МАОШИ «ПРОФЕССОР» ВА «ДОТСЕНТ» ДАР МАДРАСАИ НАВОӢ

Баъди хондани сарлавҳа табиист, ки саволи «Дар замони Навоӣ оё вазифаҳои «профессор» ё «дотсент» буд ва маоши онҳо то куҷо фарқ мекард?» ба миён меояд.

Илм бояд ба ин суолҳо ҷавоби дақиқ диҳад. Навоӣ асари «Вақфия»-и худро вақте навишт, ки 40 сол дошт. Дар он оварда шудааст, ки дар рӯ ба рӯйи мадраса хонақоҳест, дар байни онҳо роҳест сангфарш. Ба мутаваллӣ супурда шудааст, ки бояд ҳар сол ин роҳро таъмир намояд. Дар «Макорим-ул-ахлоқ»-и Ғиёсиддин Хондамир омадааст, ки он мадрасаи «Ихлосия» ва хонақоҳи «Халосия» мебошад. Зеро муаррих оварда, ки хонақоҳи «Халосия» дар рӯбарӯйи мадрасаи «Ихлосия» сохта шудааст. Мақсад аз овардани ин факту далелҳо ёдрас кардани он аст, ки Навоӣ дар «Вақфия» сухан аз вақфи мадрасаи «Ихлосия» ба миён овардааст. Асар қисми басе муҳиме дорад зери сарлавҳаи «Арбоби вазоиф», яъне «соҳибвазифагон».
«Арбоби вазоиф» то ҷое мафҳуми «ҷадвали штатҳо»-и имрӯзро ифода менамояд. Дар он, воқеан, теъдоди ходимони мадраса, миқдори маош ва вазифаҳояшон дақиқ оварда шудааст.
Бино ба маълумоти ин қисм дар мадраса 22 нафар толиби илм мехондаанд, дар хонақоҳ  21 нафар ходим меҳнат мекардаанд. Агар рӯйихати онҳоро тартиб диҳем, чунин манзара пеши назар меояд: мударрис — 2 нафар; мусаддир — 1 нафар; соир — 5 нафар; шайх - 1 нафар; воиз - 1 нафар; имом (хатиб, мактабдор) — 1 нафар; муқрӣ — 1 нафар; таббохи хонақоҳ — 1 нафар; табақчӣ — 1 нафар; фаррош — 1 нафар; ходим —  2 нафар; мутаваллӣ — 1 нафар; навкар — 2 нафар; мушриф — 1 нафар.
Яъне, ба 22 нафар толибилм, бино ба 14 вазифа, 22 нафар ходим дар хидмат будаанд. Қариб ба ҳар 1 толибилм 1 ходим рост меояд, ки аз рӯйи мизони имрӯз нишондиҳандаи хеле баланд аст. Як пеши назар оред: дар муассисаи таълими олие, ки ҳазор нафар донишҷӯ дорад, ҳазор нафар бо корҳои таълиму табия ва хоҷагӣ машғуланд.
Факти муҳими дигар ин аст, ки толибилмон низ маоши муайян, яъне стипендия мегирифтаанд. Ба толибилмон се навъи стипендия дода мешудааст. Якумаш  —  аъло (стипендияи аъло). Бино  бар он ба гирандаи «стипендияи аъло» моҳе 24 тиллои нақд ва соле 5 харвор гандум пардохта шудааст. Дуюм — авсат (миёна, яъне сипендияи хубхонҳо). Бино бар он ба толиби илм ҳар моҳ 16 тилло, соле 4 харвор гандум пардохта шудааст. Сеюм  —  адно (стипендияи паст, мутобиқ ба қаноатбахши имрӯза). Бино бар он ба толибилм ҳар моҳ 12 тилло ва соле 3 харвор гандум дода шудааст. Пас, стипендияи аъло аз стипендия миёна 1, 5 баробар ва аз стипендияи паст 2 баробар зиёд будааст.
Вале дар ин ҷо ба як чиз равшанӣ андохта нашудааст. Ба толибилмон стипендияҳои «аъло», «авсат» ва «адно» бино ба дараҷаи донишашон пардохта шудааст ё вобаста ба соли хониши онҳо? Ба ин савол танҳо аз рӯйи факту далелҳои таърихӣ метавон ҷавоби илмӣ дод. Алҳол метавон такя ба фарзияҳо кард.
Медонем, ки дар асрҳои миёна мадрасаҳоро яке дар тӯли 5 ё 6 сол, дигаре дар тӯли 7 ё 8 сол хатм мекард. Бино бар ин ҳолат метавон гуфт, ки «стипендияи аъло» ба толибилмоне дода шудааст, ки дар арафаи хатм кардани мадраса будаанд. Яъне, вобаста ба дараҷаи илм ва зинаи таълим пардохта шудааст. Эҳтимол, ба ин дараҷа яке камтар хондааст, дигаре бештар.
Маоши муқрӣ маоши камтарини ходимони мадраса ва хонақоҳ будааст, яъне онҳо соле 100 тилло ва 5 харвор гандум мегирифтаанд. Миқдори «стипендияи аъло» аз ин се баробар зиёд аст. Зеро «стипендияи аъло» соле 288 тилло ва 5 харвор гандумро ташкил додааст. «Стипендияи хуб» аз он қариб 2 баробар зиёд аст. Зеро он 192 тилло ва 4 харвор гандумро ташкил медиҳад. «Стипендияи қаноатбахш» аз он қариб 1,5 баробар зиёд аст. Зеро ба он соле 144 тилло ва 3 харвор гандум дода мешуд. Ин нишондиҳандаҳо аз он дарак медиҳад, ки толибилмон обрӯйи баланд доштаанд.
Маоши мударрис ба ҳисоби тилло аз «стипендияи аъло» 4 баробар зиёд будааст, яъне соле ба ӯ 1200 тилло дода мешуд. Толибилмон ба гурӯҳҳо тақсим карда шудаанд. Дар ҳар гурӯҳ 11 толиби илм таҳсил кардааст.
Бигирем, агар «мударрис»-и мадраса «профессор»-и имрӯза аст, «мусаддир» дар пояи «дотсент»-и имрӯз қарор доштааст.   
Мударриси мадрасаи  «Ихлосия» аз мусаддир қариб 2,5 баробар зиёд маош мегирифт (муқоиса кунед: 1200 : 500 = 2,4). Мадраса роҳбар низ дошт, ки мутаваллӣ меномидандаш. Яъне «ректор»-и имрӯза. Ӯ навкарони худро низ дошт. Онҳо дар заминҳои вақфи мадраса корҳои деҳқониро ба тартиб медароварданд ва назорат мекарданд. Ба мутаваллӣ соле 3 ҳазор тилло ҷудо карда шуда буд. Вале ӯ аз 6 чор ҳиссаи онро ба худ мегирифту 2 ҳиссаашро ба ду навкар медод. Муайн намудаанд, ки ӯ 2 ҳазор тилло мегирифтаасту ба ҳар кадоми навкар панҷсадӣ (тилло) медодааст.  
Мутаваллӣ бо идораи молу мулк ва таъмири иморатҳо сарукор дошт. Маоши мударрис дар ҷойи дуюм буд, шайх дар ҷойи сеюм қарор дошт. Вале шайх дар хонақоҳ масруфи кор буд. Суфиён дар хонақоҳ аз ӯ таълим мегирифтанд.
Имрӯз донистани он, ки соҳиби ин 14 вазифа чӣ корҳоро анҷом медоданд, яъне дар мадрасаю хонақоҳ меҳнат чӣ хел тақсим карда шуда буд, басе муҳим аст. Вале барои донистани  ин бояд, ба ҷуз «Вақфия», ба дигар сарчашмаҳо низ муроҷиат кард. 
Навоӣ сохтори якҷо таълим додани илми зоҳир (дин) ва илми ботин (тасаввуф)-ро пазируфтааст. Аз ин рӯ, хонақоҳу мадрасаро дар канори ҳам дидан мехост. «Ихлосия» номида шудани мадраса ва «Халосия» ном гирифтани хонақоҳ низ рамзист. Дар урфият «ихлосу халос» гӯянд, ки бе ҳикмат нест. Яъне, «Аз таҳти дил ихлос кунӣ, аз дард халос мешавӣ». Вале Навоӣ дар ин маврид ба камолоти рӯҳӣ расидан (амиқ омӯхтани илмҳо, аз иллатҳо халос шудан)-ро дар назар дорад. 
Имом-хатиб низ аз вақфи мадраса маош гирифтааст. Ба зиммаи ӯ мактабдорӣ гузошта шуда буд, Яъне дар назди мадраса мактаб низ будааст, ки он-ро метавон литсейи академӣ номид.
Ғиёсиддин Хондамир навиштааст, ки Алишер Навоӣ мадрасаеро бо номи «Шифоия» созонд, ки дар он ҷо мутахассисони тиббӣ омода карда мешуд: «Шифоия» (мадраса) дар самти ғарбии ин мадраса (мадрасаи «Халосия» дар назар аст), дар ҷойи тозаву озода бунёд гардидааст, ки имрӯз дар ин маскан Мавлоно Ғиё-сиддин Муҳаммад ибни Мавлоно Ҷалолуддин аз улуми тиб таълим медиҳад».
Ин аз он далолат медиҳад, ки  дар мадрасаҳои он давр таълими олии ихтисосонидашуда роҳандозӣ шуда будааст. Аз ин дидгоҳ мо метавонем мадрасаи «Ихлосия»-ро дар пояи донишгоҳ ва мадрасаи «Шифоия»-ро   дар пояи  донишкадаи имрӯза гузорем. 
Суоле пайдо мешавад, ки дар аҳди темуриён чаро илму фан ба ин дараҷа рушд кард?  Ҳақиқати таърихӣ  ин аст, ки агар маблағ ҷудо карда шавад,  ҳама соҳа ривоҷ меёбад. 

Султонмурод ОЛИМ,
доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи фанҳои амалии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: