НАШРИ ОСОРИ МАВЛОНО ДАР АДАБИЁТИ АНГЛИСЗАБОН АЗ НАШРИ ОСОРИ ШЕКСПИР БОЛО РАФТААСТ

Шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273), ки аз даргузашташ ҳоло 750 сол сипарӣ мегардад, аз ҷумлаи он намояндагони адабиёт ва илми тоҷик аст, ки дар даврони муосир на танҳо дар Ватани худ, балки дар сартосари олам шуҳрати беандоза пайдо кардааст.

Ин дилбастагӣ ба шеъри Мавлоно беш аз ҳама дар миёни сокинони яке аз абарқудраттарин давлатҳои олам – Иёлоти Муттаҳиди Амрико ба мушоҳида мерасад, ки якчанд сабаб дорад.

Аввалан, тарҷумаи хеле ҷаззоби ашъори Мавлоно аз ҷониби Колман Баркс, ки дар китоби ӯ «Ҷавҳари Румӣ» (солҳои нашраш 1995, 2002) ҷамъоварӣ шудаанд, эҷодиёти ин шоири бузурги тоҷикро миёни мардуми на танҳо ИМА, балки тамоми кишварҳои англисзабон, аз қабили Англия, Канада, Австралия, Зеландияи Нав хеле маҳбуб гардонданд. Сониян, аз ҷониби муҳаққиқони ИМА якчанд таҳқиқоти бунёдӣ доир ба осор ва таълимоти Мавлоно ба анҷом расид, ки миёни онҳо асарҳои Ш. Фридлендер «Дарвешони чархон» (соли нашраш 1975), Ф. Д. Люис «Зиндагӣ, таълимот ва назми Румӣ» (соли нашраш 2000) ва Брэд Гуч «Асрори Румӣ: тарҷумаи ҳоли шоири суфии ошиқ» (соли нашраш 2017) аз тарафи хонандаи амрикоӣ ба хубӣ қабул шуданд.
Бояд зикр намуд, ки тарҷумони шеъри Мавлоно – Колман Баркс, ки худ низ шоир ва адабиётшинос мебошад, ба ин мутафаккир ва осори ӯ алоқамандии бузург дошта, на танҳо ашъорашро тарҷума мекунад, балки оид ба баъзе далелҳои тарҷумаиҳолии ӯ низ муносибати худро баён доштааст. Аз ҷумла, дар тарҷумаи русии китоби ӯ «Ҷавҳари Румӣ» зикр мегардад, ки Мавлоно дар як шаҳраки хурде бо номи Вахш (Тоҷикистони имрӯза), дар наздикии шаҳри  бузурги Балх (Афғонистони имрӯза) таваллуд шудааст». Бо номи Румӣ машҳур гаштани ин шоиру мутафаккири бузурги тоҷикро, ки миёни ҳаммиллатонаш бо номи Ҷалолуддини Балхӣ маъруф мебошад, К. Баркс бо он иртибот медиҳад, ки ин шоир фаъолияташро дар «Анатолияи романӣ, румӣ (Туркияи имрӯз)» гузарондааст. 
Колман Баркс бори аввал соли 1976 тавассути устодаш, шоири маъруфи амрикоӣ Роберт Блай (1926-2021) бо ашъори Мавлоно ошноӣ пайдо карда, минбаъд зиёда аз 13 маҷмӯаи хурду бузурги ашъори ин шоири тоҷикро аз «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» дар тарҷума ба забони англисӣ ба нашр расонд. Дар ин бора худи К. Баркс хоксорона нигоштааст: «Ман ҳам тарҷума кардани ашъори Румӣ ва ҳам таълифи осори худро дӯст медорам. Аммо, дар ҳолати аввал, яъне бо Румӣ будан, ман худам бояд маҳв шавам, дар ҳолати дуюм бошад, бояд худро, шахсияти худ, хурсандиҳо ва шарми худро баён созам... Ҳамарӯза дар олам садҳо китоби Румӣ дар тарҷумаи ман нашр мешаванд, аммо китоби ашъори худам ҳамагӣ то панҷ нусха дар як моҳ ба нашр мерасад. Чунин муқоиса маҷбур мекунад, ки хоксор бошӣ».
Бояд тазаккур дод, ки тарҷумаи ашъори Мавлоно ба забони англисӣ аз ҷониби К. Баркс боиси он гардид, ки дар охирҳои асри гузашта ва ибтидои асри навин дар адабиёти англисзабон нашри осори Мавлоно ҳатто аз нашри ашъори Шекспир болотар рафт. «Чунин ҳолат дар сесад соли охир мушоҳида нашудааст», – менависад дар ин бора муҳаққиқи русзабони муқими Амрико Сергей Сечив.
К. Баркс зикр мекунад, ки ҳангоми бори аввал ошноӣ пайдо кардан бо ашъори Мавлоно, ки бо забони хушки илмӣ аз тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума шуда буданд, устодаш Р. Блай таъкид дошта буд: «Ин достонҳо дар қафас мондаанд, онҳоро  бояд раҳо намуд». Ва хушбахтона, ба К. Баркс муяссар гардид, ки тавассути тарҷума байту сурудҳои Мавлоноро на танҳо аз қафаси забонӣ озод намояд, балки пардаи асрорро аз рӯйи онҳо бардорад, то хонандаи англисзабон аз ҳадафу мақсадҳои ин шоири шинохтаи тоҷик огоҳии бештар пайдо намояд. Минбаъд дар асоси ин тарҷумаҳо оҳангсозон ба шеъри Мавлоно мусиқӣ баста, онҳоро миёни мардуми амрикоӣ боз ҳам маҳбубтар сохтанд. Аз ҷумла, оҳангсози машҳури ИМА Филипп Гласс, ки равияи минимализмро дар мусиқии ғарбӣ намояндагӣ мекунад, дар асоси ашъори Мавлоно соли 1998 як опера бо номи «Ҳашамати шафқат» эҷод намуд, ки солиёни дароз дар саҳнаҳои Амрико онро овозхонони машҳуре чун Мадонна, Голди Хоун ва Деми Мур дар сатҳи хеле баланд ба  иҷро мерасонданд.
Ҳамзамон, бояд таъкид дошт, ки тарҷумаҳои К. Баркс махсусияти худро дорад, ки боиси маҳбубияти шеъри Мавлоно миёни амрикоиён гардидаанд. Ӯ ҳамчун тарҷумон бештар ба мундариҷаи ашъори Мавлоно таваҷҷуҳ кардааст, на шакли онҳо. Масалан, ӯ муҳтавои баъзе рубоиёти Мавлоноро на дар чор мисраъ, балки дар шаш ё ҳашт мисраъ баён сохтааст, ки хонандаи англисзабонро ин гуна муфассалӣ бештар бо ҳадафҳои Мавлоно ошноӣ медиҳанд. Ё худ, дар китоби тарҷумаҳои хеш К. Баркс ба ҳар як шеъри Мавлоно аз худ ном гузошта, онҳоро дар китобаш «Ҷавҳари Румӣ» ба 27 мавзӯъ гурӯҳбандӣ намудааст, ки дарки маънии ашъори Мавлоноро барои хонанда хеле саҳлтар менамояд. Ба қавли рӯзноманигори амрикоӣ Ҷей Кинни, «Румӣ, ки тавассути истеъдоди Колман Баркс аз нав эҳё шудааст, аз умқи қарнҳо гузашта, имрӯз ҳамзамони мо гаштааст».
Ба шаҳодати муҳаққиқони амрикоӣ, тарҷумаҳои К. Баркс, ки бо маҳорати хеле баланди шоирӣ сурат гирифтаанд, ашъори Мавлоноро дар ИМА ба як навъ эҷодиёти шифоҳӣ ё фолклор табдил доданд. Имрӯз ин ашъори тарҷумашударо «оммаи васеи ровиёни масеҳию яҳудӣ, занҳои аз хонашинӣ дилгиршуда, фолбинон, психологҳо, духтарони донишҷӯи танҳомонда иқтибос мекунанд,  ихтисор мекунанд, аз худ ба онҳо ҳусни нав изофа мекунанд» (С. Сечив). Ба ибораи дигар, тарҷумаи волои К. Баркс на танҳо мақоми шахсият ва осори Мавлоноро дар Амрико ва миёни халқҳои дигари англисзабон боло бурдааст, балки ин ҳамватани моро ҳамчун як шоири мардумии ҳамдарду ҳамроз дар дили сокинони ин қитъаи олам, ки мушкилоти зиёди равонӣ доранд, ҷовидона ҷой додааст. 

Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: