ мондани идораи давлатии хидмати халқ, ҳамчунин ба кишвари бехавф ва давлати сулҳпарвар табдил додани мамлакат 100 мақсад муайян гардидааст. 
Аз ҷумла, дар натиҷаи муттасил давом додани ислоҳоти иқтисодӣ зиёд кардани ҳаҷми хидматҳои бозори бонк ва дар соҳа инкишоф додани рақобатбардорӣ, ҳамчунин гузаштан ба «Иқтисодиёти сабз», куллан афзудани нишондиҳандаҳои истифода аз энергияи такрорӣ, ки асоси онро ташкил медиҳад, чандин ҳадафҳо мушаххас шудаанд.
Ин маънои онро дорад, ки дар давоми ҳафт соли минбаъда ҳаҷми солонаи вом дар сохтори бонк ва молия ба 40 миллиард доллар расонида, ҳаҷми амонатҳои бонк чор баробар зиёд,  фоизи вомҳо 10-12 фоиз кам карда мешаванд. Баробари ин, ҳадди ақалл дар 3 бонки тиҷоратӣ мизон ва таркиби молияи исломӣ ҷорӣ гардида, хусусикунонии бонкҳо ва дар ихтиёри давлат нигоҳ доштани 3-4 бонк ва ба бозори бонк ҳадди ақалл ҷалб сохтани 4 бонки бонуфузи хориҷӣ пешбинӣ мегардад. 
Баробари ин, баҳри ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба захираҳои энергия, ки шарёни ислоҳоти иқтисодӣ ба шумор меравад, низ як қатор таклифҳо пеш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли энергияи электр 118 миллиард кВт, ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ ба 62 миллиард мукааб метр расонида, самаранокии энергетикии шабакаҳои иқтисодиёт ду баробар зиёд карда мешаванд. 
Ғайр аз ин манбаъҳои энергияи такрорӣ ба 25 ҳазор мега-ватт, ҳамчунин саҳми умумии истеъмолии он ба 40 фоиз расонида хоҳад шуд. Ташаккул додани инфрасохторе, ки ба экология зарар намерасонад ва дар корхонаҳои саноатӣ ҷорӣ намудани амалиёти «гардиши иқтисодӣ» рағбатнок карда мешаванд. Истгоҳҳои энергияи электрии 9 гВт-и офтобӣ ва 5 гВт-и бодӣ дар пояи шарикии давлативу хусусӣ, ҳамчунин 28 истгоҳи гидроэлектрии нирӯяш 1,9 гВт сохта, 3 истгоҳи электрии гармии қувваташ 3 гВт бозсозӣ мешаванд ва дар натиҷа харҷи гази табиӣ кам мегардад. 
Умуман, дар стратегияи мазкур на фақат бинобар самти иқтисодӣ, балки баробари ин дар тамоми шабака ва соҳаҳо низ як қатор таклифҳо барои зиёд кардани фаровонҳолии аҳолӣ, таъмин сохтани тараққиёти мамлакат пеш гузошта шудаанд. Аз ин рӯ, бояд ҳамаи мо дар ҷараёни ин муҳокимаҳо фаъол иштирок кунем, зеро мавқеи шаҳрвандии худро муайян кардан муҳим аст.

Мавлуда АДҲАМҶОНОВА, депутати Палатаи 
қонунгузории 
Олий Маҷлис.(ӮзА).   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: