«ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...»

Зери чунин шиор ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар нигористони «Регистон» намоиши асарҳои навъи кундал, ки аз ҷониби омӯзгорону шогирдони Донишкадаи санъат ва дизайни Душанбешаҳр офаридаанд, тантанавӣ кушода шуд.

Дар чорабинӣ аҳли фарҳанг, рассомон, ҳайкалтарошон, мухлисони санъати тасвирӣ, вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ ва дигарон ширкат варзиданд..
Раиси Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон Иброҳим Валихӯҷаев ба анҷумани  фарҳангӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар  Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дод.
– Барҳақ, соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи наве боз шуд ва он бо хатти заррин сабт ёфт, – гуфт нотиқ. – Боиси хушнудист, ки ин муносибатҳои неку созанда, бешак, бо ному корнома, ибтикор ва ҷасорату матонати асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иртиботи ногусастанӣ доранд. Онҳо бо имону ихлоси пок ба истиқболи якдигар ва мардуми ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар қадамҳои устувор гузоштаанд. Имрӯз барои муошират ва рафту омади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, ёру дӯстон, саёҳату тиҷорат ва чорабиниҳои фарҳангӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Далели раднопазир дар Самарқанд ташкил ёфтани намоиши асарҳои навъи кундал аз ҷониби омӯзгорону шогирдони Донишкадаи санъат ва дизайни   Тоҷикистон аст. 
Аз фурсат истифода бурда, шумо, дӯстони азизу гиромиқадрро бо фарорасии 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии   Ӯзбекистон аз таҳти дил табрик гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. 
Сипас, ҳозирон бо таваҷҷӯҳи хосса асарҳои нотакрору ҳунармандона офаридашударо аз назар гузаронида, як олам таассурот гирифтанд.
– Санъати тасвирӣ воқеиятҳои дақиқу предметҳои мавҷударо тавассути образҳои реалӣ, дар шакли аслиашон инъикос мекунад, – гуфт ректори Донишкадаи санъат ва дизайни Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Ғанизода. – Мо беш аз 80 асари навъи кундалро овардем, ки дар асрҳои XIV-XV дар Самарқанду Бухоро машҳур буд ва онҳо дар ёдгориҳои таърихии ин ду шаҳри бузурги бостонию бӯстонӣ мушоҳида мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон ин ҳунарро дар офаридани иншоотҳои замонавӣ истифода мекунанд.
Дар донишкадаи мо санъати кундалро ҳаматарафа омӯхта истодаанд. Дар байни 1 ҳазору 500 нафар талаба 30 нафар писарону духтарони Ӯзбекистон низ ҳастанд. 
Дар омади гап бояд таъкид намоям, ки ман соли 1993 дар Самарқанд будам. Хушбахтона, боз омадам ба шаҳри бостонӣ. Дигаргуниҳо як олам. Воқеан, мо баъди Самарқанд ба Бухоро рахти сафар хоҳем баст ва дар он ҷо нигористони хешро ташкил мекунем.
– Ман бо ҳамкасбон, устодони Донишкадаи санъат ва дизайни Душанбешаҳр Сорбон Шифоев ва Муноҷот Бойматова омадам, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Муҳаммадкарим Расулов, – асарҳои хешро ба ҳукми мухлисон гузоштем. Дар Самарқанд мусаввирони номдор ва соҳибтаҷриба хеле бисёр, ки эшон ба амалиёти мо баҳои холисона хоҳанд дод. Бинобар ҳамин ин чорабиниро чорабинии сайқали истеъдод гуфтан мумкин аст. 
Дар поёни анҷумани фарҳангӣ сардабири  «Овози Самарқанд» Баҳодури Раҳмон  китобҳои тозанашри эҷодкорони тоҷики вилоят ва маҷаллаҳои «Дурдонаи Шарқ»-ро тақдим намуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори
 «Овози тоҷик « дар вилояти Самарқанд.
Аксбардор: 
Шаҳзод КЕНҶА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: