Номи сароянда, оҳангсоз ва мутриби номӣ Умар Ҳофизи Исфарангӣ (1844-1927), баробари ҳунармандони дигари бузурги Шашмақом аз қаламрави Исфара (Исфаранг) Зебопарӣ – ҳофизи дарбори Хӯқанди аҳди Худоёрхон, Қорӣ Носир ва Мирзоқурбон Солеҳ хеле маъруф ва муътабар аст.
Номи сароянда, оҳангсоз ва мутриби номӣ Умар Ҳофизи Исфарангӣ (1844-1927), баробари ҳунармандони дигари бузурги Шашмақом аз қаламрави Исфара (Исфаранг) Зебопарӣ – ҳофизи дарбори Хӯқанди аҳди Худоёрхон, Қорӣ Носир ва Мирзоқурбон Солеҳ хеле маъруф ва муътабар аст. Образи ин шахсиятҳои барҷастаи арсаи ҳунар, аз ҷумла Умар Ҳофиз аввалин маротиба дар китоби “Рӯзгори соҳибдилон”-и адиб ва публитсисти шодравон Отахон Латифӣ ва нависандаи сеҳрбаён Абдурофеъ Рабиев офарида шудааст. Ин китоб дар асл аз се ҳисса – қиссаи мустанад иборат аст: қиссаи аввал аз рӯзгору ҳунари Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, қиссаи дувум аз зиндагии ҳунарии Содирхони Ҳофизи Ҳуҷандӣ ва қиссаи севум аз шеваи ромишгарии навогарони қаламрави Исфара – Зебопарӣ, Умар Ҳофиз, Қорӣ Носир ва Мирзоқурбон Солеҳов нақл мекунанд. Аз ҷумла, бо очерки “Хӯшаи сербор”-и О. Латифӣ ва А. Рабиев марҳалаи нави таҷаллии ҳунари хунёгарии Исфара ва офариниши симои ҳунарварон дар адабиёти бадеии тоҷик оғоз ёфтааст. Муаллифон ба ҷойгоҳи зубдаи ҳунари мусиқӣ ба сифати пешбар ва такмилдеҳи санъати мақоми водии Фарғона ва миллати тоҷик баҳо дода, саҳифаҳои рангин, пурбор, пурифтихор ва пуринҳирофи рӯзгору ҳунари ононро бозгӯ карданд.
Дар меҳвари аслӣ ва асосии очерки “Хӯшаи сербор” ё “Асое, ки моро сӯйи мӯъҷиза бурд!” симои шахсияти маорифпарвар ва ҳунарвар Ибни Ямин Асомиддинзода ба сифати шахси калидӣ дар шинохти ҳунар ва ҳунарварон пеши назар омада, тарҳрезӣ ва устухонбандии он бо номи ӯ гиреҳ хӯрдааст. Аз ин очерк метавон ба хулосае омад, ки дар нақл ва нақди таърихи ҳунари мусиқӣ ва мақоми меросбарони ҳунарӣ донишу биниш ва андӯхтаҳои фитрии ҳунарвар ва маърифатпарвар хуб ба хидмат омадаанд. О. Латифӣ ва А. Рабиев аз нусхаи аввал симои пурнақши Ибни Яминро чун кушояндаи уқдаи ҳунар ва рози ҳунарварӣ намоиш дода, дар ин роҳ “асо”-и яке аз санъатварони мумтози Исфара Умар Ҳофизро ба сифати рамзи раднопазири уқдакушои розҳои гузаштаи таърих ба кор гирифтаанд. “Асо”-и сеҳргари Умар Ҳофиз аз диди ноқилони рӯзгори хунёгарон баёнгари зиндагии тоифаи ҳунар ва ҳалқаи пайванди ворисият ва меросбарии ҳунарӣ дар қаламрави Исфара мебошад.
Таваҷҷӯҳи муаллифон ба мавзӯоти густурда ва амиқрафти таърих дар фазои солҳои 80-уми асри гузашта бо ҳадафи эҳёи суннатҳои барозандаи ҳунари халқ ва таваҷҷӯҳи ҳарчи бештар ба образҳои интеллектуалии ғановатбахш ба тафаккури маънавии халқ арзиши баланд касб кард. Комёбии муаллифон дар офаридани ин гуна чеҳраҳои солори интеллектуалӣ боиси ривоҷу равнақи насри мустанад ва амиқрафти дарки ҳунар дар он давра гардид. Аввалин нақли ҳаводиси марбут ба эътибор пайдо кардану эътироф шудани ҳунарманди соҳиброҳ ва соҳибсабк Зебопарӣ дар ҳавзаи ҳунарии Хӯқанд – дарбори Худоёрхон низ баста ба донишу андӯхтаҳои таърихиву ҳунарӣ будааст. Аз нақлҳо бармеояд, ки ҳузури мунири аҳли ҳунари мусиқӣ дар фосилаи сад-саду панҷоҳ соли расидан ба пойгоҳи баланду пурарҷ ва мақоми барозанда ба вуҷуди падидаи зотии чанд насли ҳунар дар ин қаламрав вобаста будааст: Умар Ҳофиз аз авлоди Зебопарӣ буд... Ба Зебопарӣ фақат хоҳарзодааш – Умар Ҳофиз баробар меомад... Умар Ҳофиз аз бисёр ҷиҳат монандӣ дошт ба тағои худаш Зебопарӣ... Аз дунболи аъзои дастаи Қорӣ Носир, яъне Усто Обид, Мирзо Собит ва Усто Бобо аксар вақт бачаяке кашола шуда, ба чойхона меомад, ки ҷияни ин се бародар ба ҳисоб мерафт... Бачаяк Мирзо ном дошт...
Ҳузури Зебопарӣ, Умар Ҳофиз, Қорӣ Носир ва Мирзоқурбони Солеҳ чаҳор гӯшаи таърихи ҳунар дар ин қаламрави зебо будааст, ки барои равшан кардани асли пайванди зотиву ҳунарии миёни онҳо барои насли имрӯзаи мо андӯхтаҳои фитрӣ ва табаҳҳури таърихии ашхосе чун Ибни Ямин хеле мусоидат кардаанд.
***
Аз Умар Ҳофиз “Баёзҳо” боқӣ мондааст. «Баёзҳои Умар Ҳофиз» дафтари ашъорест, ки дар онҳо матни сурудаҳои ҳунарманд ва ромишгари маъруф Умар Ҳофизи Исфарангӣ гирдоварӣ ва дар асри ХIХ китобат шудаанд. «Баёзҳои Умар Ҳофиз» соли 1999 аз духтари хурдии Умар Ҳофиз – Бироҳила пайдо шудааст. Он аз ду дафтар иборат аст. Дафтари якум 198 саҳифаи дастхат аст. Унвон ё муқаддима надорад. Хатти баёз ба ду нафар мансуб аст. Дафтари дувум дорои 126 саҳифа.
Матни ашъор ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (туркӣ) гирдоварӣ шудаанд. Дар «Баёзҳои Умар Ҳофиз» тибқи завқу салиқаи шеърфаҳмии Умар Ҳофиз ғазалиёти шоирони маъруфи гузашта — Абдуллоҳи Ансорӣ, Саноӣ, Фахриддини Ироқӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Амир Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Соиб, Сайидо, Бедил ва ҳамчунин шоирони туркигӯй Навоӣ, Фурқат, Мавлоно Муин, Ҷазбӣ, Чиштӣ, Шайх Озарӣ, Равнақ, Муҳйӣ, Шаҳдӣ фароҳам омадаанд.
«Баёзҳои Умар Ҳофиз» барои таҳқиқу баррасии бархе аз масъалаҳои таърихи адабиёт ва мусиқии тоҷикон дар асри ХIХ арзиши муҳим дорад. Нусхаи зеракси «Баёзҳои Умар Ҳофиз» ба табъ расидааст.
Нусхаи зеракси «Баёзҳои Умар Ҳофиз» рӯзҳои баргузории фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом – эҳёи анъанаҳои классикӣ дар ҳамоиши тамаддуни кишварҳои Осиёи Марказӣ» бо саъйи олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Нурулло Ғиёсов ва Абдумавлон Самеев дар нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалили Хуҷанд ба табъ расидааст: «Баёзҳои Умар Ҳофиз». – Хуҷанд, 2003. – 352 с.
Дар пешгуфтор (с. 3-30) аз хусуси анъанаи баёз ва сабки баёзнигорӣ, мундариҷаи «Баёзҳои Умар Ҳофиз» сухан рафта, ду дафтари дастрасшудаи он тавсиф шудааст. Муаллифон бо қиёси ашъори фарогири баёз бо нусхаҳои дигар ба баёни хусусиятҳои адабӣ ва жанрии баёз имкон ёфтаанд.
Ин китоб барои равшан кардани масъалаҳои муҳими таърихи адабиёт ва мусиқии тоҷик, вежагиву арзиши «Шашмақом» кӯмак мерасонад. Китоб дар зери таҳрири зиндаёд Наимҷон Ҳакимов ба нашр расида буд.
Субҳони АЪЗАМЗОД.