Ислоҳот дар низоми таълим: НАТИҶА, САМАРА ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОН

Ҳоло дар сартосари мамлакатамон ба рушди салоҳияти эҷодиву интеллектуалии ҷавонон ва офаридани шароити зарурӣ барои ин эътибори алоҳида дода шудааст.

Ба хусус, дар ин бобат фароҳам оварда шудани шароити зарурати ҳуқуқӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз ҷумла, Қарори Сарвари давлат аз 20 феврали соли 2019 «Дар бораи чорабиниҳои ташкил намудани мактабҳои президентӣ» ва Қарори Девони Вазирон аз 25 июни соли 2019 «Дар бораи тасдиқ намудани низом оиди мактаб-ҳои президентӣ» дар соҳа ҳамчун дастурамали муҳим хидмат мекунад.
Дар доираи иҷрои чунин қарордодҳо ҷиҳати муайян намудани ҷавонони боистеъдод , интихоб ва таълими насли боиқтидор, намоён кардани имконияти интеллектуалии онҳо ва фароҳам овардани муҳити таълими бисёрсоҳавӣ мактабҳои президентӣ ташкил карда шуд. Қабул гардидани хонандагон мувофиқи салоҳияти интеллектуалӣ ва тафаккури эҷодӣ дар чунин масканҳо, дуруст ташкил карда шудани ҷараёни хонишу тарбия, даъват гардидани педагогҳои моҳир, аз ҷумла, ҷалби мутахассисони хориҷии бомалака дар муддати кӯтоҳ натиҷаи босамари худро дод.
Ҳоло мо метавонем бо чунин далелҳо андешаҳоямонро собит созем. Соли 2022 14-то мактаби президентӣ аз рӯйихати созмони байналхалқии Кембриҷ бомуваффақият гузашта, ба маркази санҷишии расмии «A Level» табдил ёфт. Мактабҳои президентии шаҳрҳои Нуқус, Хева, Намангон ва Тошкандро ҷамъ 92 нафар хонанда хатм намуда, 88 нафари онҳо даъватномаи таълим дар муассисаҳои таълими олии хориҷиро соҳиб гардиданд.
Муваффақияти хатмкунандаи мактаби  президентии шаҳри Хева Ҳидоят Рӯзметов бошад, барои ҳамаи хонандагон ибратбахш аст. Ӯ дар як вақт ба миқдори 2,5 млн. доллар грантҳои Kings College Британияи Кабир, ки дар рейтинги дунё ҷойи 37-умро ишғол менамояд, University of Arizona, ки ба беҳтарин-300 дохил мешавад ва 23-то муассисаи таълими олие, ки вориди 1000-тоии беҳтаринанд, соҳиб гардид. 
Соли ҷорӣ бошад, 326 нафар хонанда мактабҳои президентиро хатм намуданд, ки ҳамаи онҳо соҳиби забондонии байналхалқӣ (IELTS), 50 фоизашон соҳиби сертификате, ки дараҷаи забони англисӣ ва математикаи байналхалқӣ – SAT-ро муайян менамояд ва 84 фоизашон ҷамъ 104, 4 млн. доллар грантҳои таълимии муассисаҳои таълими олии бонуфузи хориҷиро ба даст оварда, пеш аз муҳлат донишҷӯ  гардиданд. Дастовардҳои хатмкунандаи мактаби президентии шаҳри Намангон Гӯзалхон Ҳайдарова бошад, лоиқи таҳсин аст. Ӯ соҳиби гранти 100 фоизаи  донишгоҳҳои Garvard ва Princeton-и  ИМА мебошад, ки дар рейтинги дунё ҷойи 7-умро ишғол кардааст. Хатмкунандаи чунин мактаби шаҳри Тошканд Ҷаъфар Арифҷонов аз ин ҳам бештар муваффақиятро ноил гардид. Ӯ дар кишвари мо бори аввал  сазовори гранти муассисаи таълими олии California Institute of Texnology гардидааст, ки дар рейтинги ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.  
     Тавре ки маълум аст, дар низоми агентии муассисаҳои таълими президентӣ дар соли 2022  197-то ташкилоти таълимӣ фаъолият бурда бошад, соли 2023 дар назди Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ Агентии муассисаҳои таълими ихтисосонидашуда азнав ташкил ёфт. Шумораи ташкилотҳои оҷонсӣ бошад, ба 208-то расидааст, ки 14-тои он мактабҳои президентӣ мебошанд.
Ҳоло барои хонандагоне, ки дар чунин муассисаҳо илмомӯзиро мехоҳанд, шароити мусоид офарида мешавад. Хонандагон баробари мактабҳои президентӣ ба мактабҳои ихтисосонидашуда низ ҳуҷҷат супорида метавонанд, ки акнун аз онҳо анкета ва нусхаи гувоҳнома талаб карда намешавад. Тартиби қабули хонандагон ба ҷойи холии сонфҳои 6-11 ҷорӣ гардид. Дар натиҷаи такомул ва тағйироти озмуни мутахассисони хориҷӣ шумораи онҳо ба 64 нафар расид.
Ҳамаи ин тағйиротҳо ҷузъе аз ислоҳоти соҳа мебошанд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки пас аз кушода шудани чунин муассисаҳо нафақат дар қалби хонандагон, балки дар қалби падару модарон низ нисбат ба таълим «шавқмандии умумимиллӣ» пайдо шуд.
Беҳуда нест, ки давомнокии чунин саъю ҳаракат ба кас ифтихор мебахшад, чунки мақсади асосии мо рағбатноксозии фарзандонамон нисбат ба илмомӯзист ва барпо намудани пойдевори Ӯзбекистони Нав бо кадрҳои лаёқатманд мебошад. Тавре ки роҳбари давлатамон таъкид намудааст: «Барои чӣ ман ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб дар мактабҳои президентӣ кӯшиш менамоям? Чунки боварӣ дорам, вақте меояду аз байни писарону духтарони боиқтидорам насли муносиб ба бобоён ба воя мерасанд. Тарбия ва дастгирӣ намудани ҷавонони боумед дар дасти худамон  мебошад. Пас, барои донишандӯзии фарзандонамон ҳеч чизро дареғ надорем!».

Абдумалик АКРАМОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: