Дар истироҳатгоҳи солимгардонии бачаҳои «Сармеш»-и тобеи идораи минтақавии Учқудуқи комбинати металлургияи кӯҳии Навоӣ беш аз 700 нафар писарону духтарон табъи дил истироҳат мекунанд.
Дар истироҳатгоҳи замонавӣ барои намоиш додани иқтидор ва бо шуғли дӯстдоштаи худ машғул гардидани ҳар як бача шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин ҷо маҳфилҳои бисер — дӯхтудӯз, пайкарасозӣ, наққошӣ ва апликатсия амал мекунанд. Дари китобхона ва Маркази маънавият ба рӯйи бачаҳо ҳамеша боз аст, «Радиои Сармеш» гуфторҳоро муттасил пахш мекунад. Журналистони ҷавон аз ҳаёти истироҳатгоҳ гуфторҳо омода месозанд.
Дар акс: дар истироҳатгоҳи солимгардонии «Сармеш».
Аксбардор: Сироҷ АСЛОНОВ (ӮзА).