Ҷараёни Нақшбандия яке аз машҳуртарин равияҳои тасаввуф аст, ки дар асри XIV пайдо шудааст.
Асосгузори ин ҷараён Баҳоуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Бухорӣ буд, ки бо падари худ ба рӯйи матоъ ва фузулот нақш мебаст. Аз ин рӯ, ин ҷараёни мазҳабӣ бо ин ном зиёда аз 600 сол аст, ки машҳури дунё шудааст.
Яке аз давомдиҳандагони ин равияи силсиладор дар асри XX Ҳазрат Ҳоҷӣ Аҳмадҷон Махдуми Ҳанафӣ — Нақшбандӣ Зархонагӣ мебошад.
Мо бо камоли эҳтиром номи ин олими бузургро ба забон мегирем ва бо фахру ғурур гуфта метавонем, ки яке аз пайравони тариқати Нақшбандия олими беназир ва Шайхи асри XX Ҳазрат Ҳоҷӣ Аҳмадҷон Махдуми Ҳанафӣ Нақшбандӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) мебошад. Ному насаби пурраи он шахси соҳибэҳтиром Аҳмадҷон Махдум ибни Домулло Шоҳмурод ибни Домулло Розиқ ибни Муҳаммад Сиддиқ ибни Домулло Ашур мебошанд. Ин зоти шариф дар таърихи 1939 дар деҳаи хушманзараи кӯҳистони Зархонаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё таваллуд ёфта ба камол расидааст.
Муаллифи китоби «Буюк термизийлар» Мирзо Кенҷабек дар васфи ин шахсияти бузург овардааст: «Ба ин зоти бузург аз хулқи мубораки Ҳазрат Расуллуллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам насиба дода шудааст, аз бӯйи муборакашон хушбӯй гардонида бо дардашон дардошно буда муршиди асил ва комил, дар боби фиқҳ, тақво ва амал ноёб буд. Қалбаш пур аз ишқи илоҳӣ, чашмонаш пурнам, суханонаш пурҳикмат, намунаи ибрат, ҳалим ва салим буд. Назар ба кори дунё, ба кори охират моҳир буд».
Ман бо камоли эҳтиром ва фахр гуфта метавонам, ки мо бо ин олими бузург «ҳамсоябоғ» будем, дасти муборакашро чандин бор гирифтаам ва ҳамсуҳбат шудаам. Дар васфаш гуфта метавонам, ки: «Яке аз шахсиятҳои бузурги асри XX, соҳиби илми раббонӣ, чеҳраи зебои нуронӣ, қади баланд, саллаи на он қадар калони сафеду сиёҳи ба сар ва қаду қомат зебанда, риши мошу биринҷи дароз, қаду қомати баланд, рухсораҳои доим сурхи ҷаззоб, чашмони пурмеҳр, дастони пурсаховат, дили пурсабр, соҳиби илми бепоён, дар боби адаб ва муомила беназир, гӯё як офтоби пинҳон буд, ки аз суҳбаташ ҳеҷ сер намешудед».
Маълум мешавад, ки алломаҳои бузурги Осиёи Марказӣ ба Аҳмадҷон Махдум устодӣ кардаанд. Дар китоби «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридаддин Аттор баъзе зотҳои бузург бо кӣ вохӯрдаанд ва ҳамсуҳбат шудаанд, ҳамчун сабаб ва омили бузургӣ нишон дода шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар илми тасаввуф ба олимон ва шайхон дараҷаи бузургӣ ба кадом зотҳои бузург ва азиз вохӯрдаанд ва ҳамсуҳбат шудаанд ва ё аз онҳо таълим гирифтаанд, нигоҳ карда баҳо ва дараҷа медоданд. Аҳмадҷон Махдум аз бисёр олимон ва донишмандони Осиёи Марказӣ илм омӯхтааст ва ба бисёр олимон ва донишмандон устодӣ низ кардааст.
Таълими ибтидоии сарфу наҳв ва фиқҳро аз падари бузургвораш Домулло Шоҳмурод гирифтааст. Дар маълумотҳо оварда шудааст, ки падараш Домулло Шоҳмурод яке аз таҳсилкардаҳои мадрасаи Бухорои Шариф буда муршид, тақводор, парҳезкор ва олими барҷаста буд.
Дар байни мардуми Зархона нақл ҳаст: Нафаре аз мардуми Зархона ба Бухорои Шариф ба мақсади таҳсили илм меравад. Дар вақти таҳсил ба устодон шинос мешавад ва устодон мефаҳманд, ки шогирди нав аз деҳаи Домулло Шоҳмурод аст. Дар ҷараёни суҳбат устодони Бухороӣ мегӯянд: «Илми Бухороро Домулло Шоҳмурод бо аспу шутур бор карда бурд». Ин маънои онро дорад, ки мо дар байни шогирдон мисли Домулло Шоҳмурод дигар соҳибилм надидаем.
Ҳазрат Махдум дар «Тарҷумаи ҳол» қайд мекунад: «Падари бузургворам маро аз хурдӣ дар сарам салла монда ба намози ҷамоат мебурданд, аз кӯдакӣ ба ман бо қалб зикр карданро меомӯзониданд ва аз ҳар кас дар ҳаққи ман дуои хайр мегирифтанд».
Падараш ба шиори тариқати Нақшбандия «Дил ба ёру даст ба кор» пайравӣ намуда, бо касби деҳқонӣ ва боғдорӣ машғул шуда, боғҳо бунёд кардааст. Ин касб ба фарзандашон Аҳмадҷон Махдум ва ба фарзандони ин зоти шариф низ мерос гузаштааст.
Дар боби илм омӯхтан ва ё омӯзонидан ёки бо касбу ҳунари ҳалол меҳнат кардан ҳолатҳое мешавад, ки писар аз падар шараф меёбад ва ё падар аз писар шараф меёбад. Шогирд аз устод ва ё устод аз шогирд шараф меёбад. Бузургии Аҳмадҷон Махдум дар ин аст, ки ҳам аз падар шараф ёфтааст ва ҳам ба писарон шараф гузошта. Ҳам аз устодон шараф ёфта ва ҳам ба шогирдон шараф гузошта.
Аз Шайх Аҳмадҷон Махдум китоби пурқимате бо номи «Рисолаи суҷуди саҳв» мерос мондааст, ки дар тамоми мамлакат ва берун аз он муштариёни зиёде дорад.
Аҳмадҷон Махдум Хоҷа Алоуддин Атторро (домоди Хоҷа Баҳоуддин Нақшбанд, зиёратгоҳашон дар ноҳияи Деҳнав) пири рӯҳии худ медонист. Ҳазрат гуфтааст: «Дар ҷавонӣ ба дарди хастаи дил гирифтор шудам. Дар ҳеч ҷой даво наёфтам. Ба зиёрати қабри Хоҷа Алоуддин Аттор рафтам ва дар сари қабри ин шахсияти бузург ба Аллоҳ дуо ва илтиҷо карда ба дарди дилам шифо хостам. Дуоям ба охир нарасида, хастагӣ аз дилам берун рафт».
Шайх Аҳмадҷон Махдум ба олими барҷаста, шайхи замон Ҳазрат Шайх Аҳмад Зулфиқори Покистонӣ соли 1993 дар ҷашни 675 солагии таваллуди Баҳоуддини Нақшбанд дар Бухорои Шариф ҳамсуҳбат шудаанд. Ҳазрат Шайх Аҳмади Покистонӣ дар давоми суҳбат гуфтааст: «Эй мардум, огоҳ бошед, мо ба диёри шумо барои обрӯ ва молу давлат наомадаем. Балки ишорат ва амонати Ҳазрат Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва салламро бо ин зоти бобаракот супориданӣ омадем». Дастони Аҳмадҷон Махдумро гирифта, тавба кунонида тариқатро шарҳ додааст. Ва саллаи муборакашро ба сари он кас гузошта силсилаи шарифро ба дасташ супорид, дар он силсила дар рақами 41 номи мубораки Шайх Аҳмадҷон Махдуми Нақшбандӣ сабт шуда буд.
Баъд аз ин ин ду шайхи бузурги замон соли 1996 дар Мадинаи Мунаввара дар масҷиди Ҳазрат Набӣ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вомехӯранд ва охирин дидорбинии онҳо соли 1998 дар шаҳри Бухорои Шариф ба вуқӯъ мепайвандад.
Ҳазрат Шайх Аҳмадҷон Махдум 3 августи соли 1999 дар шаҳри Тошканд дар синни мубораки 60 вафот мекунад. Зиёратгоҳаш дар деҳаи хушманзараи Зархона, дар паҳлуи қабри падараш Домулло Шоҳмурод ҷойгир шуда, солҳои зиёд аст, ки зиёратгоҳи мардуми маърифатпарвар буда, аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ва мамлакатҳои хориҷӣ омаду рафт мекунанд.
Мардони Худо Худо набошанд,
Лекин зи Худо ҷудо набошанд.
Ман боварии комил дорам, ки дар оянда ҳаёт, фаъолият ва корҳои илмию эҷодии ин шахсият омӯхта хоҳанд шуд.
А. САМИЕВ,
мудири кафедраи педагогикаи Донишкадаи педагогии Тирмиз,
доктори илмҳои фалсафа
оид ба педагогика.