ДИЛШОДХОТУН

Ба ҷумлаи бонувони сухангӯйи парданишин зан ва духтари шоири замони темурӣ Ҳасан Алии Ҷалоир шомил мебошанд, ки шамъафрӯзи маҳфили оилавии қаламфарсоӣ дар шеъру шоирӣ гардидаанд.

Ба ҷумлаи бонувони сухангӯйи парданишин зан ва духтари шоири замони темурӣ Ҳасан Алии Ҷалоир шомил мебошанд, ки шамъафрӯзи маҳфили оилавии қаламфарсоӣ дар шеъру шоирӣ гардидаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, воқеаномаҳо ва тазкираҳои гуногун дар бораи давраи ҳаёти аҳли оилаи Алӣ Ҷалоир ва писараш Ҳасан Алии Ҷалоир маълумот зиёд аст. Бонуи Ҳасан Алии Ҷалоир Дилшодхотун дар асл аз Табрез буда, дар баъзе сарчашмаҳо бо номи Моҳихонум низ қайд шудааст. Дар оила ҷумлаи зану мард ба назм иштиёқи зиёд доштанд. 
Дар бораи падари ӯ Алӣ Ҷалоири темурӣ Бобур Мирзо дар «Бобурнома» менависад, ки раъият нишон додааст ва ӯро ба мансаби бек муносиб шуморидааст ва  баъди аз ҷониби Ёдгор Муҳаммад забт шудани Ҳирот, гӯё аз Алӣ Ҷалоир дида шахси мақому маназалаташ баландтар набудааст.
Писари Алӣ Ҷалоир Ҳасан Алӣ Ҷалоир ном дошт. Мувофиқи нигориши  Бобур Мирзо номи аслии ӯ Ҳусейн Ҷалоир буда, бо номи Ҳасан Ҷалоир маъруфият доштааст. Алишер Навоӣ менависад, ки «Туфайлӣ» тахаллуси ӯст ва амирулумаро ва соҳибихтиёри подшоҳи олампаноҳ буд ва дар услуби қасида беназиру паҳлавон ва қасидаҳои хуби дилпазир бо номи подшоҳи ҷаҳонгир Султон Ҳусайни Ғозӣ дорад». Дар охири тавсифи худ Алишер Навоӣ  матлаеро аз назми ӯ меорад: 
Биҳамдиллаҳ, ки дигар раҳ ба иқболи шаҳи одил, 
Бурун омад гулам аз хору хор аз пову по аз гил. 
Ҳасан Алии Ҷалоир дар дарбори Султон Мирзо қушбегӣ буда, Бобур Мирзо ӯро чун шоири хушзавқ муаррифӣ намудааст, ки бо тахаллуси «Туфайлӣ» эҷод мекард. Дар «Бобурнома» омадааст: «Дар қасидасароӣ моҳир буда, дар ҳамон давра чун беҳтарин қасидасаро шинохта шуда буд. Соли 917 ҳиҷрӣ вақте ки ман Самарқандро забт кардам, Ҳасан Алии Ҷалоир назди ман омада буд. Дар назди ман панҷ-шаш сол кор кард ва яке аз қасидаҳои хубашро ба ман низ бахшида буд».
Хондамир қасидаи дар радифи шикаст навиштаи Туфайлиро тавсиф карда қайд кардааст, ки шояд касе бо ин радиф дар чунин ҳаҷм қасида нанавишта бошад ва чанд байте аз он овардааст:
Нахли қаддат ҷилва кард қадри санавбар шикаст,
Лаъли лабат ханда зад, қимати гавҳар шикаст.
Пистаи ту ғунчаро хун ба дарун зад гиреҳ,
Ғунчаи ту пистаро ханда ба лаб даршикаст.
Навҳаи қумрӣ чарост гар на зи ёди қадат?
Сарсари оҳам ба боғ қимати ар-ар шикаст. 
Ҳомии амну амон шоҳ Бадеуззамон
Он ки ба бозуи адл пушти ситамгар шикаст. 
Ҳасан Алии Ҷалоир бо ҳамсафари рӯзгори худ Дилшодхотун, ки аллакай дар ҷодаи сухангустарӣ то ба ӯ обрӯ пайдо карда буд, фарзандони фаррухрӯзгорро ба дунё меоранд, ки бузургдошти номи онҳоро таъмин кардаанд. 
Усмон Назиров Дилшодхотунро чун завҷаи ҳокими Балх Амир Ҳусайни Ҷалоир муаррифӣ карда, байти зерашро  овардааст:  
Ашке, ки сари гӯшаи чашмам бурун кунад,
Бар рӯйи ман нишинаду даъвои хун кунад. 
Боиси таассуф аст, ки аз осори ӯ намунаи бештаре дастраси мо нашудааст, лекин ҳамин қадараш маълум аст, ки номи шоира Дилшодхотун низ дар қатори дигар бонувони сухангустари замона, ки бо забони тоҷикӣ боғи шеър оростаанд, таҷаллӣ ёфтааст. 
Писари онҳо Муҳаммадалии Ҷалоир низ шоир буда, бо тахаллуси «Нисорӣ» эҷод мекард.

Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: