БА НИЗОМИЁН ҒАМХОРИҲОИ ЗИЁД ЗОҲИР ГАРДИД

Дар ноҳияи Сирдарё ба як гурӯҳ низомиён, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат мекунанд, калидҳои яке аз хонаҳои 4 ошёна, ки ба қарибӣ ба истифода дода шудааст, тантанавор супурда шудаанд.

Дар ин тантана як гурӯҳ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарияти округи ҷанубӣ-шарқӣ ширкат варзиданд. Ҳокими вилоят Акмал Маҳмудалиев дар баромадаш қайд кард, ки солҳои охир ҳукумат барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии низомиён ғамхориҳои зиёд зоҳир мекунад. Чунин ғамхориҳои мислаш қаблан диданашуда ҳатман дар руҳияи ҷанговаронаи низомиёни мо нақши мусбат мебозад ва онҳо вазифаи худро бо дилу ҷон ва садоқат ба ҷо хоҳанд овард.
Ба 50 нафар низомие, ки то ҳанӯз соҳиби хона набуданд, калиди хонаҳоро супориданд.
Ҳоло дар ҳудуди маҳалла корҳои оиди мумфарш кардани роҳҳо, мактаби таълими умумӣ, таъмиру таҷдиди поликлиникаи оилавӣ ва идораи маҳалла муташаккилона бурда мешаванд.
– Мо чанд сол боз дар иҷора менишастем. Имрӯз бароямон рӯзи хурсандист ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Аз фурсат истифода бурда аз номи тамоми оилаҳои низомиён, ки имрӯз соҳиби хона гаштанд, ба Президент ташаккур мегӯям, — гуфт дар сӯҳбат Нозима Абдусаломова.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик.

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: