ҲАФТАИ XII-И АХБОРИ МИЛЛӢ-КИТОБХОНАВӢ ОҒОЗ ЁФТ

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ Ҳафтаи XII-и ахбори миллӣ-китобхонавии «Инфолиб Ӯзбекистон – 2023» ташкил карда шуд.

Ҳафта дар марказҳои иттилоотии китобхонавии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд низ гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузор кардани «Инфолиб Ӯзбекистон – 2023» рушди минбаъдаи соҳаи ахбору китобхонавӣ, то ба аҳолӣ расондани манбаъҳо, шакл ва усулҳои гирифтани маълумот, пешниҳоди хидматҳо ба истифодабарандагон, тарғибу ташвиқи мутолиаи китоб, пурзӯр кардани рағбати ҷавонон ба китобхонаҳо аз тариқи чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани донишҳои зеҳнӣ нигаронида шудаанд, ба шумор меравад.
Бобати ҷорӣ намудани  панҷ ташаббуси муҳим, ки ба таъмин сохтани таълим ва тарбияи босифати ҷавонон, дастгирии ҳамаҷонибаи рағбати онҳо ба фарҳанг, санъат, технологияҳои иттилоотӣ, хондани китобҳо нигаронида шудаанд, корҳои самарабахш амалӣ мешаванд. Дар доираи Ҳафта таҳти шиори «Китобдори ҷавон: ғайратманд, ҷӯё, соҳибистеъдод» анҷумани «Китобдорони Ӯзбекистони Нав – нирӯйи нав, имконияти нав, қуллаҳои нав» баргузор мегардад. 
Бо дарназардошти шавқу ҳавас ва пешниҳоди иштирокдорони анҷуманҳои пешина дар доираи чорабинии кунунӣ гузаронидани суҳбатҳо бахшида ба омӯхтани таҷрибаи китобхонаҳои кишварҳои ҳамсоя, технологияҳои нави иттилоотии соҳаи китобхона, асрори комёбиҳо, мулоқоти китобдорони ҷавон бо мутахассисон дар мавзӯи рушди касб, ҳамчунин машварат-тренингҳо, мулоқоти маънавӣ, сабақҳои устодӣ доир ба суратҳо пешбинӣ шудаанд. 
Бо иштироки нашриётҳо намоиш ва бозорҳои китоб, тадбирҳо бинобар таҳкими донишҳои маънавиву маданӣ, саволу ҷавобҳо, вохӯриҳои эҷодӣ бо арбобони илму фарҳанг, намоишҳои театрикунонидашуда ташкил карда мешаванд. 
Дар барномаи Ҳафта баргузор намудани конфронси илмии «Хониши бетгеровӣ – 2023. Китобхонаҳои Ӯзбекистони Нав – манбаи дониш ва пешрафт», тренинги амалӣ барои китобдорони ҷавон «Истифодаи усулҳои замонавӣ дар тарғибу ташвиқи китобхонаҳо», рӯнамоии китоби «Мероси илмиву фалсафии Берунӣ аз назари олимони Ғарб», ки аз ҷониби нашриёти «Маънавият» чоп шудааст, мулоқоти эҷодӣ бо ноширон, вохӯрии ошкорои ҷавонон бо роҳбарони Китобхонаи миллии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Китобхонаи давраи Эҳё – китобхонаи насли нав: минбари андешаҳои ман», суҳбат бо офарандагони филми «Абдулло Орипов» пешбинӣ шудаанд. 
Ҳар як рӯзи Ҳафта унвони худро дорад, чунончи, «Рӯзи мулоқот», «Рӯзи маҳорати касбӣ», «Рӯзи илм», «Рӯзи китобдӯст», «Рӯзи ҳамоҳангии таърих ва санъат» ва аз чорабиниҳои гуногунранг ғанӣ мебошад. 

Назокат УСМОНОВА, 
хабарнигори ӮзА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: