ҶОЙИ ХАЛҚҲОИ МО ДАР ТАЪРИХ ВА МАДАНИЯТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Халқҳои тоҷику ӯзбекро сарзамини мадании ягона, таърихи умумӣ ва риштаҳои хешу табории чандинасра бо ҳам мепайвандад.

Дӯстиву рафоқати қавии байни онҳо аз санҷиши ҳазорсолаи таърих гузашта, дар давраҳои гуногун муборизаҳое, ки бар зидди истилогарон бурдааст, обутоб ёфт. Суғдҳову бохтарҳо, фарғониву хоразмиён барои аҳолии бумии минтақаи мо аҷдодони умумӣ мебошанд.
Дар асрҳои II-I пеш аз милод дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ин мардумон умр ба сар мебурданд ва бо ҳам наздикшавии халқҳои тоҷику ӯзбек аз ҳамин давра оғоз ёфтааст. Масалан, давлати Қанг аз ҷиҳати этникӣ аз омезиши халқҳои турку суғд иборат буд.
Аз таҳлили корҳои таҳқиқотӣ ва манбаъҳои таърихие, ки то ба мо омада расидааст, олимон ба хулосае омадаанд, ки ҷараёни мураккаби бо ҳам наздикшавии турку суғд, ки дар Суғду Истаравшан, Шошу Фарғона ва Ҳафтрӯди Туркистони Шарқӣ ба вуқӯъ пайваст, барои этнофарҳанги умумии халқҳои тоҷику ӯзбек, ки дар қад-қади Роҳи бузурги абрешим умр ба сар мебурданд, ҳамчун асос хидмат кард.
Рушди баъдинаи муносибатҳои турку тоҷик дар давраи ҳукмронии Сомониён (асрҳои IX-X) ба назар мерасад, ки то ҳудудҳои Афғонистони Шимолӣ, Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказии имрӯзаро дар бар мегирифт. Аз байни намояндагони салтанати Сомониён, ба хусус аз даврони Исмоили Сомонӣ эҳёи маданияти форсу тоҷик оғоз ёфта, дар давоми асри X ба нуқтаи баланди худ расид, забони форсӣ бо шакли барқароргаштаи худ ба забони адабии олами исломи Шарқ баргашт, ки барои забони форсӣ-дарӣ-тоҷикии имрӯза ҳамчун пойгоҳ хидмат кард.
Ин давр эҳёи ҳақиқии исломӣ ба шумор меравад, ки ба олам асосгузори назми форсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи достони муаззами «Шоҳнома» Абулқосими Фирдавсӣ, олимони энсиклопедист Абӯрайҳони Беруниву Абӯалӣ ибни Сино ва дигар бузургони гуманистро парварид. Ин бузургмардон дар рушди муносибатҳои мардуми Осиёи Марказӣ бахусус, мардуми тоҷику ӯзбек нақши муҳим бозиданд. 
Дар даврони Қарохониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён, ки баъди Сомониён паси ҳам сари ҳокимият омадаанд, дар ҷараёни муносибатҳои бо ҳам наздикшавии ҳар ду халқ тағйироти ҷиддӣ рӯй надод.
Пас аз истилои муғул, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ду аср идома дошт, парокандашавӣ ба вуҷуд омад ва баъд аз он Амир Темур ҳокимиятро ба даст гирифт. Вақти ҳукмронии Амир Темур давраи барқароршавии фарҳанги моддиву мадании халқҳои тоҷику турк – эҳёи даври Темуриён ба вуҷуд омад. Шоиру донишмандони зиёд дар ин давра ба забони форсиву туркӣ эҷод карданд. Атоӣ, Саккокӣ, Лутфӣ барин намояндагони адабиёти турк баробари забони модариашон ба форсӣ-тоҷикӣ низ эҷод карданд. Намояндаи барҷастаи адабиёти тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва шогирди ӯ – асосгузори назми адабиёти классикии ӯзбек Алишери Навоӣ маҳз дар ҳамин давр пурмаҳсул қалам ронданд.
Олимон асрҳои XVI-XIX, ки дар ин давра дар минтақа ҳокимиятро хонигариҳои Қӯқону Хева ва аморати Бухоро сарварӣ кард, «даврони рукуд» меноманд, аммо дар ин давр низ дар соҳаи фарҳанг, ба хусус адабиёт ва меъморӣ дастовардҳои зиёд ба назар мерасанд. Дар минтақа анъанаҳои адабии форсу турк рушд ёфт. Муҳаммад Шайбонихон, Кӯчкинчихон, Убайдуллохон маърифатпарварони даври худ буданд. Дар вақти ҳукмронии онҳо дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд мударрису донишмандони бузург фаъолият бурданд. Бо фармоиши Кӯчкинчихон «Зафарнома»-и Шарофиддини Алии Яздӣ аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба туркӣ тарҷума карда шуд.
Халқҳои турку тоҷик баробари халқҳои дигари Осиёи Марказӣ бар зидди истилогарони Русияи императорӣ муборизаи шадид бурд. Дар паҳншавии ғояҳои истиқлолияти миллӣ ҷадидҳо – маърифатпарварони тоҷику ӯзбек нақши муҳим бозиданд. Қисми асосии ҷадидҳо дар ду забон эҷод мекарданд. Яке аз асосгузорони ҳаракати ҷадидиён Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ баробари намояндаи бузурги адабиёти ӯзбек будан, дар рушди адабиёти тоҷик низ нақши муҳим бозидааст. Абдурауф Фитрат низ дар ҳар ду забон эҷод кард. Ӯ муаллифи  асарҳои илмии «Грамматикаи забони ӯзбекӣ» ва «Грамматикаи забони тоҷикӣ» буд.
Соли 1991 баъд аз истиқлолиятро ба даст даровардан ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон роҳи манфиатбахши хоси худро интихоб намуданд. Аммо муносибатҳои байниҳамдигарии халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки ба робитаҳои маънавиву таърихии чандинасра такя менамуд, фақат дар панҷ соли охир дар асоси ҳамкорӣ, дӯстиву рафоқат ва боварии комил ба зинаи нави баланди худ расид. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба муносибатҳои дӯстии ҳар ду миллат чунин гуфта буд: «Халқҳои ӯзбеку тоҷик мисли ду шохи як дарахт, ду шохаи як дарё ба ҳам наздиканд. Дин, замин, оби мо яктост. Дар рӯзҳои неку бад мо якҷояем. Тақдири ягона моро ба ҳам наздик кард. Анъанаҳои аҷдодиро идома бахшида, дӯстии байни халқҳоямонро бояд мустаҳкам ва ҳифз  намоем».
Дар вақти сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи июни соли 2021 ба Тоҷикистон раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки «Оё тасаввур карда мешуд мушкилоте, ки дар давоми солҳо ҷамъ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ ҳаллу фасл гардад? Ба ин ҳатто созмонҳои байналхалқӣ бовар намекарданд. Имрӯз ҳамаи мушкилоти байни давлатҳоямон ҳаллу фасл гардид, дар байнамон боварӣ пайдо шуд. Ташаббускор ва «меъмори» чунин муносибатҳо муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад».
Имрӯз муносибатҳои байни давлатҳоямон ба зинаи нав баромад. Дар замони мураккаби имрӯза чунин муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ барои дӯстиву рафоқати байни кишварҳоямон ва бомуваффақият давом додани роҳи манфиатноки тараққиёти ҳар ду мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Алишер СОБИРОВ,
номзади илмҳои таърих,  
мудири шуъбаи Донишкадаи байналхалқии Осиёи Марказӣ.
Шӯҳрат ЭРГАШЕВ,
номзади илмҳои таърих,  ходими калони илмии Донишкадаи таърихи АУ Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: