Иди 32-солагии Мустақиллияти Ӯзбекистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу ҷалол таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат дар ҷойҳо иншоотҳои саноатӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ бунёд ёфта, ба истифода супорида мешавад.
Чунин як туҳфа ба иди истиқлол бинои истиқоматие, ки барои ҳарбиён дар шаҳри Тирмиз бунёд ёфтааст, дар арафаи ид супорида шуд. Яъне, 100 нафар ҳарбиён бо хонаҳои наву шинами дорои ҳамагуна шароит таъмин карда шуданд. Ба ин муносибат тадбири хотирмоне созмон ёфт ва дар он хидматчиёни ҳарбӣ, аҳли оилаи онҳо, офитсерону сержантҳо, нафақахӯрони ҳарбии Вазорати мудофиа, нурониён ширкат варзиданд. Хурсандии соҳибони хонадон ҳадду канор надошт. Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов ба сухан баромада, соҳибони хонадонро табрик гуфт ва ба хонадонашон амну осоиштагӣ, дар роҳи мудофиаи халқу Ватан ба онҳо омад хост. Тадбир ба як иди ҳақиқӣ табдил ёфта, барномаҳои мусиқӣ хотири ҳозиринро шоду масрур сохт.
Ҳамчун маълумот ёдрас мекунем, ки бинои мазкур аз тарафи «Сурхон саноат қурилиш» ва ҶММ «Monolith dom service» бунёд ёфта, қиммати умумияш 9,3 млрд. сӯмро ташкил мекунад.
Олим ПАНҶИЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.