МАРДИ ШАРИФЕ АЗ САМАРҚАНД

Муҳаббат ба Ватану миллат, илму фарҳанг ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар замири доктори фанҳои педагогӣ, ректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд, сарбози мустаъфӣ, профессор Юсуф Абдулло аз синни кӯдакӣ маъво гирифта буд.

Ҳар мард, ки сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг хуфта бошад.
Саъдии ШЕРОЗӢ.
Муҳаббат ба Ватану миллат, илму фарҳанг ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар замири доктори фанҳои педагогӣ, ректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд, сарбози мустаъфӣ, профессор Юсуф Абдулло аз синни кӯдакӣ маъво гирифта буд.
Фарорасии иди касбии омӯзгорону мураббиён имконияти хушбахтона ба мо дод, ки чанд лаҳза аз зиндагиномаи ибратбахши ин марди накуному накукор, хоксору росткор, шарифу соҳибэҳтиром ба муштариёни рӯзнома қисса кунем, ки муште аз хирворе асту халос. 

Илм дар хурдӣ – 
нақш бар санг

Он айём чаҳорсола ё панҷсола буд, ки китоби дарсии бобои маърифатпарвараш Раҳматуллоҳ Исматуллоҳзода «Раҳнамои дониш»-ро ёфта, варақ мезаду гӯё онро «мехонд». Ин рафтори писарашро дида модар табассум мекард ва баъд барои Юсуфи дилбастаи дониш вақт ҷудо карда наздаш менишаст ва як-як ҳарфҳоро нишон медод. Масъудахола (илоҳо рӯҳаш шод бод!) туғёни бузургро дар қалби кӯчак ҳис карда, ба пурсишҳои ӯ посухи қолабӣ, рӯякӣ, бачагона намедод, балки мекӯшид зимни суҳбати дилнишину гуворо ҳақиқатро ба ӯ талқин ва таълим диҳад. Фарзандаш зеҳни тез, шуури баланд ва забони бурро, ки дошт, зуд навиштан ва хонданро ёд гирифт.
Падари бузургвораш Неъматбобо (ҷояшон дар ҷаннат бошад!) бо тақозои вазифа аз Самарқанд ба Фарғона рафт. Дар шафати истиқоматгоҳи онҳо мактабе ҷойгир буд. Юсуфи хурдсол ба толибилмон бо ҳавас нигариста ба модараш гуфт, ки вай ҳам ба мактаб меравад. Модари меҳрубонаш Масъудахола назди мудири таълимгоҳ омад ва дар бораи писари доништалаби хеш нақл кард.
– Мо ба хондани ӯ зид нестем, – ниҳоят розигӣ дод директори таълимгоҳ, – аммо аз сабаби хурдсолиаш ҳамчун талаба расман қабул намекунем. Бигзор омада хонда рафтан гирад. Охир «илм дар хурдӣ – нақш бар санг» гуфтаанд. 
Юсуфҷони панҷсола аз рӯзҳои нахустини таҳсил бо кӯшишу ғайрат ва рамузфаҳмӣ муаллимони худро дар ҳайрат гузошт, ки боз дар синфи русӣ таҳсил мегирифт. Бо иҷозати сарвари таълимгоҳ омӯзгораш исму насаби ӯро ба дафтари синф навишт. Акнун роҳбари синф ӯро ба дигарон намунаи ибрат нишон медод. Вай дар бадали чор соли таҳсил фақат баҳои «аъло» гирифта, дар корҳои ҷамоатии мактаб фаъол буд. Роҳбари синфаш ӯро фарзандвор дӯст дошта буд, ки рӯзи боз ба Самарқанд кӯч бастани онҳо ашкрезон гуселонд. Юсуф Абдулло дар мактаби рақами 28-уми собиқ ноҳияи Сиёб низ пешқадам гашта, ғайр аз таҳсил ба варзиш низ дил баст. Футбол мебозид, гӯштин мегирифт, метохт ва дертар ҳамчун ҷавони чорпаҳлӯ, хушқаду қомат ба камол расид.

Таваҷҷуҳ ба таърихи асрорангез

Юсуф Абдулло солҳои таҳсил дар мактаб бештар доир ба таърих ва шахсони бузург асарҳои гуногунро варақ зада, бо омӯзгори фанни бостоншиносӣ Михаил Израилов баҳсу мунозираҳои шавқангез дошт.
– Ҷойи ту факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, – бо ҳисси шодмонӣ мегуфт М. Абрамович, – дар мактаби олӣ бостоншиносони пурқуввату донишманд хеле бисёранд. 
Вай пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурда, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт. Донишгоҳ аз мактаб фарқи куллӣ доштааст, ки дар ҳар шаш моҳ аз имтиҳону санҷиш гузаронида, савияи дониши толибилмон муайян мегардид. Вай ҳар дафъа аз санҷишҳо бо муваффақият гузашта, ба ҳурмату эҳтироми устодон соҳиб мегашт.
Амакаш академик Воҳид Абдулло таъкид мекард, ки ҷойи дӯстдоштааш китобхона бошад.
Он солҳо дар таътил донишҷӯёнро ба сохтмонҳои азим ё истироҳатгоҳи бачагон фиристодан анъана буд. Юсуф Абдулло бо роҳхат ба истироҳатгоҳи пешоҳангон, ки дар деҳаи хушҳавои Оҳалик ҷойгир буд, ба кор омад. Раиси ташкилоти иттифоқи касабаи фабрикаи шоҳибофӣ, ки истироҳатгоҳ дар тасарруфи он буд, ба сӯйи вай нигариста, бо тааҷҷуб пурсид:
– Ту чандсола?
– Ба ҳабдаҳ қадам мондам, – гуфт ӯ ва афзуд, – дар панҷсолагӣ ба синфи якум рафтам, ёздаҳ сол дар мактаб хондам. Ҳоло донишҷӯйи бахши аввали факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳастам.
– О узр, аммо туро ба кор гирифта наметавонам, – бо табассуми малеҳ фаҳмонд зани маллаандоми рус, – охир ту чӣ тавр ба бачаҳои як-ду сол аз худ хурд амру фармон медиҳӣ? 
Юсуф Абдулло оҳи бадард кашида меандешид, ки чӣ тавр ба дили ин зани якраву ҷиддӣ роҳ ёбад. Ҳамин вақт марди миёнсоле, ки дар шафати ӯ менишаст, ба гап ҳамроҳ шуд:
– Лилия Николаевна, ин ҷавонро ба ихтиёри ман диҳед, мо ҳамроҳ кор мекунем. Ба ман ёрдамчӣ зарур.
– Агар ягон гап шавад,  худатон ҷавобгар, – норозиёна ғур-ғуркунон коғазҳоро пур карда гуфт Лилия Николаевна. 
Ана ҳамин тавр Юсуф Абдулло ҳамчун ёрдамчии сарвари истироҳатгоҳи пешоҳангон — Карим Ҳусаинович гашт ва аз рӯзи нахуст бо як шавқу ҳаваси беандоза ба кор пардохт. Соли дигар бошад, сарвари пешоҳангону мураббиён таъин гардид.
Аз ҳама муҳимаш, солҳои таҳсил дар донишгоҳ аз шарқшиносони машҳур В. Бартолд, профессорон И. Умняков, Полина Ген, М.  Абрамов, М. Самеъбоев ва дигарон сабақ гирифт.
– Ӯ бо тавсияи устодонаш баъди дипломи имтиёзнок гирифтан, бо роҳхати донишгоҳ роҳи Тошкандро пеш гирифт ва корманди илмии Академияи улуми Ӯзбекистон шуд ва бо роҳбарии мудири шӯъбаи ховаршиносӣ Баҳриддин Маннонов ба навиштани рисолаи номзади фанҳо пардохт. Роҳбарияти академия кӯшишу ғайрат ва ҷаҳонбинии фарохи ӯро ба ҳисоб гирифта, барои таҷрибаомӯзӣ шаш моҳ ба Амрико фиристоданд. 
Оғози солҳои ҳаштодум буд, ки занги телефони утоқи кориаш баланд шуд.
– Лаббай, – гӯён гӯшаки телефонро бардошт ва амри котибаро шунид:
– Зуд назди роҳбар оед, – фаҳмонд ӯ, – аз марказ вакил омадаасту шуморо мепурсад.
Юсуф Абдулло бо сад фикру хаёл ба назди сарвар омад. Вакили марказ гӯё ӯро аз бачагӣ мешиносад, хеле самимона сӯҳбат ороста, ниҳоят ба мақсад гузашт:
– Бегоҳӣ ба Маскав парвоз мекунед. Аллакай бароятон ба ҳавопаймо чипта гирифтем ва аз меҳмонхонаи марказӣ ҷой тайёр кардаанд. Пагоҳ шуморо котиби аввали кумитаи марказии ҷавонон – ВЛКСМ рафиқ Борис Пастухов қабул мекунад. Роҳи сафед!
– Азизамон Юсуфҷон, – гуфт пас аз вохӯрӣ Борис Пастухов, – аз байни 42 миллион аъзои комсомол  танҳо шуморо интихоб кардем, ки ба Афғонистон фиристем. Зеро шумо олами шарқро хуб медонед ва таҷрибаи корӣ ва ҳаётӣ доред, ба забони дарӣ балад ҳастед. Ҳамагӣ се моҳ чун мушовир кор мекунед.
Аммо се моҳ ба се сол кашол ёфт. Вай дар 24 вилояти мухталифи Афғонистон савораю пиёда азми сафар кард, шоҳиди воқеаҳои нохушу тоқатфарсо гардид, чанд маротиба бо аҷал рӯ ба рӯ шуд, хушбахтона дуои хайри волидайн буд, ки сиҳҳату саломат ба зодгоҳ баргашт.
Бо гузашти айём дар мартабаҳои баланди идораҳои ҳизбӣ, давлатӣ, вазоратҳои гуногун адои вазифа кард. Нахустин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистони соҳибистиқлол дар Русия буд. Дар Самарқанд барои ташкил кардани Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷӣ асос гузошт. 
Ҳоло ӯ ректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд аст ва аллакай таълимгоҳи ӯ дар дунё шӯҳратёр гардид.
Боиси хушнудист, ки дар арафаи рӯзи муаллимон шогирдони бешумори ӯ, ки дар байни онҳо сафиру ректор, журналисту тарҷумон, забондону доктори фанҳо хеле бисёранд, устоди худро табрику таҳният мегӯянд.

Акмал СУЛТОНОВ, проректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: