Дар вохӯриву мулоқотҳое, ки бо иштироки ҷавонон баргузор мегардад, мутасаддиён кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчи зудтар масъалаҳои марбут ба ҳаёти онҳо ҳаллу фасл карда шавад.
Дар вохӯриву мулоқотҳое, ки бо иштироки ҷавонон баргузор мегардад, мутасаддиён кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчи зудтар масъалаҳои марбут ба ҳаёти онҳо ҳаллу фасл карда шавад. Дар ин вохӯриҳо роҳҳои асосии ҳалли муаммоҳо баррасӣ мегарданд.
Дар ноҳияи Дӯстлики вилояти Ҷиззах наздик ба 300 нафар ҷавонони ноҳияҳои Дӯстлик ва Мирзочӯл ҷамъ омада, ба масъулон, роҳбарони секторҳо, иттифоқи ҷавонон, бахши вилоятии Агентии кор бо ҷавонон аз монеаҳое, ки садди роҳи фаъолияти соҳибкории онон мегарданд, гуфта гузаштанд. Бештари муроҷиати ҷавонон дар бораи гирифтани воми имтиёзнок барои фаъолияти тадбиркорӣ мебошад.
Дар ноҳияи Янгиобод бошад, қариби чил масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба якчанд нафар ҷавонон сертификати махсус, ки ҳуқуқи гирифтани кредити имтиёзнокро аз муассисаҳои молиявӣ дорад, тақдим карда шуд.
Ба иштирокчиён дар ноҳия таҳия ва танзим гардидани низоми махсуси кор бо ҷавононро дар соли 2021 маълум карданд. Дар Соли дастгирӣ намудани ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ гузаронидани чорабиниҳои ба ин монанд доман паҳн мекунанд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.