Духтур аз Ӯзбекистон профессори донишкадаи тиббии бонуфузи Корея шуд

Мубодилаи мутахассисон ҷиҳати муҳими ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ мебошад. Ин аст, ки масъалаи такмили ихтисоси пизишкони ватанӣ дар хориҷ аз кишвар дар созишномаҳо ва гуфтушунидҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиб аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Натиҷаи ҳамин гуна ҳамкорӣ буд, ки доктори илми фалсафаи тиб, травматолог-ортопед Камолхӯҷа Эшназаров унвони илмии профессори Донишкадаи технологияи тиббии Теҷонро гирифт.

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара, ки чанде пеш таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ Амрилло Иноятов баргузор гардид, барои дастовардҳои илмию амалӣ дар соҳаи тиб, инчунин барои саҳмаш дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Корея, рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ ва таълими тиббӣ ба мутахассис шаҳодатномаи додани унвони дахлдор бо тантана супурда шуд.

Дар номаи расмии президенти Донишкадаи технологияи тиббии Теҷон Бюнг-Ки Ли, ки ба номи вазири тандурустии ҷумҳурӣ Амрилло Иноятов ирсол шудааст, зикр мегардад, ки Қ.Эшназаров дар донишгоҳҳои бонуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Корея, ба мисли Ёнсей ва Чоннам таҳсил карда,  зиёда аз бист мақолаи илмӣ дар якҷоягӣ бо профессорон ва олимони кореягӣ дар нашрияҳои асосии Амрико, Аврупо ва Осиё нашр шудааст, мунтазам дар конфронсу форумҳои илмии байналмилалӣ иштирок мекунад.

Донишкадаи технологияҳои тиббии Теҷон донишкадаи бонуфузест, ки ба таҳия ва татбиқи технологияҳои тиббӣ, инчунин омода кардани кадрҳои баландихтисос барои ин соҳа машғул аст, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: