КӢ БА РАИСИИ МАҲАЛЛА МУНОСИБ?

Маҳалла маскани муқаддас буда, дар он арзишҳои инсонӣ инкишоф меёбад ва ҳамчун маъвои ибратбахш ва боиси ифтихормандии мардумони оддӣ дониста мешавад.

Аз ҳамин сабаб мардуми ҷаҳон таҷрибаи дар кишвари мо ривоҷёбии институти маҳалларо чун яке аз кашфиётҳои ноёб меҳисобанд, ки ин баҳои хеле баланд ва ҷоиз низ мебошад. 
Маълум аст, ки соли 2022 аз тарафи Президент Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол эълон гардид. Вобаста ба ин аз оғози соли 2022 дар сар то сари кишвар баҳри ривоҷёбии маҳаллаҳо як қатор дастуру фармоишҳои дахлдор низ ба имзо расид, ки ин бевосита баҳри беҳбудӣ ва боз ҳам обод гардонидани маҳаллаҳо нигаронида шудааст.
Алалхусус, дар арзи се моҳ ба маҳаллаҳо эътибори ҷиддӣ дода шуд. Баҳри боз ҳам рушд ёфтани маҳалла ёрдамчиёни ҳоким дар маҳаллаҳо таъин гардид, ки фаъолияти онҳо танҳо бо аҳолии маҳалла вобастагӣ дорад. Ин шахсони масъул бевосита паҳлу ба паҳлуи мардум истода, баҳри рушди иқтисодиёт ва беҳбудии маҳаллаҳо хидмат менамоянд. 
Бо баробари ин баҳри ҷавононро бо ҷойи кор таъмин намудан як қатор имтиёзҳо низ дода шуд. Чунончи, ба ҷавонон иҷора додани замин имконияти хубест барои онҳо. Имрӯзҳо ҳар як ҷавони соҳибақл агар нияти пеш бурдани соҳибкориро дошта бошад, барои ин дар маҳаллаҳо шароиту имконият мавҷуд. Ӯ баҳри ба амал баровардани ин нияташ бо лоиҳаҳои самарабахш роҳҳои рушди тадбиркориро бояд ҷустуҷӯ кунад. Ӯ метавонад бо гирифтани кредит бе ҳеҷ монеа ва фоизи кам дар андак муддат фаъолияти тадбиркориашро идома диҳад. 
Азбаски моҳи майи соли ҷорӣ интихоботи навбатӣ ба раисии маҳаллаҳо оғоз мегардад, хостем дар ин хусус чанд фикру ақидаи хешро иброз намоем. Суоле ба миён меояд. Кӣ ба раисии маҳалла қодир ва ё муносиб? Ба фикри мо, оне метавонад аз ӯҳдаи ин вазифаи сермасъулият барояд, ки дарҳақиқат таҷрибаи кофӣ дошта бошад, соҳибобрӯ, донишманд, иқтисоддон, равоншинос, дилёбу мардумпараст, кордону ташаббускор бояд бошад. Зеро бе надоштани ин гуна хислатҳо вай наметавонад бо мардум сару кор гирад ва ё чун раиси маҳаллаи номдор байни халқ шуҳрат ёбад. 
Рӯирост бояд қайд намоем, ки ҳукумати кишвар бисёр сарбориҳоро аз дӯши раиси маҳалла сабук намуд. Ин ба хотири чист? Албатта, аз раисони маҳаллаҳо талаб карда мешавад, ки танҳо бо аҳолии ҳудудашон сару кор дошта бошанд. Бар замми ин ободии маҳалла, гулу гулзор намудани гирду атрофи он, бо одамон ҳамеша дар мулоқот будан, дарду ташвиши мардуми маҳалларо дарду ташвиши худ донистан аз вазифаҳои аввалин ва пуршарафи ҳар як раиси маҳалла маҳсуб меёбад. 
Ҳамин тавр, баъди чанде ҳар яки мову шумо ҳуқуқи ба номзади арзанда овоз доданро пайдо менамоем. Биёед, бо дидаи ҳақбин, холисона баҳри фардои шукуфони маҳаллаи хеш ба номзадҳои арзандае, ки воқеан дар паҳлу ба паҳлуи мову шумо истода, дар ҳама ҳолат ҳозиру нозир ҳастанд, овоз бидиҳем.

С. МУҲАММАДҶОН, 
ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: